Ошноӣ бо китоби нав. Мароямбонуи Фарғонӣ: “Садои зангӯлаҳо”
Ин китоб соли 2025 чоп шудааст ва чуноне дар ду ҷумла муаррифии кутоҳи он омадааст: Садои зангӯлаҳои ёд дар ин китоб таҳрикбахши ангезиши хотироти айёми кӯдакию наврасии адиби хушкалому меҳанпараст гардидааст.
Ва ин хотирот саршор аз меҳру муҳаббат, садоқату самимият, покию рафоқатанду ба хонанда таассуроти неку андарзбор мегузоранд ва муҳимтар аз ҳама, ӯро ба фарзанди содиқи халқу Ватан будану шоиста зистан даъват мекунанд.
МАРЯМБОНУИ ФАРҒОНӢ КИСТ ВА ЧӢ МЕНАВИСАД?
Нависанда, шоир ва рӯзноманигор Марямбонуи Фарғонӣ 11-уми ноябри соли 1956 дар шаҳраки Ровони шаҳристони Сӯхи устони Фарғонаи Ӯзбекистон ба дунё омадааст. Соли 1977 баъди хатми факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи омӯзгории Самарқанд ба номи Садриддин Айнӣ чанде дар мактаби зодгоҳаш дарс гуфтааст. Соли 1984 ба Тоҷикистон омада, дар Маркази методии Вазорати маориф ба ҳайси методисти калон ба фаъолият оғозидааст. Аз соли 1989 ҷиддан ба кори рӯзноманигорӣ пардохтааст. Дар нашрияҳои «Паёми Душанбе», «Садои мардум», «Адабиёт ва санъат», «Фирӯза», «Истиқбол», «Омӯзгор» ва радиои Ҷумҳурии Исломии Эрон «Садои Хуросон» кор кардааст.
Марямбонуи Фарғонӣ ҳанӯз аз солҳои мактабҳонӣ ба навиштани лавҳаву ҳикояхо оғоз бинмудааст. Аз ӯ то имрӯз ба дасти ҳаводорони каломи бадеъ 10 китоб мураттаб аз насри бадей ва ашъор («Афсонаи тамаддун», «Ҳадиси Риштон», «Хуморшикан», «Чаҳор кисса», «Шаҳболи хаёл», «Таманно», «Исои ман шав», «Нури ахтарпораҳо», «Табъи гуҳаррез» ва «Ман чунин девонаам» (Теҳрон, соли 2020 бо хатти ниёкон) расидааст. Чанде аз қиссаву ҳикояҳояш аз тариқи маҷмуаҳои дастҷамъӣ низ интишор ёфтаанд.
Дар ҷодаи рӯзноманигорӣ бештар ба мавзуи худшиносии миллӣ даст мезанад.
Марямбонуи Фарғонӣ Аълочии матбуот, фарҳанг ва маорифи Тоҷикистон буда, барои нахусткитобаш «Афсонаи тамаддун» ба Ҷоизаи адабии байналмилалии ба номи Борис Пастернак (Маскав, 1995) ва барои маҷмуаи «Шаҳболи хаёл» ба дарёфти Ҷоизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнй (Душанбе, 2013) шарафёб гардидааст. Инчунин, дорандаи нишони «Сухан»-и ИН Тоҷикистон, нишони «100-солагии матбуоти тоҷик» мебошад.
Узви Иттифоки журналистон (1992) ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1996) аст.
Инак, аз китоби нави Марябонуи Фарғонӣ “Садои зангӯлаҳо” интихобан ду ҳикояи кутоҳро ин ҷо меорем, то хонандаи азиз бо навиштаҳои ин маҷмуа ошноии бештар пайдо кунад. Зимнан, китоби нави нависандаи хушзавқ Марямбонуи Фарғонӣ “Садои зангӯлаҳо”-ро хоҳишмандон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
ДЕВОНА
– Гурез, девона омад!
