Ортиқи Қодир: Ҳусни маънӣ нагузошт, ки аз ёд равад
Тоҷиддин Муҳиддинов бо садои ширину махмалинаш ва сурудҳои ҷолибу рўҳнавозаш аз овони бачагӣ дар зеҳни ман боқӣ мондааст. Ў ба суруду оҳангҳои нахустинаш, ки бо тор ва созҳои дигари миллӣ иҷро мешуданд, аз қабили «Хуморӣ мешавад», «Ёрам туро» ва ғайр ба зудӣ ба дили мардум роҳ ёфт. Баъдан эҷодиёти хешро ба жанри эстрада пайваста, доираи шўҳрату эътибор ва имкониятҳои ҳунарии хешро васеъ гардонд.
Ба ақидаи ман солҳое, ки Тоҷиддин Муҳиддинов, Муқаддас Набиева, Мағфират Ҳамроқулова, Умар Зиёев, Баҳодур Неъматов, Раҳима Шалоэр ва чанде дигарон таҳти роҳбарии шодравон Орифшо Орифов ҳунарварӣ мекарданд, давраи тиллоии фаъолияти ансамбли эстрадии «Гулшан» буд. Он марҳиларо бешак айёми эҳё ва гулгулшукуфии эстрадаи тоҷик номидан равост.
Танҳо як суруди «Эй санам» бо садои нотакрори Тоҷиддин Муҳиддинов ва рақси гулдухтарони ансамбли «Зебо» дар ҳавои он эстрадаи миллии моро дар бисёр мамолики Шарқу Ғарб шўҳртёр гардонд.
Садои махмалину марғуладори Тоҷиддин Муҳиддинов ҳатто пурҷилотарин ситораи эстрадаи Машриқзамин Аҳмад Зоҳирро низ мутаассир сохта буд.
Банда ифтихор доштам, ки дар бисёр барномаҳои ҳунарӣ, ҷашнвораву маҳфилҳои мухталифи милливу ҳукуматӣ ва базму маросимҳои мардум бо Тоҷиддин Муҳиддинов ҳамкору ҳамнишаст шавам. Дар ҳама ҷо ва дар ҳама ҳолат маҳбубияти ин ҳунарманди тавоноро байни мухлисон ва эҳтирому муҳаббати бепоёни мардумро ба ў мушоҳида мекардам. Ҳар шахсе, ки дар тўи фарзандонаш Тоҷиддин хидмат карда бошад, инро мояи ифтихори хеш медонист ва ҳар шаҳу арўсе, ки базми хонаободиашон бо садову ҳунари Тоҷиддин ороста мешуд, худро аз хушбахттаринҳо меҳисобиданд…
Ҳамкорӣ бо оҳангсозони варзида, интихоби шеъри равону баландпоя аз вижагиҳои эҷодиёти Тоҷиддин будаанд, ки бо тобишҳову ларзишҳои садои ширину гуворояш ба тавлиди суруди ноб, суруде, ки ба мардум ҳаловати рўҳӣ бахшида, ҳамзамон завқи ҷомеаро баланд бардорад, асос мегузошт. Бале, ў мисли як зумра овозхонҳои тўйгарди гурўхҳи кўчагӣ паи завқи пасти тўдае намерафт ҳеч гоҳ «Ака, мана донашўрак» ё «Хор хубай дўлона» намехонд, балки бо таронаҳои дилписанду рўҳнавози худ сомеону алоқамандони хунарашро ба дарки маъниву зебописандӣ ҳидоят менамуд.
Дар баъзе таронаҳояш шоҳбайтҳо ва байтҳои алоҳидаро дар фосилаи рез ё оҳанги маҳину лирикӣ бо садои зебову дилписандаш кироат мекард, ки аз ин таъсиру кайфияти суруд боз ҳам афзунтар мегашт.
Сурудҳои баланди лирикӣ дар қолаби оҳнгҳои милливу эстрадӣ, бадеҳаҳои ҷолибу шуниданӣ, махсусан бо ҳамовозии Муқаддас Набиева осори пурарзишу гаронмояи Тоҷиддин Муҳиддинов мебошанд, ки дар хазинаи радиову теллевизиони тоҷик маҳфузанд. Онҳо мактаби эҷодӣ ва сабку услуби хоси ҳунарии Тоҷикистонро барои имрўзиёну фардоиён муаррифӣ мекунанд ва бояд ҳамеша мавриди омўзишу баҳрабардорӣ қарор бигиранд, то насли нави ҳунармандони эстрадаи мо ба бегонапарастиву тақлидкорӣ рў наоранду чун Тоҷиддин Муҳиддинов ба олами ҳунару эҷод аз равзанаи ифтихори миллӣ назар андозанд.
Тоҷиддинро хурду калон меписандиданду дӯсташ медоштанд, ҳар як таронаи нав шўҳрату овозаи ўро афзунтар мекард.
Аз ин ҷо ҳасудону нотавонбинонаш низ кам набуданд ва қалби ҳассосу зебопарасташ аз хори забону теғи макри эшон озору ҷарҳатҳои зиёде бардошта буд.
Вақту мавридҳое ҳам расид, ки зоғ бо қар-қари худ дар гулистон қадр ёфту булбул дар харобазор хор гашт. Ин ҳолат дили наҷибу нозуки Тоҷиддинро фишор дода, бештар захмин намуд. Аз ҳама он захму озорҳо билохира қалби бузурги ҳунарманди нотакрори тоҷик аз таппиш бозмонд…
Чӣ илоҷ? Гӯё ба мардуми мо дуо рафтааст, ки дар вақти зинда буданашон ба қадри фарзандони фарзонаи худ намерасанду баъд аз маргаш навҳа мекашанд, ки бузург буд.
Рўзи маргаш на аз садову симо, на аз тариқи дигар расонаҳо ҷуз «Чархи гардун» сўгворие пахш нагардид. Чунин беэътиноиву носипосӣ нисбати ҳунарманди дигари маъруфу ҷавонмарг Тағоймурод Хушвахтови маъруф бо тахаллуси Қории ёвонӣ, низ эҳсос гардид…
Ончунон зӣ ки чу аз ҳодиса барбод равӣ,
Ҳусни маънӣ нагузорад, ки ту аз ёд равӣ.
Манбаъ: Ортиқ Қодир: “Ошёни меҳр”. Москва, 2007.
Таҳияи Саломат Яқубова,
сармутахассиси шуъбаи
хизматрасонӣ ба шахсони
имконияташон маҳдуд.