Ошноӣ бо ҳикоёти тамсилии “Шағоли харсавор”

Маҷмуаи мазкур аз ду китоб фароҳам омадааст: «Гулзори ҳикмат» (гирдоваранда ва ба чоп ҳозиркунанда Ҷумъабоӣ Азизқулов, Душанбе: Ирфон, 1966) ва «Ҳикмати бобоён» (Тартибдиҳандагон: Баҳром Шермуҳаммадов ва Тоҷиддин, Душанбе: Ирфон, 19664). Дар ин маҷмуа ҳикоятҳои тамсилӣ-ахлоқие оварда шуданд, ки қаҳрамонҳои онҳо бештар ҳайвоноту парандагонанд.

Тартибдиҳандагон ин ҳикоятҳоро аз китобҳои ниёгонамон гулчин намуда, забони онро андаке сода ва ба дарки хонандагони имрўза наздик кардаанд.

Мураттибон ин ду китоби пурарзишро зери як муқова гирд оварда, бо номи «Шағоли харсавор» нашр кардаанд. Ҷумъабой Азизқулов дар муқаддимаи китоб овардааст, ки адабиёти классикии форсу тоҷик чи дар соҳаи назм ва чи дар соҳаи наср, ба олами маданият осори гаронбаҳо додааст. «1001 шаб» аз таровиши табъи мардуми форсизабон буда, аз «1000 афсона» ном китоби насрии мардуми эронзамин ибтидо мегирад. Он шуҳрате, ки «1001 шаб» дар ҷаҳон пайдо кардааст, ба ҳеҷ кадоме аз асрҳои бадеии адабиёти олам муяссар нашудааст.

Беҳтарин асари ҳикматомўзи адабиёти олам, маҳсули тафаккури хирадмандони ҳинд «Калила ва Димна» ба туфайли адабиёти қадимаи форсу тоҷик дар ҷаҳон машҳур гардидааст. Ҳеҷ асаре дар байни асарҳои бадеии адабиёти олам ин қадар тарҷума ва гаштаю баргашта нашр нашудааст, чунон ки «Калила ва Димна» шудааст. Танҳо дар як худи забони форсию тоҷикӣ якчанд таҳрири мустақилонаи ин асар вуҷуд дорад. «Калила ва Димнаи Насруллоҳӣ», «Анвори Суҳайлӣ», «Иёри дониш» ва мухтасари он «Нигори дониш» аз таҳрирҳои «Калила ва Димна» мебошанд. Ғайр аз ин, ҳам дар адабиёти Ғарб ва ҳам дар адабиёти як миқдор асарҳои тоза ба вуҷуд омадааст. «Марзбоннома»-и Рустами Шарвини т

Табаристонӣ (асрҳои 10-11) аз ҷумлаи ҳамин гуна китобҳост дар адабиёту форсу тоҷик.

Дар адабиёти форсу тоҷик мисли «Синбоднома», «Тўтинома», «Қобуснома»” асарҳое низ ҳастанд, ки аз ҳикмати зиндагӣ ва таҷрибаи рўзгор саршоранд. Ин асарҳо асосан аз ҳикояҳои ҷудогона гирд омадаанд.

Мо маҷмуаи «Гулзори ҳикмат»-ро аз ҳикояҳои асарҳои зикршуда фароҳам овардем. Бисёре аз ин ҳикояҳо, ки дар асарҳои гуногуни адабиётамон дучор меоянд, дар давоми асрҳо ба мардум ғизои руҳӣ бахшидаанд. Ҳар кас мувофиқи машғулият ва зиндагии худ аз ин ҳикояҳо, ки зоҳиран ҳазломезу мазмунан ҷиддианд, манфиат мебардошт.

Умедворем, ки ин ҳикояҳо ба хонандагони ҷавон низ лаззати бадеӣ бахшида дар кору бор, хониш ва зиндагии онҳо ёрӣ хоҳанд расонид.

Ҳангоми ба чоп тайёр кардан баъзе ҳикояҳо ихтисор, баъзеашон такмил дода шуданд. Забони онҳо низ ба андозае таҳрир шуд.

Маврид ба ёдоварист, ки “Шағоли харсавор”-ро соли 2024 нашриёти “Абиб” мунташир кардааст ва хоҳишмандон метавонанд онро дар толори хониши адабиёти кӯдакон ва наврасон мутолаа намоянд.

Зарина Зиёвуддинова,
мутахасисси  шуъбаи  адабиёти
к
ӯдакон ва наврасон.