Орзуи шашсолаи Назокатхон Латифова – довталабе,  бо амри тақдир нобиност…

Назокатхон ЛатифоваДавоми ҳафтае, ки шаҳомати “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар Китобхонаи миллӣ ҳукм меронад, танҳо ва танҳо бо онҳое вомехӯрем,ки китобдӯстон ва дар дилашон шавқу ҳаваси беандоза ва шеъру адаб дорад. Хеле хушоянд аст, фазои Китобхонаро танҳо дӯстдорони ҳақиқии китоб  зеб медиҳад. Дар номинатсияҳои алоҳида Озмун ҷараён дорад…Довталабе дар номинатсияи адабиёти муосири тоҷик диққати ҳакамон ва тамошобинонро ба худ ҷалб кард. Бо садову тарзи қироат махсус ва андешаронии хос. Ӯ Назокатхон Латифова буд. Назокат бо амри тақдир нобиност,  вале ин барои ба орзуҳояш расидан монеъ нашуд. Ӯ аз хурдӣ талош мекард, то илм омӯзад, касб аз худ кунад то дастнигари касе нагардад.

“Вақте ки Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғ…”-ро соли аввал эълон карда буданд, ҳамон замон шавқ дар дилам пайдо шуда буд. Ҳар сол мехостам ширкат кунам, аммо бо сабабе наметавонистам. Аммо омодагӣ медидам, аз китобонаи вилоятии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ адабиётҳоро дастрас мекардем. Ҳамроҳи модарам. Модарам такягоҳу асои ман аст (бо эҳсос нақл  мекунад). Ҳамингуна  ба ҷамъияти нобиноёни шаҳри Хуҷанд аъзо шудам ва тамоми китобҳое, ки дар шалки брайлӣ (брайл- махсус хате,ки шахсони нобино тавассути ламс кардан онро мутолиа мекунанд) буд мехондам. Баъдҳо модарам бароям, китоб мехонд. Китобҳои савти ҷустуҷӯ кардам ва ҳамеша мехостам, орзуи бузурги дили кӯчакамро амалӣ кунам. Ин орзуи ягонаам ширкат дар Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” буд. Имрӯз хеле ва хеле хушбахтам чун ба орзуи шашсолаи худ расидам”- нақл мекунад Назокат Латифова довталабе,ки дунёро бо чашми дил менигарад.

Назокатхон бо кӯмаки модар (Маҳмудова Гулшан) ва омӯзгораш барои даври ниҳоии Озмун 2736 мисраъ осори назмӣ аз ҷумла 115 ғазал, 51 рубои ва дубайтӣ, 200 байт достон ва 145 асар аз осори насрӣ аз ҷумла 87 ҳикоя, 27 повест, 22 роман, 6 Ёддошт, 3 очерк, ва 2 қисса аз худ намудааст.

Занони сабзбаҳор”-и Гулрухсор Сафиеваро вақте бо ҳуруфи брайлӣ дар Ҷамъияти нобиноёни шаҳри Хуҷанд мехондам, дар сарам андешаи Озмун ва иштирокам омад. Дубора хондам ва эпизодҳоро барои худам дар хотир гирифтам”- мегӯяд, ҳамсуҳбати мо.

Назокат аз рӯзи аввали Озмун ҳамарӯза дар толори алоҳида, менишинад ва баромади довталабонро гӯш мекунад. Ӯ бисёр бо ҳавсала аз ину он китоби хондааш ба мо қисса кард. Назокат гуфт, ман ҳам аъзои Китобхона миллӣ  ва ҳам аъзои шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд гардидам. Вақтҳои холиамро чанд рӯз мешавад, дар шуъбаи мазкур мегузаронам.

Ин довталаб мегӯяд, ҳамаи адабиёти дар шуъбаи шуъбаи хидматрасӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхона, ки бо хати брайлӣ баргардон шудаанд, мутолеа кардаам. Ӯ ҳамчунин миннатдории худро сардори ин шуъба Саодат Набиева изҳор дошт, ки ба ӯ як адад (перебор ва графили) дафтару ручкаи махсусе, ки бо он нобиноён менависанд, нав тақдим намудааст.

Ба Назокатхон,ки бо талошу кӯшиши зиёд то даври ниҳоӣ омадааст ва намунае аз беҳтаринҳои “Фурӯғ…” маҳсуб меёбад дар кору зиндагӣ, таҳсил ва орзуҳояш барор таманно мекунем. Инҳо ҳақиқатанд, дурдонаҳоеанд, ки “Фурӯғи субҳи доноӣ…” онҳоро ҷилва медиҳад.Имкон меёбанд, то худро биозмоянд ва ба мақсуд бирасанд…

Суҳбаторо Наргис НАЗАРЗОДА