Омӯзиши забони англисӣ дар Китобхонаи миллӣ. Фурсатро аз даст надиҳед!

Омӯзиши забони англисӣ Забони англисӣ дар 45 кишвари дунё мақоми забони дуюми расмиро дорад. 85 дарсад конференсияҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳо забони англисиро истифода мекунанд. 400 миллион одам забони англисиро забони модарияшон медонанд. 90 дарсад иттилоъ дар интернет ба забони англисӣ пахш мешавад. 75 дарсад мактуб ва телеграмм ба забони анлиси навишта шудаанд. 50 дарсад забони маводҳои илмӣ ва техникиро англисӣ ташкил додааст. 597 курсҳои ройгони онлайнии донишгоҳҳои бузургу маъруфи олам ба забони англисӣ дастрасанд.

Инчунин забони англисӣ забони суҳбати байналмилалист, ки агар  онро донед, шуморо дар тамоми кишварҳо мефаҳманд. Бузургтарин ширкатҳои телевизиониву радиоӣ, мисли BBC, NBC, CBC, ABC ва  CBS, ки аз маъруфтарину баобрӯтарин шабакаҳо дар дунё шинохта шудаанд, ба ин забони пуриқтидор барнома пахш менамоянд. Миллионҳо нафар дар тамоми гӯшаву канори олам бинандаву шунавандаи доимии ин шабакаҳо ҳастанд.

Ҳар саввумин китоб дар ҷаҳон ба забони англисӣ нашр мешавад. Барои кормандони илмӣ, барномасозон ва баъзе намояндагони касбу кор донистани забони англисӣ ҳатмист. Зеро тақрибан тамоми ширкатҳои байналхалқӣ дар муошират забони англисиро истифода мебаранд. Ин ба конференсияҳои гуногун низ дахл дорад, чун тибқи омор 85 дарсади ширкаткунандагони конференсияҳо ба ин забон суҳбат менамоянд.

Аз ин рў, Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи омӯзишии забони англисиро барои хоҳишмандон ба роҳ мондааст. Ба хоҳишмандон устоди донишманду пуртаҷриба Миралӣ Шукуров, ки зинаҳои омўзишии забони англисиро, аз қабили “Beginer”,“Elementary”, “Pre-intermediate”,  “Uper-intermadiate”, “Advanced”, “Toefl” гузаштааст,  дарс медиҳад.

Дарсҳо ҳафтае се маротиба дар ду баст баргузор мегардад.  Рўзу соати дарсро хоҳишмандон метавонанд интихоб намоянд.

Барномаи омўзишӣ аз рўи китоби омўзишӣ барои хурдсолон Round-Up ва барои хонандагони синфҳои болоӣ аз рўи китоби Headway дар ду шакл: гурўҳӣ ва фардӣ (индивидуалӣ) ҷараён мегирад.

Агар шумо мехоҳед, ки аз донишгоҳҳои бузурги дунё ва ё онлайн курсҳои ройгон истифода баред, пас забони англисиро омўзед.

Фурсатро аз даст надиҳед!

Зимнан ёдовар мешавем, ки давраҳои омӯзишӣ барои забонҳои русӣ, олмонӣ, куриёӣ низ дар Китобхонаи миллӣ фаъоланд.

Шумо метавонед маълумоти бештару дақиқтарро бо воситаи телефонҳои:  221-04-10; 221 – 01 – 75 дастрас намоед.

 Раҳима БОБОЕВА.