Орзуи ман, касби ман, ифтихори ман, ҳама аз Истиқлол аст

Фароғат ТолибоваСолҳое, ки  хурд  будам, китобу китобхонӣ  ва  шеъру  сурудхониро  хеле  дӯст  медоштам.  Дар  он  солҳо  вазъи  кишвар  ноором  буд. Бародар  бародари  худро мекушт. Хуни  ноҳақ  мерехт. Тоҷик  бар зидди  тоҷик меҷангид. Гиряҳои дардноки модари тоҷик  ба  фалак  расида  буд. Ҷангу  нооромиҳои солҳои  навадуми  асри  гузашта тамоми   шохаҳои  давлатдорӣ   ва истеҳсолиро  фалаҷ  карда  буд. Орзу  мекардам, ки дар Тоҷикистони азизам тинҷию амонӣ  ҳукмфармо бошад. Орзу доштам, ки донишҷӯ ва соҳиби  касб  шаваму  ба ватани  азизам  хидмат   кунам. Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  роҳҳои  расидан  ба  истиқрори  сулҳ  ва  ваҳдати  миллиро ҷустуҷӯ  мекард.

Марди фарзонаи  миллат, шахси ватандӯсту ватанпарвар  ва сулҳовар Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон қасам ёд карданд, ки ба кишвари  азизамон  сулҳу амният ва тинҷию оромӣ  меоранд.  Сарвари  давлат  пайваста  талош  меварзиданд,  кӯшиш  мекарданд, ҷони худро дареғ надошта заҳмат мекашиданд, ки то осудагию оромӣ  дар  саросари  мамлакат  ҳукмфармо  гардад.

Ҳарчанд баъди ба даст  овардани  Истиқлол  сарзамини  моро  нобасомониҳо  фаро  гирифта   бошад   ҳам, тавассути  хидматҳои  падаронаи  фарзанди  фарзонаи  миллати  тоҷик  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ-Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  ин  нобасомониҳо ба поён расид. Дигар  ашкҳои  ҷонгудози  модарони  дилшикаста  ба  гӯш  намерасид. Модарони  мо бо дидани  Пешвои  муаззами  худ танҳо ашки шодӣ  мерехтанд. Садои хандаи тифлакон  ба гӯш мерасид. Садои  шеъру  суруд  ва  мусиқӣ  баланд  мешуд.

Дигар  қатраи  хунро  дар замин   намебинем, балки  Ватани  худро дар оғӯши гулу гулзор ва дарахтзор мебинем. Пешвои  муаззами  мо  ба  Тоҷикистон  сулҳ  овард. Боз  кишвари  азизи  мо   рӯ ба  пешравии  иқтисодӣ- иҷтимоӣ  ва  фарҳангӣ  овард, ки  ватани  худро соҳибӣ  кунем, давлатдории  миллии  хешро  барпо намоем.  Суннату   арзишҳои   миллиамонро эҳё  созем, ормонҳои деринаи  халқамонро  амалӣ гардонем ва зиндагии  озодонаи худ  ва  дигаронро  ба  роҳ  монем.

Салом! Эй Пешво, марди  Худодод,
Бикардӣ  аз сари  нав  кишвар обод.

Ҳама  аҳсан,  ҳама  хонем  таҳсин,
Ба  он   фарзонамодар, ки  туро зод.

Истиқлол ба ман ман низ шароитро фароҳам овард, ки  орзуҳои    деринаи  худро  амалӣ  гардонам. Хушбахтона,  бо гузашти  вақт  бо  дуои  неки  падару  модари  бузургворам ба  Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъъат  ба  номи  Мирзо  Турсунзода  дохил шуда, соҳиби  номи  донишҷӯ  гаштам. Баъди  интизориҳои  зиёд  хурсандии   ман  ҳадду  канор  надошт. Аз хурсандӣ  ашк рехтам, ашки шодӣ. Шукрона  мекардам , ки  ба ин  рӯзҳо  расидам. Боз  ҳам дилам ба зиндагӣ  гарм  гашт, худро  чун  парандае, ки нав ба парвоз мебарояд, тасаввур  кардам. Касби пуршарафи китобдориро  сазовор  гардидам. Беҳтарин  рӯзҳои  хурсандии  ман  буд, ки  интизор мекашидам.

Соли  2012  бо  ташаббуси   Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомали  Рахмон даргоҳи  илму  маърифат, хазинаи хираду дониш  Китобхонаи  миллии  Тоҷикистон  боз ва  озмун  эълон  шуд.  Дар ин озмун  иштирок  карда, хушбахтона  ба кор қабул гаштам. То ҳол ман дар  шуъбаи  феҳристнигорӣ,ки ин шуъбаро  калиди  Китобхона  меноманд, фаъолият  дорам. Шукрона , ки дар  фазои  тинҷиву  оромӣ  ва  сулҳу  субот  бо шахсони   бофарҳанг,  занони  ғамхору  дилсӯз  кору  фаъолият  мебарам.

Мо  31- умин  солгарди  Истиқлоли давлатиро  бо шукӯҳу  шаҳомати  баланд ва ифтитоҳи боз як  боғи фароғатӣ  ва таърихи  гузаштагон  ва рамзи  пуршукуҳи  истиқлолияти  миллӣ  “Майдони  Истиқлол”  таҷлил кардем. Ба дастовардҳои  зиёде  ноил  гаштем. Меарзад барои  ин қадар  заҳматҳои  беш аз 30- солаи  Пешвои   ғамхори  худ   аҳсан  гӯем  ва  шукрона  кунем. Истиқлолият  барои  мо  рамзи  олии Ватану  ватандорӣ, бузургтарин  неъмати давлатсозию давлатдорӣ, идеалу  ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони  мутамаддин пайвастани  кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон  мебошад. Тамоми сокинони  кишвари озоду ободи мо  имрӯз ифтихор доранд, ки  30 сол қабл нахустин хиштҳои пойдевори  истиқлолияти  воқеӣ  ва давлатдории  миллиро ниҳода, аз шарофати  мустақилият соҳиби  рамзҳои  давлатӣ-Парчам, Нишон ва Суруди  миллӣ гардидем.

Хушбахтии  мо занон ва модарон  низ дар он аст, ки  дар ин айёми оромию осудагӣ зиндагӣ ва фаъолият дорем.

Бале ,ин фарзонамарди  миллат  тавонист, ки   ба  Тоҷикистони  азизамон сулҳ оварад , хушбахтӣ оварад. Дар ҳақиқат сабру  таҳаммул , меҳнату  заҳмати  ҳалол самар медиҳад, нияти нек ва  орзуҳои   нек ҳамеша  амалӣ  мегарданд.

Нурест  ба дидагони  мо  Истиқлол,
Зуре ба тану  равони  мо  Истиқлол.

Як  миллати  пошхӯрдаро  ҷамъ овард,
Пайвандгари  ҷахони  мо  Истиқлол.

Фароғат Толибова,
муовини сардори
шуъбаи феҳристнигорӣ.