Дар маҳалла сару сомон гум шуд. Занҳое, ки бо баҳонаи обгирӣ дар кӯча маҷлиси ғайбат ороста буданд, кўдаку чудак ба хонаашон тохтанд. Онҳое ҳам, ки ҳавлиашон дур буд, худро ба ҳар дари дучоромада заданд. Танҳо наварӯсе, ки аз лӯлаи об ба сатилҳо об мегирифт, парвои ин ҳама доду гиреву гурезогурезро надошт. Ҳарчанд ҳамсояҳои ба ҷойи бехавф паноҳида имову ишора мекарданд, ӯ чизе намефаҳмид, чун ба тозагӣ арӯс шуда омада буду бо аҳли маҳалла хуб ошной надошт. Вақте мардуми куча «Девона омад!»-гӯён фирор мекарданд, наварӯс ғарки хаёлоти ширин буд… Чашмаш вақте ба пирамарди ношинос афтод, ки сатилҳои обро бардошта, қомат рост карда буд. Наварӯсак сатилҳоро дубора ба замин гузошт ва рӯймоли сап-сапеди ба китфонаш печидаро ба сар кашида, бо шарму ҳаёи табий аз рӯйи таомул нимтаъзиме карда гуфт:
– Ассалому алайкум!
Пирамардро ҳайрат фаро гирифт: «Ин ҷавонзан ки бошад? Як ҳақорати дастабиринчие диҳам, аммо… ин нозанин тарсе надорад. Ба мисли дигарон фирор ҳам накард. Аҷабо!» Оҷизӣ мекашид, ки ба саволҳои пайиҳам дар майнааш пайдошуда ҷавоб ёбад. Ҳаройина, агар касе туро одам шуморад, ҳолати ғарибе рух медодааст. Ба чашмони пирамард ашк ҳалқа зад.
– Ваалайкум ассалом, духтарам, умри дароз бинед!- гуфту ба роҳат давом дод.
Дар як он маҳалларо гапи нав фаро гирифт:
–Ҳо-он сарзада ҳаст-ку, арўси фалониро хорӣ надод. Ягон даҳон гапи шармовар нагуфт, ҳатто, саломашро алек гирифт!
– Бале, бо чашмони сарамон дидем, аз водапровод об мегирифт!
Пас аз ин дар миёни мардум арӯси нав эҳтиром пайдо кард. Қариб ҳама ба ин мазмун таърифаш мекарданд: «Аҷаб ширинсухан будааст келинчак, ба ҳадде ки ба дили девона ҳам роҳ ёфт.»
… Пирамард одати нав пайдо кард. Ӯ танҳо дар ин кӯча гаштугузор мекард, касеро «наменавохт», гоҳо бо кӯдаконе, ки дигар азаш наметарсиданд, ҳамроҳ шуда, то шом бозӣ мекард. Аслан ҳама медонистанд, ки ин девона боз роҳи арӯси маҳалларо мунтазир аст. Танҳо ҷавонзан берун барояду салом гӯяд, кифоя. Дилшод гардида, кӯдаквор ҷастухезкунон ба кулбааш, ки дар як гӯшан деҳ буд, равона мешуд.
Даво ба дарди беморони хастарӯҳ нест мегуфтанд, ки дурӯғ будааст. Пирамарди осемасар андак-андак ба худ меомад. Рӯзе жандаи танашро як сӯ ҳаво доду либоси оҳарӣ ба бар кард. Мардум сараввал нашинохтандаш магар, ки аз ӯ нагурехтанд. Баъдан, ҳатто, шинохта бошанд ҳам, нагурехтанд. Ба ёд оварданд, ки ин девона ном ҳам дорад, пеш аз он ки писари ягонааш ба садамаи автомобилӣ дучор шуда фавтид, Обид ном дошт. Шумури онҳое ҳам, ки дар тақлиди арӯси чавон «Ассалому алайкум, падар!» мегуфтанд, зиёд мешуд. Вақте он арўси ширинсухан писарчадор шуд, аз ҳама беш Обид-ота хурсанд шуд. Дар ҳоле ки ашки шашқатор ба риши барфсон мерехт, дуо кард:
– Илоҳо, бо умри дарозу ризқи фарохаш дода бошӣ. Дар ҳамин ҳавлӣ сарсабз гардад, бачаву качадор шавад. Ба мисли модараш хушсухан шавад!
Ҳозирин, ки аз ин дуои сари ақл гуфташудаи пирамард шигифтзада гардиданд, дар аввал гӯиё шах шуданд ва баъди лаҳзае ба худ омаданду «омин» гуфта, ду каф ба рӯй кашиданд.
