Омӯзиши таърих. Нақши келтҳо дар тамаддуни башар

КелтҳоКелтҳо қабилаҳои ҳиндуаврупоӣ мебошанд, ки аз нимаи аввали ҳазораи 1 то милод дар ҳавзаи дарёҳои Рейн, Сена, Лаура, болооби Дунай ва баъдтар дар ҳудуди ҳозираи Фаронса, Белгия, Швейсария, Австрия, шимоли Итолиё, шимолу ғарбии Испания, ҷазираҳои Британия (бриттҳо), Чехия, қисман дар Венгрия ва Булғория сокин буданд.

Келтҳо дар миёни румиҳо бо номи галлиҳо ва дар Осиёи Хурд ба унвони галатҳо машҳур буданд. Макони зисти таърихии онҳо Келтиберия буд. Машғулияти асосии онҳо кишоварзӣ, коркарди чӯбу пӯст ва кулолӣ буд.

Қисми зиёди шаҳрҳои имрӯзаи Аврупо, аз қабили Лондон, Порис, Бонн, Вена, Женева, Болоня, Лион, Лейден, Милан ва Белград аз ҷониби онҳо бунёд шудаанд. Келтҳо бо румиҳо, этрускҳо ва давлати Карфаген муносибати тиҷорӣ доштанд. Ҷамоаи келтҳо аз қабилаҳои гуногуни ҳелветҳо, белгҳо, секванҳо, лингонҳо, эдуҳо, битуригҳо, арвернҳо, аллоброгҳо, сенонҳо, траверҳо, белловакҳо ва ғайра иборат буд. Қабилаҳои шимолӣ дар ҷамоаи ибтидоӣ зиндагӣ мекарданд. Роҳбари қабилаи келтҳо – шоҳ ё пешво дар ихтиёри худ замин, ғулом ва хидматгорони бисёр дошт. Коҳинон – друидҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва динӣ таъсиргузор буданд.

Дар ибтидои асри 5 то милод келтҳо Галлия, мулкҳои шимоли Итолиё ва Испанияро ишғол карда, дар натиҷаи омезиш бо ибериҳо халқияти келтиберҳоро ташаккул доданд.

Соли 400 то милод Румро ишғол карданд: баъди 7 моҳ онҳо бо дарёфти фидияпулӣ шаҳрро тарк намуданд. Солҳои 283-191 то милод румиҳо мулкҳои шимоли Итолиёро ишғол карда, дар набарди назди Кластидиум (222 то милод.) келтҳоро шикаст доданд. Тохтутози келтҳо дар соҳили Дунай ва Балкан чанд аср идома ёфт. Келтҳо соли 280 то милод Фокидаро забт карда, дар набарди зидди иттиҳоди қабилавии этолийҳо ноком шуданд.

Баъди ишғоли Фракия ва Геллеспонт ба Осиёи Миёна роҳ ёфтанд. Соли 232 то милод шоҳи Пергам – Аттали 1 келтҳоро аз шимолу шарқи Осиёи Хурд хориҷ кард. Қисми зиёди мулкҳои келтҳо дар аҳди император Г. Ю. Сезар ва Август ба қаламрави империяи Руми Қадим тобеъ карда шуданд: онҳо дар ҳайати ин империя зери таъсири унсурҳои тамаддуни романӣ қарор гирифтанд. Қабилаҳои дигари келтҳо дар Британияи Кабир чанд муддат асолати худро ҳифз карданд.

Бозчоп: аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2022. – Ҷ.10. – С. 40.  Муаллиф: Я. Филипп.

Таҳияи Гулсара Толибова,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