Ошноӣ бо «Ғурару-с-сияр» ё “Шоҳнома”-и Саолибӣ

«Ғурару-с-сияр», номҳои дигараш «Таърихи Саолибӣ», «Шоҳномаи Саолибӣ», «Ғурару ахбори-л-мулук ва сияриҳим», «ал-Ғурар фӣ сияри-л-мулук ва ахбориҳим», «Ғурар ахбори мулуки-л-Фурс ва сияриҳим», «Ғурару сияри-л-мулук ва ахбориҳим», таърихномаи умумиест аз таърихнигор ва адиби форс-тоҷик Абумансур Абдулмалик ибни Муҳаммад Саолибии Нишопурӣ. Баъзе донишмандон таълифи «Ғурару-с-сияр»-ро ба Ҳусайн ибни Муҳаммади Марғинӣ нисбат медиҳанд.

«Ғурару-с-сияр» дар дарбори Ғазнавиён бо дастури амир Абулмузаффар Наср ибни Носируддин – бародари Султон Маҳмуди Ғазнавӣ дар чаҳор ҷилд ба забони арабӣ навишта шуда, то имрўз ду ҷилди он дастрас аст. Дар ҷилди аввали «Ғурару-с-сияр» таърихи Эрон аз замони Каюмарс то барафтодани давлати Сосониён, дар ҷилди дуюм саргузашти шоҳон, пайғамбарон, фиръавнҳо, хонадони банӣ Исроил, Ҳимяриён, таърихи Рум, Ироқ, Шом, Ҳинд то валодати ҳазрати Муҳаммад (с), хулафои рошидин, Умавиёну Аббосиён ва вазирону ҳокимони онҳо, Абумуслим, Бармакиён, Тоҳириён, Саффориён, Сомониён, оли Ҳамдон, Бувайҳиён оварда шудаанд. Дар  «Ғурару-с-сияр» таърихи асотирии Эрон, таъриху достонҳои паҳлавонӣ бо иштироки Рустаму Исфандиёр, Сиёвуш, воқеоти замони шоҳони Сосонӣ – Баҳроми Гўр, Анўшервон ва достони Хусраву Ширин батафсил шарҳ ёфтааст. Маъхазҳои «Ғурару-с-сияр» дар баёни таърихи Эронзамин: «Худойнома», «Ойиннома», «Тоҷнома», «Шоҳнома» ва ғайра.

Манбаи «Ғурару-с-сияр» будани «Шоҳнома»-и Абумансурӣ ё Фирдавсӣ дақиқ нест, чунки дар дастнависҳои «Ғурару-с-сияр» номи Фирдавсӣ дида намешавад, вале аз таҳқиқоти донишмандони Эрон А. Парешрўй ва М. Равшан бармеояд, ки «Ғурару-с-сияр» ва «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ бо вуҷуди тафовутҳо (ба назар нарасидани баъзе лаҳзаҳо, тасвир нашудани баъзе ҳодисаҳову рўйдод гоҳ дар яке ва гоҳ дар дигаре) умумияти назаррас доранд. Аз баъзе ҷумлаву ибораҳои монанди ҳар ду асар аён аст, ки онҳо тарҷумаи арабии ҷумлаву ибораҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ мебошанд.

Дар бахшҳои марбут ба таърихи кишварҳои араб Саолибӣ аз «Таъриху-р-русул ва-л-мулук»-и Табарӣ, «Таърихи Балъамӣ», осори Ибни Хурдодбеҳ, Муқаддасӣ ва дигарон истифода бурдааст. Аз «Ғурару-с-сияр» ду нусхаи хаттӣ яке дар китобхонаи Иброҳимпошо дар Истанбул (таҳти рақами 916) ва дигаре дар Китобхонаи миллии Порис (таҳти рақами 5053) маҳфуз аст.

Порае аз ҷилди севуми «Ғурару-с-сияр» дар китобхонаи Бодлеани Оксфорд нигаҳдорӣ мешавад. Пас аз тарҷумаву нашри «Ғурару-с-сияр» бо забони фаронсавӣ аз ҷониби донишманди фаронсавӣ Ҳ. Зотенберг (Порис, 1900) бар асоси он дар Теҳрон бо номи «Таърихи ғурару-с-сияр» чоп шуд (1963).

«Ғурару-с-сияр» асари таърихист, вале нисбат ба дигар асарҳои монанди худ бадеъияти баландтар дорад. Муаллиф дар 57 маврид ашъори шоирони арабизабонро дар шарҳи ин ё он воқеаи таърихӣ, дар ҳоли монанд будани мазмуни ашъор бо гуфтор ва кирдори қаҳрамонон зикр кардааст. Баъзе аз ин ашъор дар тазкираи Саолибӣ «Ятимату-т-даҳр» ба назар мерасанд. Дар «Ғурару-с-сияр» калимаҳои фаровони форсӣ – арабӣ истифода шудаанд.

 Дар Эрон се тарҷумаи форси «Ғурару-с-сияр» – «Шоҳномаи Саолибӣ дар шарҳи аҳволи салотини Эрон» (1909 ва 2007), «Таърихи Саолибӣ, машҳур ба «Ғурар ахбори мулуки-л-Фурс ва сияриҳим» (1990) ва «Шоҳномаи куҳан. Порсии таъриху ғурару-с-сияр» (1994) ба табъ расидаанд. Тарҷумаи севуми «Ғурару-с-сияр» дар таҳияи Н. Зоҳидов ба алифбои кирилликӣ чоп шуд (2014).

                  Бозчон аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.5. – С. 144.

                 Муаллиф: С. Шаҳобуддинов.

              Шарҳ: “Шоҳнома”-и Саолибӣ аз силсилаи “Тоҷнома” соли 2014 аз ҷониби Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар баргардон сарсухану таълиқоти Низомиддин Зоҳидов чоп шуд. Хонандагон азиз онро метавонанд дар ҳамаи толорҳои хониш фармоиш ва мутолиа намоянд.

Гунаи электронии онро аз ин ҷо метавонед бихонед: “Шоҳнома”-и Саолибӣ. 

Таҳияи Ҳусния Назарова

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