Пирамард аз пештара дида ба ин кӯча зиёдтар меомад. Ҳарчанд хушдомани инҷиқи он ҷавонзани хушсухан «ҳай-ҳай»-гӯён рӯйхушаш намедод, аз каҷоваи аробачаи навзодро бо эҳтиёти тамом ба даст мегирифту навозиш мекард ва ҳатто, чанд кадам ин тарафу он тараф мегардонд…
Аз миён чанде гузашт. Дигар модари ҷавону тифлакаш ба чашм наменамуданд. Пирамард дар дами дарвоза интизорӣ мекашид, чун ҳад надошт, ки дарун дарояд. Бад ин минвол моҳе сипарӣ шуд. Ахиран ӯ сабрро аз даст дод ва аз ҳамсояҳо пурсид. Ҷавобаш доданд, ки:
– Арӯсро аз пайи гапҳои майдаву чайда рондаи даргоҳ карданд, падар. Писарашонро зани нав доданианд…
Мӯйсафед давоми гапи онҳоро нашунид. Майнааш карахт шуд, паси гӯшҳояш садои ғуввосие баланд шуд. Бехудона думушта дарвозаро мекӯфту бо ғайритабиие гулу медаронид: Овози
-Ҳой, ҷинниҳои беақл!!!
КОЛУМБ
Ӯроо дар яке аз боғҳои шаҳри Олматӣ вохӯрдам. Мо – гурӯҳи вакилони Аанҷумани байналмилалиро барои иштирок дар яке аз чорабиниҳо ба ин боғ даъват карда буданд. Бандаро зебоии хоси гуле, ки дар айни пойиз шукуфта буд, ба худ ҷалб кард. Аз пайи аксбардорӣ шуда, бехабар мондаам, ки аз қатори ҳамроҳонам дур афтодаам.
Бо умеди пайдо кардани ҳамгурӯҳон ба гирду атроф чашм меандохтам, ки марди глобусбадасте фарох хандакунон ба ман наздик шуд. Ҳарчанд мӯйсару ришу буруташ тоза тарошида, либосҳои поку тамиз ба бар дошта бошад хам, худдориаш ғайритабиӣ метофт: гӯиё таноби даҳонаш гусаста бошад, аз он дандони ягонааш пайваста намоён мешуд.
– Салом!
Ростӣ, ба дилам тарс афтод. Аз чӣ бошад, гумон кардам, бо глобуси дасташ, ки хеле калон ҳам буд, ба фарқи сарам мефарорад. Аксбардории он гули зеборо як тараф монда, роҳи гурезро пеш гирифтам. Аз ғояти саросемагӣ қариб буд ба қазоқзане бармехӯрдам, ки таҳкурсии кадом як пайкараро пок мекард. Зоҳиран ин бонуи солрафта вазъи маро наззора мекардааст, ки бепарво даст афшонда гуфт:
– Қорықпа! Жемес. Колумб жақсы жігіт.(Натарс. Намехӯрад. Колумб ҷавони хуб аст).
Ба ин бонуе, ки табассумкунон корашро давом медод, салом додам. Ӯ алек гирифт ва боз пурсид:
– Аз Тошканд ҳастӣ?
– Бале. Чӣ хел пай бурдед? дар ҳайрат афтодам ман.
– Ман не, ӯ пай бурд, зан ноаён оҳе кашид.
– Кӣ? ҳайратам афзуда буд.
– Колумб-дия.
Сипас «Ол өзінің отандастарын біледі. Ол жерлестерін сойле қарсы алады» (Ҳамватанони худашро мешиносад. Мардуми он тарафҳоро бо меҳр пешвоз мегирад) -гӯён ба марди девонаавзое, ки ман аз ӯ мегурехтам, ишора карда, корашро давом дод. Мард зоҳиран ҷуръат намекард, то ба мо наздик шавад. Кампир гӯиё пай бурда бошад, ки аз қисмати он марди девонаавзо огаҳ шудан мехоҳам, ба гап даромад.
