Операсарои маъруфи тоҷик Владимир Каримов

Каримов Владимир ОдинаевичКаримов Владимир Одинаевич 29-уми ноябри соли 1950 дар н. Регар (ҳоло ш. Турсунзода) ба дунё омадааст. Сарояндаи операи шӯравӣ мебошад. Овозаш ғафси мардона (бас), диапазонаш васеъ мебошад. Соли 1988 ба унвони Артисти халқии ҶШС Тоҷикистон сазовор шудааст. Хатмкардаи Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе (1972) ва Консерваторияи давлатии Маскав (1977, синфи Е.Е.,Нестеренко).

Ҳунарпешаи Театри давлатии  академии опера ва балети тоҷик ба номи С.Айни (1977-81), Театри калони давлатии академии ИҶШС ( ҳоло Руссия, 1981-89). Соли 1989 ба хориҷи кишвар рафт ва соле пеш баргашт.

Нахустин нақши иҷрокардааш дар саҳнаи театри тоҷик  Мефистофел (операи “Фауст”-и Ш.Гуно) мебошад. Каримов аз санъати операи миллӣ ва ҷаҳонӣ партияҳои мураккабро бо маҳорати баланд иҷро кардааст. Беҳтарин партияҳои дар саҳнаи тоҷик иҷрокардаи Каримов: Ренэ, Гремин (“Иоланта”, 1977 ва “Евгений Онегин” –и П.И.Чайковский, 1979), Ферандо Рамфис (“Трубадур”, 1978; “Аида”-и Ҷ. Верди, 1979), Дон Базилио (“Сартароши севилӣ”-и Ҷ. Россини, 1978), амир (“Айнӣ”-и Ш.Сайфиддинов,1978),  Княз Игор, Кончак, (“Княз Игор”-и А. Бородин,1980) ва ғ.

Дар саҳнаи Театри калони ИҶШС Каримов малакаи ҳунариашро вусъат дода, нақшҳои нав офарид: Калхас (“Ифигения дар Авлид”-и К. Глюк, 1983), Борис Годунов (“Борис Годунов”-и М.П.Мусоргский, 1984, театри София), Фафнер (“Тилои Рейн”-и Р. Вагнер, 1984), Бедяй (“Гуфтор дар ҳаққи Китеж”- и Н.Римский-Корсаков, 1985) ва ғ.

Ба бисёр давлатҳои ҷаҳон сафарҳои ҳунарӣ дошт. Дорандаи ҷоизаи комсомоли ленинии ҶШС Тоҷикистон (1980), Озмуни дуввуми умумиитифоқии  ба номи Глиника (1979), дорандаи медали тиллои Озмуни якуми байналмилалии сарояндагони ҷавони опера дар София (Булғория ,1984) мебошад.

Бозчоп : Энциклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2020. – Ҷ.9. – С. 518-519.
Муаллиф: А. Шарипов.
Таҳияи Исмоилова  О.
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.