Ошноӣ бо фалсафаи Кангилем. Кист ӯ?
Кангилем (Canguilhem) Жорж (4.6.1904 – 11.9.1995, Фаронса), файласуфи фаронсавӣ, бунёдгузори «таърихи маърифатшиносӣ». Кангилем ҳамроҳ бо файласуфони фаронсавӣ Г. Башляр, Ж. Кавайес, А. Койре, М. Фукова Л. Алтюссер ба равияи наздик ба фалсафаи сохторгароӣ (структурализм) мансуб буда, муқобили фалсафаи вуҷудгароӣ аст.
Масъалаи асосии ин равия ақлгароӣ ва таҳаввулоти таърихии он мебошад. Кангилем худро шогирди Башляр медонад ва андешаҳои асосии ӯро рушду равнақ бахшидааст. Дар таълимоти Кангилем назарияи рушди илм, монанди устодаш, хусусияти зиддимусбатгароӣ дорад, ки аз дисконтинуализм (номуттасилӣ) ва дигар дастурҳои Башляр маншаъ мегирад.
Кангилем ба ин назар аст, ки таърихи илм ҳамчун жанри адабиёти илмӣ пеш аз маърифатшиносӣ ё назарияи танқидии дониш ташаккул ёфтааст. Барои Кангилем таркиби назариявии илм муҳимтар мебошад. Ӯ мегӯяд: «Таърихи асбоб (воситаҳои ба даст овардани илм) ва академияҳо он гоҳ таърихи илм мешаванд, ки дар вазифа ва таъйиноташон бо назарияҳои илмӣ пайванд шаванд».
Таҳқиқоти бунёдии Кангилем дар бораи таърихи назариявӣ ба мавзўи пайдоиши мафҳуми рефлекс дар асрҳои 17-18 бахшида шудааст. Ӯ дар он нишон додааст, ки на механитсизм, балки витализм ҳамчун асоси ғоявӣ барояш хидмат кардааст. Ба ақидаи Кангилем таърих мантиқи худро дорад. Асоси ҳаракатшинохтиро дар таърихи назариявӣ «масъалаҳо» ва дар заминаи онҳо «мафҳумҳо» месозанд, на низомҳои назарӣ. Ба ифодаи дигар, мафҳумҳои илмӣ метавонанд дар ҷое ба вуҷуд оянд, ки пайдоиши онро дар асоси мантиқи муназзами назариявии фаъолияти ниҳоӣ мунтазир нестанд.
Кангилем бар хилофи устодаш Башляр рушди мувозии тафаккури ҷамъиятӣ ва сиёсатро аз як тараф ва илмро аз тарафи дигар баррасӣ карда, ба ҷои равоншинохтии устоди худ усули иҷтимоӣ-таҳлилиеро пешниҳод кардааст, ки омилҳои иҷтимоӣ-фарҳангии рушди илмро ба назар мегирад.
Бозчоп аз Энсиклопедияимиллиитоҷик. – Душанбе, 2020. – Ҷ. 9. – С. 416.
Муаллиф: У. Шерхон.
Таҳияи Истампулод Ормонов
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.