Ортиқ Қодир: “Хирадманд”

Ортиқ ҚодирАввали солҳои 80-ум (қарни ХХ) дар Театри ба номи устод Лоҳутӣ Шарофат ном зане дар сехи либос ба сифати ходими либоспўшон ба кор омад. Вазифаи ходимони сехи либос аз он иборат аст, ки чанд соат пеш аз намоиш либоси ҳунармандонро дар ҳолати тозаву дарзмолшуда ба пардозхонаҳо бурда меовезанд ва тақрибан як соат пеш аз намоиш ба либоспўшии ҳунармандон кўмак мекунанд ва баъди анҷоми намоиш либосҳоро ҷамъ карда ба сандуқҳо мегузоранд.

Дар театр либосҳои чиркиншударо ба сехи либосшўи бурда медиҳанд, аммо дар сафарҳои ҳунарӣ шустушўи либосҳои саҳнавиро ҳунармандон худ ба ҷо меоранд.

Қиссаи мо дар бораи Шарофатхон ном занест, ки дар сехи либоси Театри ба номи Лоҳутӣ то охири умри худ кор кардааст. Мегуфтанд, ки хонум Шарофат собиқ механизатори пешқадами яке аз хоҷагиҳои ноҳияи Ленин (ҳоло Рудакӣ) будааст, ки ҳатто ба узвияти ҳизби коммунист шомил гардидааст, аммо бо иллати гум шудани билети хизбӣ аз сафи он ронда шудааст. Ў бо сабаби он ки ба театр ва аҳли ҳунар эҳтироми вижа дошт, мошини пахтачиниро бо шуғли ходими театр иваз менамояд. Шарофатхон ўзбектабор буд, аз ин рў каме бо лаҳни (аксенти) туркӣ ҳарф мезад ва забони адабии тоҷикиро хуб намефаҳмид.

Дар яке аз сафарҳои ҳунарӣ ҳангоми либоспўшии актёрон, дар саҳнаи Кохи фарҳанги шаҳри Кўлоб, ки аҳли хадамоти театр серкортару пурташвиштар мешаванд, Шарофатхон сухане гуфт, ки барои атрофиён аҷиб ва ғайри чашмдошт буд.

Ту ҳам хирадманд шудаӣ, апаи Шарофат, – гуфт Лутфулло Давлатов.

Ман, ки он ҷо ҳозир будам, пай бурдам, ки Шарофатбону ба маънои вожаи хирадманд сарфаҳм нарафт ва ҳайратзадаву суоломез ба Лутфуллову атрофиён нигоҳ кард. Аз ин ҳолат таъҷилан истифода бурда ба сари Лутфулло «борони маломат» боридам.

–  Ту шарм намедорӣ, охир апаи Шарофат шояд ҳамсоли модарат бошад, ҳамеша хизмати моро мекунад, либосҳоямонро мешўяд, дарзмол мекунад, мепўшонад. Подоши ҳамин қадар хизматҳояш ин аст, ки ту шарму ҳаёро надониста, ўро «хирадманд» мегўӣ?! Ҳамин апаи Шарофат, ҳамин бевазани муштипар барои ту «хирадманд» аст магар?!

Ҳамагон ҳис карданд, ки Шарофатбону худро таҳқиршуда меҳисобид. Сафи «носеҳон»-и Лутфулло афзун гашт.

Ту, охир аъзои партия, наход коммунист дар ҳаққи як зане, ки коргари одӣ аст, ҳамин гуна таҳкирро раво бинад? – гуфт Убайдулло Раҷаб.

Оташи ғазаби Шарофатхон аланга зад ва шарораву шуълаҳои он ба сари Лутфулло бориданд.

Худат хирадманд, очет хирадманд, авлодат хирадманд! – гўён Шарофатхон дарзмоли дар дасташ бударо партофту гиряро сард дод.

Намекунам, корро бас карда меравам, – мегўфт ў.

Ҳар қадар, ки занҳо моҳияти гапро фаҳмонданӣ шуда, ўро ором кардан мехостанд, фоида надошт. Лутфулло ҳам ҳар қадар кўшиш мекард, ки апаи Шарофатро ором созад, ҳамон қадар дашному ҳақоратҳо ба сараш мерехтанд. Директори вақти театр Исо Абдурашидов ба миён даромада, Шарофатхонро ба сабру таҳаммул даъват кард.

Мо ин коммунисти ҷавонро дар маҷлиси партиявӣ барои туро «хирадманд» гуфтанаш муҳокима карда, ҷазои сахт медиҳем, – мегуфт Исо, – бюрои партиявӣ лозим шуморад аз сафи ҳизб меронем, шояд аз театр ҳам ронда шавад. Ҳамин намоиш ба хубӣ анҷом ёбад, баъд хоҳӣ дид, ки ўро чи хел ҷазо хоҳем дод.

– Чӣ хел забонат гашт-а, чӣ хел рўят шуд, ки ҳамин зани бечора, ҳамин бевазани муштипарро «хирадманд» гўӣ, – «тааҷҷуб” мекард Убайдулло Раҷабов.

Қисме аз «носеҳон» ба мисли Носир Ҳасанов, Саидмурод Мардонов, Бурҳон Раҷабов, Асалбек Назриев Лутфуллоро маломат мекарданду қисми дигар, махсусан гурўҳи занҳо, аз ҷумлаи Фотима Ғуломова, Гуландом Сафаралиева, Соро Сабзалиева ва дигарон Шарофатхонро ба оромиву сабру таҳаммул даъват мекарданд.

Шарофатбону бо вуҷуди механизатор, коргари одӣ буданаш ҳамчун собиқ узви ҳизби коммунист ба коммунисти ҷавон Лутфулло Давлатов раҳм карду ниҳоят ором шуд ва кори худро идома дод.

Хушбахтона, намоиш ба хубӣ анҷом ёфту дар паси саҳна Шарофатбонуро хандонду андаке хиҷолатзада дарёфтем. Маълум гашт, ки ў аз занҳо, махсусан, аз забони Фотима Ғуломова маънову муҳияти вожаи «хирадманд»-ро фаҳмидааст.

Худо раҳмат кунаду хонаи охираташ пурнур бошад Шарофатбонуро, ки зани бисёр хоксору меҳнатӣ ва ҳамзамон сода буд.

Ортиқ Қодир

МАНБАЪ:”Хотироти театрӣ”. Муаллиф Ортиқ Қодир. Душанбе, “Адиб”, 2025.

Хоҳишмандон ин китоби хеле хубу шавқоварро маетавонанд дар толори хониши шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар бихонанд.

Таҳияи Сафармоҳ ШЕРАЛИЕВА,
корманди шуъбаи адабиёт доир
ба фарҳанг ва ҳунар: