Онҳо тавонистанд!
Бале, онҳо тавонистанд, ки бо шеъру таронаҳо ва ҳунару истеъдоди худ инсони комил буданашонро нишон дода, ба дилу дидаи мо ҷой шаванд.
Дар яке аз озмунҳое, ки дар шуъбаи хизматрасонӣ бо афроди дорои имконияташон маҳдуд баргузор гардид, ҳамчун яке аз аъзоёни ҳакамон иштирок намудам. Бовар кунед, дар чанд озмунҳо ширкат доштам, аммо дар озмун бо ширкати шахсони дорои имконияҳои маҳдуд бори нахуст будам ва аз самимият, хурсандӣ ва омодагии ин наврасони соҳибистеъдод хеле ҳаловат бурдаму худро хушбахт ҳисобидам. Ин қадар истеъдодҳои хубу нотакрор байни онҳо дида мешуд.
Аз садои шеъру сурудашон, ки бахшида ба Ватан, Модар, Пешвои миллат, Тоҷикистон шунида мешуд, буйи самимият, меҳру муҳаббат нисбат ба Пешвои худ, Модар-Ватани худ эҳсос карда мешуд. Дар шеърҳояшон дарду алам ва дили озурдаву қалби шикастаи худро хеле моҳирона тасвир мекарданд. Баъзеи онҳо гарчанде нобино буданд, ҳунарҳои дастии худро хеле зебо ва моҳирона тассавур мекарданд. Эҷодкор ҳастанд ва дар васфи Пешвои миллат шеър эҷод намуда, аз нибиноии худ афсӯс мехӯранд, ки кош бино мебудему қаду қоммати Пешвои худро, ғамхориҳою меҳрубониҳои Роҳбари давлатро медидем.
Даргузаши модар дили фарзандро реш-реш мекунад ва онҳо аз дурии модар, аз даргузашти модари ғамхор бо як сузу гудоз шеър мегуфтанд. Дар ҳар як қироати шеъру сурудҳояшон гиря маро гулӯгирам мекард…Вале боз пай мебурдам, ки сабр доранд ва боз шукрона мекунанд.
Ҳангоми арҷгузорӣ ба мо аъзоёни ҳакамон хеле душвор буд. Чунки яке аз дигаре хубтару беҳтар буд ва дили нозуку дардманди онҳоро ранҷонидан кори мо набуд. Бинед, ки онҳо омода шуда ба ин даргоҳи илму маърифат -Китобхонаи миллӣ омада, дар ин майдон баромада, маҳорати худро нишон доданд, ин худ аллакай ғолибият аст.
Дар озмуни “Мо метавонем” 12 нафар ғолиб шуморида шуд ва мо тасмим гирифтем, ки боз ба чор нафари дигар ҷойи ифтихорӣ диҳем ва боз ба чор нафари дигар аз номи Роҳбарияти Китобхонаи миллӣ тӯҳфа супорем.
Албатта мақсади мо танҳо саломатӣ, хушбахтӣ ва хурсании онҳост. Ҳар кас ҳам наметавонад, ки ба саҳна барояд ва ҳунари худро нишон диҳад. Бо шахсоне вохурдаем, ки ба ҳеҷ кори неке қодир нестанд, ба ҷуз аз дилозорӣ ва бекорӣ дигар коре надоранд ва ҳатман наметавонем мегӯянд. Аммо ин шахсон, бо ин имконоти маҳдуд доранд, тавонистанд ва нишон доданд, ки дар ҳақиқат онҳо метавонанд.
Онҳо метавонанд дар озмунҳои сатҳи Ҷумҳуриявӣ маҳорату истеъдоди худро нишон диҳанд ва ба қуллаҳои баланди санъати шеъру мусиқӣ ва ҳунари тоҷик бираванд ва барои дигарон ибрат шуда, фахри миллату давлати худ шаванд.
Кош, сафи чунин сарпарастони дарёдил зиёд мешуданду чунин озмуну маҳфилҳо барои ин қабил шахсон зиёд мешуд ва хотири онҳоро шод мегарданиданд.
Миннатдории худро ба сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони дорои имкониташон маҳдуд ва сарпарастони ин озмун мерасонам.
Фароғат Толибова
муовини сардори шуъбаи
феҳристнигорӣ