Орҳон Помук: Адибе, ки Туркияро ба нақзи ҳуқуқи курдҳо ва генотсиди арманиҳо гунаҳгор мекунад
Дар бораи Орҳон Помук зиёд навиштаанд. Бахусус баъди он ки соли 2006 Ҷоизаи Нобели адабиётро дарёфт кард. Адиби маъруфи турк, ки дар қалби Туркия зиндагӣ мекунад ва кишварашро ба генотсиди арманиҳо ва нақзи ҳуқуқи курдҳо гунаҳгор медонад. Ва борҳо барои чунин изҳори назарҳояш таҳдид шудааст, парванда боз кардаанд. Танҳо боре ҷарима шудааст, вале аз зиндонӣ кардани адибе, ки ҷаҳоншумул аст, худдорӣ мекунанд. Ва охирин бор барои таҳқири Отатурк ва парчами Туркия дар романи наваш, ки соли 2021 нашр шуд, ба ҷавобгарӣ кашиданд.
Нависанда, филмноманавис ва ходими ҷамъиятии турк Орҳон Помук 7 июни соли 1952 дар шаҳри Истамбул ба дунё омад. Вай барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 2006 мебошад.
Орҳон Помук бо изҳори назарҳояш дар бораи табъиди араманиҳо ва нақзи ҳуқуқи курдҳо дар Туркия машҳур аст.
Хатмкардаи донишкадаи рӯзноманигории Донишгоҳи Истамбул аст. Солҳои 1985-1988 дар ИМА зистааст ва дар Донишгоҳи Колумбия кор кардааст. Баъдан ба Туркия баргашт ва то соли 2007 дар Истамбул мезист. Баъди қатли мудофеи ҳуқуқи башари арманитабори Туркия Грант Динк ба Ню-Йорк баргашт.
Солҳои 1982-2001 бо номи Елена Турегина ҳамсари рус дошт, ки аз ӯ соҳиби як духтар мебошад. Дар бораи сабаби ҷудоии онҳо маълумоти дақиқ дастрас нест. Аз соли 2010 ҳамсари ӯ Асли Акяваш мебошад, ки солҳои пеш бо ӯ иртиботи наздик доштааст.
Мавзуи аслии эҷодиёти Помук зиддият ва муқовимати шарқу ғарб, ислом ва масеҳият мебошад. Яке аз ин асарҳо, ки ба муқовимат барои ғарбгароӣ ва исломгароӣ дар Туркияи муосир баҳсӣ шудааст, китоби “Барф” мебошад, ки 202 чоп шудааст.
Ҳодисаҳои ҳамаи повесту романҳои Помук дар Истамбул мегузаранд. Аз ҷумлаи ин асарҳо китоби “Истамбул. Шаҳри хотираҳо” мебошад, ки соли 2003 рӯи чоп омадааст.
Романи “Осорхонаи бегуноҳӣ”, ки соли 2008 чоп шудааст, воқеъияти замони гузаштаро инъикос менамояд.
Мавқеъи шаҳрвандии Помук ба ҳаде ҷанҷолбарангез аст, ки ӯро миёни оммаи васеъи хонандагонаш машҳур кардааст. Соли 2005 ҳукумати Туркия барои ҷумлае дар мусоҳибааш бо нашрияи швейтсарии «Das Magazin» ба додгоҳ кашид. Дар ин мусооҳиба вай мегуфт, ки “дар Туркия сӣ ҳазор курдҳо ва як миллион арманиҳо кушта шудаанд. Дар ин бора касе ҳарфе ба забон намеоорад ва маро аз он бад мебинанд, ки инро мегӯям”. Ин суҳбат боиси бадбиниҳо дар ҷомеаи Туркия шуд ва ӯро лозим омад муддате ба Амрико равад. Вале ба зудӣ ба ватанаш баргашт ва дар суҳбате бо ВВС гуфт: Он чӣ ба сари арманиҳо дар соли 1915 омад, аз миллати турк махфӣ нигоҳ дошта мешуд ва ҳарф задан дар ин бора аслан манъ буд. Аммо ҳоло замоне расидааст, ки мо бояд дар бораи фоҷеаи гузашта бигӯем.
Мурофиаи додгоҳии Помук борҳо аз вақт ба вақти дигар гузаронида шуд ва дар ниҳояти амр вазорати адлия аз даъвои худ гузашт.
13 декабри сиоли 2005 ҳашт нафар нависандагони маъруфи ҷаҳон: Жозе Сарамаго, Габриэл Гарсиа Маркес, Гюннтер Грос, Умберто Эко, Карлос Фуэнтес, Хуан Гойтисоло, Ҷон Апдайк ва Марио Варгас Люса ба ҷонибдорӣ аз Помук нома навиштанд ва хостори қатъи таъқиби адиб шуданд. Ниҳоят охиримоҳи марти соли 2011 як додгоҳ дар Истамбул Помукро ба андозаи 6 ҳазор лири туркӣ, муодили 3850 доллар ҷарима баст.
Соли 2021 барои таҳқири Отатурк ва парчами турк дар романи наваш бори дигар Помук ба ҷавобгарӣ кашида шуд.
Асарҳои “Хонаи оромӣ”, “Китоби сиёҳ”, “Рӯйҳои пинҳон”, “Ҳаёти нав”, “Номи ман сурх аст”, “Рангҳои дигар”, “Барф”, “Истамбул шаҳри хотираҳо”, “Осорхонаи бегуноҳӣ”, “Зани малламӯй” номи чанд асари муҳими Орҳон Помук мебошад.
Романи “Номи ман сурх аст” ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр шудааст.
Таҳияи Б.Шафеъ