Ошноӣ бо Лоиҳаи USAID: «Биё, ҳамроҳ омӯзем»
Бо мақсади шавқовар ва ҷолиб намудани хониш барои кӯдакон ва шумораи афзояндаи волидайне, ки телефонҳои худро бо мақсади омӯзиши фарзандон истифода мебаранд, зарурат ба эҷоди матнҳои кӯдакона барои хониши мобилӣ бо забони тоҷикӣ ба миён омадааст. Бинобар ин, Лоиҳаи USAID «Биё, ҳамроҳ омӯзем» барномаи мобилиеро пешниҳод кард, ки дар он китобҳои кӯдаконаи таҳиянамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Лоиҳаи USAID «Биё, ҳамроҳ омӯзем» ҷой дода шудаанд.
Замимаи мобилии “Китобдӯст” барои сайқал ёфтани маҳорату малакаҳои хондан мусоидат мекунад. Ин замима аз 68 номгӯй китоб иборат буда, барои таълими хонандагони синфҳои ибтидоӣ пешбинӣ шудааст. Мазмуну мундариҷаи замимаи мобилӣ ба стандарту барномаи хониши синфҳои ибтидоӣ мувофиқ аст.
Барномаи мобилӣ дар планшетҳо ва смартфонҳо дастрас аст. Барои ин аз интернет танҳо зеркашии барнома зарур аст ва пас аз зеркашӣ барномаро ба тариқи офлайн (бе интернет) метавон истифода бурд. Барнома дар замимаи
Google Play Market ройгон дастрас аст.
Ин барнома ин ҷост: КИТОБДӮСТ.
Агар дар хонавода якчанд нафар кӯдак бошад, онҳо метавонанд аз як дастгоҳ хонанду бозӣ кунанд. Натиҷаҳои хониши онҳо дар алоҳидагӣ сабт мешаванд. Замимаи мазкур инчунин барои фаро гирифтани ҳамаи хонандагон, новобаста аз сатҳи гуногуни таълим таҳия шудааст. Ин барнома аз рӯйи принсипҳои омӯзиши фарогир таҳия гардидааст. Барнома инчунин барои хонандагоне,ки ба забони ғайритоҷикӣ таҳсил мекунанд ва забони тоҷикиро омӯхтан мехоҳанд, манфиат дорад.