Ошноӣ бо китоб. Атахон Сайфуллоев: “Паямбари ишқ”

Атахон  СайфуллоевКитоби адабиётшинос Атахон  Сайфуллоев  «Паембари  ишқ»  ҳаёт ва эҷодиёти поягузори адабиёти форсии точикӣ устод Абўабдуллоҳи  Рўдакиро бо нигоҳи тоза ба ҷараёни зиндагӣ ва мероси адабии султони шоирон баррасӣ менамояд. Муаллиф кўшиш кардааст, ки сарчашмаҳои шеъри форсии тоҷикиро то замони Рўдакӣ ва таъсири офаридаҳои ўро ба ворисони соҳибқирони шоирӣ то даврони мо нишон бидиҳад. Рисоларо аҳди илму фарҳанг, муаллимон, донишҷўён, мухлисони ашъори Рўдакӣ истифода бурда метавонанд.

Муаллиф дар пешгуфтори китобаш овардааст, ки дар Тоҷикистон муҳимтарин тадқиқот монографияи академик Абдулғанӣ Мирзоев «Абу Абдулло Рўдакӣ (1958) ба шумор меояд, ки ба муносибати таҷлили 1100-солагии мавлуди ин султони шоирон ба нашр расид. Ҳам дар асари устод Саид Нафисӣ ва ҳам дар китоби устод Абдулғанӣ Мирзоев таърихи омўхта шудани Рўдакӣ дар  Ғарбу Шарқ  муфассал баррасӣ шудаанд. Аз ҳамин ҷост, ки такрори онҳоро лозим намедонем. Маҷмўаи илмии «Рўдакӣ ва замони ў» (1958) интишор ёфт.

Пас аз нашри монографияи А. Мирзоев  маҷмўаи мазкур ва «Осори Рўдакӣ» (1958) солҳо гузашт ва бо саъю  кўшиши донишманд ва нависандаи маъруф Расул Ҳодизода маҷмўаи Рўдакӣ «1000 мисраъ» ва таҳти унвони «Насими Мўлиён» китоби осори нисбатан мукаммали поягузори назми форсӣ-тоҷиқӣ бо заҳмати афзуни  алабиётшинос Асрори Раҳмонфар рўи чопро диданд. Дар сарсухани пурмўҳтавои китоби мазкур хусну қубҳи ҳамаи маҷмўаҳои ашъори Рўдакӣ ва бозёфтҳои муҳаққиқони ватанию хориҷӣ тазаккур ёфтаанд.

Аҳамияти китоби «Насими Мўлиён» на танхо дар ҳаҷми ўст, балки дар дебоча ва танзиму тавзеҳи мероси адабии устод Рўдакӣ ҳам мебошад. Асрори Раҳмонфар дар «Дебоча ё мухтасаре дар нашри осори Рўдакӣ ва таҳқиқи матни он» аз мавқеу мақоми шоир дар таърихи адабиёти форсӣ-тоҷиқӣ сухан ба миён оварда, сипас панҷ  марҳалаи таҷдиду таҳийя ва тартибу танзими мероси манзуми Рўдакиро аз назари таҳлил мегузаронад ва ҷамъбаст менамояд. Ў аҳамияти мақолаҳои таҳқиқӣ, амсоли навиштаи Р.Ҳодизода «Дар тадқиқи осори Рўдакӣ» («Садои Шарқ», 1982, №9) ва як қатор олимони дигари ватанию хориҷӣ, ҷустуҷў ва бозёфтҳои тозаи эшонро дар Рўдакишиносӣ холисона нишон медиҳад. Дебочаи мазкур ба аҳли таҳқиқ дар шинохти Рўдакӣ ҳамчун як сарчашмаи муҳим хизмат карда метавонад.

Дар соли 1999 Нашриёти давлатии ба номи Раҳим Ҷалили ш. Хуҷанд тадқиқоти профессор Абдулманнони Насруддин «Рўдакӣ (нусхашиносӣ ва нақду баррасии ашъори бозмонда)»-и ўро ба чоп расонд. Аз афташ А. Насруддин ва А.Раҳмонфар аз кори ҳамдигар бехабар буданд, ки маҷмўаи ба нашр омода кардаи якдигарро дар таълифоташон тазаккур надодаанд. Китоби А. Насруддин аз ду бахш ва тавзеҳоти онҳо  иборат аст. Бахши якум бо тавзеҳоташ аз мақолаҳои гуногуни муаллиф оид ба нусхашиносӣ ва нашри ашъори Рўдакӣ, «мансубияти осор – атрибутсия», «тағйироти матн», «шарҳи ашъори Рўдакӣ», «маънигузорӣ дар назми Рўдакӣ ва муосирони ў», «асолати сухан ва сиҳҳати матн», «Балхи Бомӣ ё Балхи Номӣ», «байти тозаи Фароловӣ» иборат аст. Аз номгўи мақолаҳо пайдост, ки муаллиф на танҳо дар бораи нусхашиносии ашъори бозмондаи Рўдакӣ ҳадс мезанад, балки баъзе асарҳои лигар шоиронро низ фаро мегирад. Муаллиф, ки дар пешгуфтори худ вижагиҳои омўзиши текстологии осори шоиронро баррасӣ карда буд, дар мақолаҳои номбурда, назарияи ин соҳаи муҳими адабиётшиносиро ба амал татбиқ менамояд.

Бахши дуюм – «Девони устод Рўдакӣ» ба ҷуз ҳаҷвиёт мероси адабии шоирро тибқи «Девони Рўдакии Самарқандӣ» бар асоси нусхаи Саид Нафисӣ, И.Брагинский. Теҳрон, 1373 фаро мегирад.

Коре, ки А. Насруддин пешкаши хонандагон кардааст, аз ду ҷиҳат сазовори таваҷҷўҳ мебошад: аввалан, ў принсипҳои матншиносӣ, роҳу василаҳои дарёфти нусхаи аслии мероси шоир ва пешгирии саҳву хатоҳоро дар ҳангоми ба нашр ҳозир кардани мероси адабии ин ё он шоир нишон медиҳад.

Сониян, «Девони Рўдакии Самарқандӣ»-ро, ки зикраш рафт, ба ҳуруфоти сиррилик баргардон кардааст, ки аз он ҳам устодони адаб, шогирдон истифода карда метавонанд. Дар зери ҳар як шеър зикр ёфтани рақами нусхаҳои гуногуни ашъори Рўдакӣ, саҳеҳтар бигўем, тазаккур ёфтани сарчашмаҳо, ки ин кори хеле заҳматталабро С.Нафисӣ ва И.Брагинский анҷом додаанд, аҳамияти илмии девонро ба дараҷот меафзоянд. Вале афсўс, ки бо ҷурми матбаа Девон серғалат чоп шудааст. Ғалатҳоро тасҳеҳ карда бошанд ҳам, боз мондаанд…

Бо китоби Атахон Сайфуллоев “Паямбари ишқ” шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ шинос шавед.

Таҳияи Дилафрӯз Рӯзиева,
сармутахассиси шўъбаи абонементи
байникитобхонавӣ ва таҳвили ҳуҷҷатҳои эдектронӣ.