Ошноӣ бо Мулло Нозими Ҳиравӣ

Маҷмӯаи камолот буда, дар хидмати Аббосқулихони Шомлу, ки дар замони шоҳ Сулаймони мағфур бегларбегӣ ба истиқлоли Ҳирот буд, ба сар мебурд ва хони мазбур камоли муроот нисбат ба вай мефармуд. Маснавии  «Юсуфу Зулайхо»-ро ба фармудаи он хони волошаън гуфтаву доди суханварӣ дар он дода. Дар муддати чаҳордаҳ сол [онро] ба итмом расонидааст. Агарчи шоирона воқеъ шудаву дақоиқи маротиби суханвариро дар он маръӣ дошта, лекин аҷаб меояд, ки баъд аз Мавлавӣ Ҷомӣ муртакиби гуфтани он қисса шуда ва ин айни бемурувватист, чи он нафсро аз куҷо метавон овард?! Наъам, мо қила:

Агарчи шоирони нағзгуфтор

Зи як ҷоманд дар базми сухан маст,

Вале бо бодаи баъзе ҳарифон

Фиреби чашми соқӣ низ пайваст.

Мабин яксон, ки дар ашъори ин қавм

Варои шоирӣ чизе дигар ҳаст.

Ҳамоно маснавии Мавлавӣ Ҷомӣ ба он мағфур нарасида бошад ё ин шеваро аз Мулло Ҳотифӣ омӯхтааст, ки аз фарти беҳаёӣ дар ҳузури Мавлавӣ, баъд аз он ки Мавлавии марҳум маснавии «Лайлию Маҷнун»-ро фармуда буданд, вай низ гуфтаву тафзеҳи худ намудааст. Ҳар гоҳ Ҳотифӣ бо вуҷуди қаробату мусоҳабату ниҳояти бемоягӣ муртакиби ҳаракати казое шавад, агар Нозимои мазкур бо буъди замону камоли суханварию моядорӣ иртикоб ба чунин амре намуда бошад, чӣ истеъдод дорад?

Ҳаққи воқеъ ин аст, ки маснавии Нозимо дар ниҳояти хубию устодӣ воқеъ шуда, лекин бо он чи боло илтимос намуда, чӣ бояд кард, ки надорад ва он ихтиёрӣ нест, ба ҳар кӣ доданд, доданд.

Ва ин абёт аз ғазалиёти ӯст:

Номи ман ҳар кӣ барад, ҳарфи ту ояд ба забон,

З-он ки маънӣ касе аз лафз ҷудо нашнидаст.

***

Мо кор надорем на бо ғунча, на бо гул,

Дилтангии мо ғунча, парешонии мо гул.

***

Чароғ аз тирагӣ дар кулбаи ман

Чу мадди заъфарон бар рӯйи зангист.

***

Гар маро имрӯз сомон дод гардун, муфт ӯст,

Баски муҳтоҷам, ба як динор Қорун мешавам.

***

Онон, ки ношто майи сарҷӯш мекашанд,

Маъшуқро бараҳна дар оғӯш мекашанд.

***

Чароғе бар сари хоки иҷобат мебарад оҳам,

Умеди як нафас ҳамроҳӣ аз боди саҳар дорам.

***

Беқарорӣ узв-узвамро ба коми дил расонд,

Захми теғат бар танам чун моҳи нав бисёр шуд.

***

Шӯхе, ки бувад фитна ба қурбони нигоҳаш

Бебокии ман бин, ки гирифтам сари роҳаш.

***

Хуб ҷоест ҷаҳон, аҳли ҷаҳон хуб наянд,

Ҳайф аз ин хонаи обод, ки пур вайрон аст.

Аз “Риёз-уш-шуаро”-и Волаи Доғистонӣ.

Таҳияи Мадина Ҳамидова,

мутахассиси пешбари шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ.