Онлайнсуханрониҳо дар Конфронси байналмилалӣ

Ҳамчуноне хабар дода будем, 12 –уми августи соли 2026 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон: абармарди сиёсат, ҳақиқатнигори таърих, ҳувиятофари миллат» баргузор гардид.

Дар ҷараёни конференсия намояндагони як қатор сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар таҳсилу фаъолият доранд, тариқи онлайн телемост ба кори ҳамоиш пайваста, доир ба мавзӯи конференсия андешаҳои худро иброз намуданд.

Аз ҷумла, намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар иштирокчиёни хориҷӣ перомуни нақши Пешвои миллат дар рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳон суханронӣ карданд.

Котиби якуми Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб Сабоҳиддин Ҳамидов тавассути телемост доир ба хидматҳои арзандаи Пешвои миллат дар густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои арабӣ андешаҳои худро баён намуд. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки сиёсати созанда ва таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти давлат ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар барои таҳкими робитаҳои байни мардумон заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Раиси ҷамъияти тоҷикони Имороти Муттаҳидаи Араб Иззатулло  Нуруллоев низ дар мавриди сиёсати инсонпарварона ва сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат андешаронӣ намуда, иброз дошт, ки тоҷикони муқими кишварҳои арабӣ бо таваҷҷуҳ ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои муҳими байналмилалӣ ва минтақавӣ фаъолияти давлатро пайгирӣ менамоянд.

Мавсуф махсус таъкид кард, ки ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус дар масъалаҳои об, ҳифзи муҳити зист, сулҳу субот ва рушди устувор, дар сатҳи байналмилалӣ дастгирии васеъ пайдо кардаанд.

Намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ низ тавассути телемост дар конференсия иштирок намуда, доир ба сиёсати хирадмандона ва сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат андешаҳои худро иброз доштанд.

Котиби якуми сафоратҶумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир Зафар Сафаров дар суханронии худ нақши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва рушди муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуда, зикр кард, ки намояндагиҳои дипломатии кишвар дар хориҷи Тоҷикистон сиёсати созанда ва инсонмеҳваронаи давлатро пайгирӣ намуда, барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ва таҳкими робитаҳои фарҳангиву иҷтимоӣ мусоидат менамоянд.

Дар идомаи конференсия Дагихудо Дагиев, устоди Муассисаи мутолеоти Донишгоҳи Лондон андешаронӣ намуда, ба нақши роҳбарияти Тоҷикистон дар раванди ташаккули давлатдории муосир ва барқарории сулҳу субот таваҷҷуҳ зоҳир кард.

Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон, ки кишвар бо мушкилоти ҷиддии сиёсиву иҷтимоӣ рӯ ба рӯ буд, роҳбарияти давлат барои ҳифзи якпорчагии кишвар, барқарории сулҳу субот ва бунёди давлати соҳибистиқлол талошҳои пайгирона ба харҷ дод.

Дар бахши дигари конференсия хатмкардаи барномаи магистратураи Донишгоҳи кӯҳкорӣ ва технологияҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин Раҳматуллоев Мансуршо Баҳромшоевич дар мавзӯи «Нақши сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди ҳамкориҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ва татбиқи ҳадафҳои миллии рушди кишвар» маърузаи пурмуҳтаво ироа намуд.

Вай масъалаҳои муҳимми ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, татбиқи лоиҳаҳои муштараки иқтисодиву иҷтимоӣ ва нақши сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими муносибатҳои стратегиро мавриди таҳлил қарор дод.

Ҳамчунин як қатор намояндагони кишварҳои хориҷӣ ва муҳаққиқон тавассути воситаҳои муосири иртиботӣ дар конференсия иштирок намуда, доир ба мавзӯи ҳамоиш андешаҳои худро пешниҳод карданд.

Пас аз шунидани маърузаҳо миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, масъалаҳои марбут ба давлатдорӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ, сиёсати хориҷӣ, ташаббусҳои байналмилалӣ ва нақши Пешвои миллат дар таҳкими ҷойгоҳи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар фарҷоми конференсия Қатъномаи конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ қабул гардид.

Ҳамоиш бо аксбардории хотиравии иштирокчиён, супоридани туҳфаҳои хотиравӣ ва гусели тантанавии меҳмонону иштирокдорон ба анҷом расид.

Шукрона ШЕРЗОДА,

мутахассиси бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.