Омӯзиши барномаҳои компютерӣ барои нобиноён дар маҳфили “Дастони моҳир”

Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи маҳфилу нишастҳои доимии худ, барои хонандагону муштариёни китобхона як қатор нишасту маҳофили диданиву шавқовар ба роҳ мондааст. Дар ин қатор маҳфилҳои тобистонаи “100 адиби дорандаи ҷоизаи Нобел”, “Сайри гӯшаҳои китобӣ”, “Хонандаи имрӯз – созандаи фардо”, “Муколамаи адабӣ”, “Кашшофони ҷавон” ва “Пурсиш ва посух” мунтазам баргузор гашта истодаанд.
Маҳфили “Дастони моҳир”-и шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд ҳам дар радифи ин маҳфилҳо фаъолият менамояд. Бояд гуфт, ки ин маҳфил ва маҳфилҳои дигари шуъбаи мазкур вижагиҳои ба худ хос дорад, зеро аъзоёни ин шуъба афроди махсусанд. Онҳо имкониятҳои маҳдуд дошта, табъашон низ хеле нозук аст. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда кормандон мекӯшанд ба ҳар як аъзои шуъбаашон диққати хос диҳанд, кӯмакашон кунанд.

Маҳфили “Дастони моҳир” ин навбат тасмим гирифт аъзоёнашро бо кор бо барномаҳои махсуси ёрирасон барои шахсони нобино ва биноияшон заиф ошно созад. Мавзӯи маҳфил ҳам чунин унвон дорад: “Омӯзиши барномаҳои компютерӣ барои нобиноён”. Дар маҳфил 20-нафар хонандагони шуъбаи зикргашта ширкат доштанд ва Шарипов Муҳаммадҷон – муаллими фанни информатика аз ММТУ №4 ноҳияи Шоҳмансур бо эшон дар мавзӯи “Омӯзиши барномаҳои компютерӣ барои нобиноён” суҳбат орост.
Муҳаммадҷон Шарипов низ худ аъзои шуъба аст ва бо камоли майл барои суҳбат ва омӯзиши аъзоёни Китобхонаи миллӣ ҷавоб гуфт. Ӯ ба иштирокдорони маҳфил дар бораи барномаҳои махсусе, ки баҳри кор бо компютер ва ҳамчунин ба воситаи телефон барои нобиноён ва шахсони биноияшон заиф коркард шудаанд, маълумот дод.
Барои истифодаи компютерҳо аз ҷониби нобиноён одатан вуруд-хуруҷ-и маълумоти Брайл ва нутқӣ истифода мешавад. Ғайр аз ин, панелҳои электромеханикии тактилӣ барои баровардани иттилооти графикӣ дар шакли ламсшаванда истифода мешаванд.

Омӯзгори ҷавон Шарипов Муҳаммадҷон ба шунавандагони хеш доир ба дистрибутивхои Linux, ки махсус барои нобиноён таҳия шудаанд – Oralux[en] ва Adriane Knорріх, гуфта гузашт. Инчунин дар бораи мавҷудияти бозии компютерии Nettack бо интерфейс барои нобиноён маълумот дод.
Ҳамзамон омӯзгор қайд кард, ки технологияи веб-и WAI-ARIA барои фароҳам овардани имконияти истифодаи интернет аз ҷониби шахсони нобино ва биноияшон суст мавчуд аст.
Муҳаммадҷон Шарипов ҳамчун омӯзгор ва як нафаре ки худ низ ба душвориҳои аз худ намудани ин барномаҳо як вақтҳо ру ба рӯ гаштааст, ба иштирокчиёни маҳфил роҳҳои осон ва дурусти истифодаи барномаҳои мазкурро бо лаҳни сода фаҳмонид. Ба суолҳои ҳозирин ҷавоб гуфта, барои мисол аз ноут бук ва телефон истифода намуд.
Ростӣ, суолҳо гуногун ва зиёд буданд. Миёни иштирокдорон нафароне ҳам буданд, ки аз ин ё он амали барномаҳои мазкур истифода мекунанд. Маҳз дар мисоли ҳамин шахсон ва аз таҷрибаи онон дигарон ба хулосае омаданд, ки онҳо низ метавонанд истифода аз барномаҳои мазкурро дар муддати начандон тулонӣ аз худ намоянд.
Дар идома, Муҳаммадҷон Шарипов барои ҳар як аъзои дар маҳфил ширкатдошта барномаро насб кардаву истифода аз онро бо мисолҳо фаҳмонид.
Дар фароварди маҳфил иштирокчиёни маҳфилро як пиёла чой ва ширинии лазиз интизор буд.
Махфират МУҲИДДИНОВА,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.