Назар ба гуфтаҳои қазоқзан, Колумб аз тақдир зарбаҳои сахт дидааст. Тақрибан сӣ сол муқаддам ӯро дар наздикии роҳи оҳан дар ҳолати хеле вазнин ёфта, ба шифохона бурдаанд. Ҳамин зани бефарзанд, ки он вақт фарроши бемористон будааст, аз рӯйи меҳру шафқат ҷавони осемасари бекасро парвариш кардааст, фарзанд хондааст ва ба хонааш овардааст. Чун аз ҷароҳати тани ҷавони ғариб асаре намонда, ҷисму ҷонаш қувват ҳам гирифтааст, модархонд аз дасташ дошта, ба Тошканд овардааст. Бо даву тоз шахсияти ӯро муайян кардааст. Маълум гардидааст, ки номи аслии ҷавон Комилҷон будааст. Аз бахти бад, падару модари ӯ барвақт даргузаштаву ин ятим дар дасти бародараш ба воя расидааст. Комилҷон, ки табиатан закӣ будааст, бахти донишҷӯйӣ низ насибаш гардидааст, соҳибдиплом ҳам шудааст. Ҳанӯз сари кореро нагирифта, озими кишвари Русия шудааст, то аз бародари муҳоҷири гумшудааш дараке ёбад… Дар ин бора бародарзани ҷавон бо оби чашм қисса кардаааст, аммо ба ҳеч ваҷҳ Комилҷонеро, ки дигар нигоҳаш ғайритабиӣ метофтааст, имкони аз дарвоза дарун даромадан надодааст:
– Ин Комил нест! Ин девона аст, охир! Ҳатто, агар Комил бошад ҳам, ман бо ӯ дар як ҷо зиста наметавонам. Метарсам! Ҷасади бародарашро оварданд, ба хок супоридам. Дигар ман бева ҳастам. Бигӯед, ки ман бо девона дар як ҳавлӣ чӣ хел танҳо монам?! Бадбахтона, ин хешованди дигаре ҳам надорад…
Бевазан ба ҳавлиаш медарояду дарвозаро сахт мебандад. Ҷавони соданигоҳ ба ҳавлие, ки хуни нофаш рехтаву ҳамин ҷо ба воя расидааст, бо алам чашм медӯзад. Кампир пай мебарад, ки дили сангини бевазанро нарм карда наметавонад. Ноилоҷ, аз дасти Комил дошта ақиб мегардад. Онҳо дигар ҳамеша ба ҳамдигар қуввати дил мешаванд, ҳамчун очаву бача бо меҳрубонӣ зиндагӣ мекунанд…
–Пас, маълум мегардад, номи писаратон Комилҷон аст. Исми Колумб ба ӯ чӣ нисбат дорад? – бо таҳайюр пурсидам аз фаррошзан, дар ҳоле ки чашм аз он ҳамдиёрам намекандам. Зимнан, Комилҷон ба тарафи мо зуд-зуд назар мекард. Қазоқзан, ки корашро ба охир расонида буд, маъюсона табассум мекарду ноаён оби дидагонашро бо нӯки остинаш пок менамуд.
– Каме мунтазир шав, ҳамаашро мебинӣ…
Баъди чанд лаҳза гурӯҳи кӯдаконе, ки либоси мактабӣ ба бар доштанд, сӯйи ӯ дартоз омадан гирифтанд. Колумб бо дидани дӯстони навраси хеш зиёд хурсанд шуд ва ба мисли кӯдакони шӯху беғаш аз ҷойи нишасташ ҷаста хест. Пеш аз он ки кӯдакон ӯро ба иҳота гиранд, дар дил мегуфтам: «Шояд глобусро тӯб мепиндораду бо бачаҳо футбол мезанад...» Зуд андешаам дигар шуд. Ӯ бо дӯстони наврасаш салому алайк кард, онҳоро ба харак қатор шинонд ва дарс оғоз кард. Назар ба гуфтаи модархонди қазоқи ҳамшаҳриам, мактаббачаҳои ин гирду атроф фанни ҷуғрофияро аз ин марди глобусбадаст омӯхтаанд. Дар байни ин шогирдон нафароне ҳам будаанд, ки дар мактаб муаллимонашон чизе аз ин фан фаҳмонида натавонистаанд. Чун фаҳмидам, ки Колумб довталабони донишгоҳҳоро ҳам ба имтиҳони қабул омода мекардааст, чизе роҳи нафасамро гирифт, ашк дар чашмонам ҳалқа зад ва аз зеҳнам ин андеша гузашт: «Колумб чаро? Боястӣ Берунӣ мегуфтанд ӯро!» Гӯиё лол гардида будам, аммо дар пеши назарам манзараҳои ивазшаванда падид меомаданд: қаторае, ки аз дуриҳо бо сару садои баланд пеш меояд, бевазани сангдиле, ки дарро ба рӯйи фарзанди хонадон мебандад, бонуи фариштасимое, ки ашкрезон аз дасти писархондаш дошта, ақиб мегардад…
Ҳамагӣ чанд қадам дуртар Комилҷон ном ҳаммиҳани ман ба шогирдон дарси шавқовар медиҳад. Бале, агар санги қисмат маъюбаш намекард, шояд ӯ чун олими забардасте камол меёфт…
Таҳияи Фархунда