Ошноӣ бо осори Темур Зулфиқоров

Темур ЗулфиқоровНависандаи халқии Тоҷикистон Темур Зулфиқоров 17 августи соли 1936 дар шаҳри Душанбе ба дунё омад. Падараш Муҳаммадқосим Зулфиқоров котиби аввали Ҳизби коммунисти ноҳияи Шаҳринав будааст, ки дар соли 1937 ба ҷурми сохтаи “душмани халқ” саркӯб шудааст. Модараш забоншиноси маъруф, профессор Людмила Успенская буд.

Темур Зулфиқоров аввал (солҳои 1956—1958) дар факултаи фалсафаи Донишгоҳи адабии Ленинград, вале баъдан ба таҳсилашро дар Донишкадаи адабии ба номи Горкийи шаҳри Маскав идома дод ва соли 1961 онро хатм кард.

 Дар ҷавонӣ ба осори бузургони адаби фор­сӣ ҳамчун Фир­давсӣ, Низомӣ, Ҷалолуд­дини Балхӣ, Саъдию Ҳофиз ва адибони дигари ҷаҳонӣ, ба монанди Данте, Шекспир, Пушкин, Толстой рӯй овард, ки ин ошноӣ ба ҷаҳонбини адиби оянда бетаъсир намонд.

Аввалин асари ӯ бо номи «Дос­тони марги Амир Темур» соли 1971 нашр шуд ва бо ҳамин навишта вориди саҳнаи адабиёт шуд. Ҳоло ӯ муаллифи беш аз 30 асари манзуму мансур аст, ки адади нашри онҳо беш аз як миллион нусха баршумурда шудааст. Румон­ҳои Темур Зулфиқоров дар бораи Хоҷа Насруддин, Ума­ри Хайём, Иван Грозний, Те­мури Ланг ӯро шуҳрат­манд карданд. Аз ҷум­ла асари ӯ «Сафари заминӣ ва осмонии шоир» унвони «Беҳтарин румони Аврупо-93» ва ҷои­заи «Кол­летс»-и Британияро дарёфт кард. Румони «Ис­тодаву гирён дар миёни об­ҳои равон» аз қиссаи ишқе дар замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикис­тон баҳс мекунад, ки аз 50 ҳикояти кӯтоҳ дар меҳвари як сужети воҳид таркиб ёфтааст.

 Асари «Там­силҳои тилоии Хоҷа Насруддин»-и Темур Зулфиқоров соли 2004 ҳамчун «асари ҳунарии барҷастаи адабиёти рус» сазовори ҷоизаи адабии «Ясная Поляна» ва асари дигари ӯ — «Афъимори марҷонӣ» соҳиби унвони «Китоби беҳтари­ни сол» (2005) ва барои беҳтарин филмнома соли 1991 сазовори ҷоизаи «Ҳортли-Мер­рилл» (Ҳол­ли­вуд) гардид.

Темур Зулфиқоров ҳамчунин ғо­ли­би панҷумин озмуни назми «Ҳазрати Муҳаммад — раҳ­мате барои оламиён» (со­ли 2011) аст. Ӯ муаллифи беш аз 20 филмномаи бадеиву мус­танад аст, ки бисёре аз онҳо сазовори ҷои­заҳои гуногун гаштаанд. Аз ҷумла на­моишномаи «Марде аз пайи парандаҳо меравад» соли 1974 дар Деҳлӣ сазовори ҷои­заи «Товуси нуқ­раӣ» шуд; дигар асарҳояш — «Мурғи сиёҳ ё зиндагии зе­ризаминӣ» соли 1980 ҷоизаи аслии наш­рияи «Московский комсомолец» ва «Сароби муҳаббат» соли 1986 ҷои­заи «Шамшери тилоӣ»-ро дар Димишқ гирифтанд. Соли 2009 маҷмӯъаи осори ӯро наш­риёти «Художественная литература» дар ҳафт ҷилд нашр кард. Темур Зулфиқоровро мунақ­қидони Ғарб «Дантеи адабиёти рус» номидаанд.

Ном­задии Темур Зулфиқоровро ду бор солҳои 1990 ва 2010 нашриёти «Худо­жест­венная лите­ра­тура»-и Маскав барои дарёфти ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт тавсия намуд.

Соли 2017 бо ҷоизаи байналмилалии Иван Бунин сарфароз гардид.

Темур инчунин барандаи ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод»-2019 ва 2020 дар бахши фарҳангу ҳунар шуд, ки ҷоиза аз диплом, нишони рамзӣ ва 2 миллион рубл иборат мебошад.

Осори аслияш ба 12 забони ҷа­ҳон тарҷума шудааст. Соли 1990 асари «Ишқи аввали Хоҷа Насруддин»-ро адиби тоҷик Муҳаммадзамони Солеҳ ба тоҷикӣ тарҷума кард. Баъдан асар­ҳои ӯ «Афъимори мар­ҷонӣ», «Чойхонаи лаби ҷар», «Марг нест», «Як рӯзи бачагии ҳазрати Муҳам­мад»-ро нависанда Нур Табаров ба забони тоҷикӣ бар­гардон карда, дар шакли маҷмӯа дар нашриёти «Адиб» ба табъ расонид.

 

Намунае аз осори адиби махруфро дар тарҷумаи Шоири халқии Тоҷикистон Фарзонаи Хуҷандӣ манзуратон мекунем.

 

МАСАЛҲО АЗ БОҒИ БАРФОҒЎШИ ХУРМОҲОИ ЗАРРИН

Ин тирамоҳ ман дар кўҳистон, дар рустои нимфаромўши Ватан, дар мавзеи муаллими деҳ Хоҷа Саймуддин зиндагӣ кардам.

…Онҷо боғи нознопарваридае буд дар кўҳдоман бо хурмоҳои заррин…

Хурмо то дергаҳ меистад,то омадани барфҳои гавҳарӣ…

Оҳ, ман дўст медорам, вақте ки барф меборад дар сари меваҳои зарандуд…

***

Эй Худоҷон! Чӣ нозуку мавзун, чӣ босахову карам, Ту, Заргари Зарнигори Оламгир, гавҳаратро, тўри алмосии парронатро рў- рўи тилои зиндаву шодоби меваҳо мефишонӣ…

Дар зари зинда метаровад нуқра…

***

Оҳ, ман мечашам тилои таровандаи хурморо ва менўшам яхоби тўр-тўри шаффофи барфҳоро, барфҳоро, барфҳоро…

***

Лек ҳоло барфҳо н-омадаанд ва ман мехобам дар боғи хурмозори заррин, рўи суфаи чўбӣ ва танамро бо бистари бухории пари тазарв мепўшам…

***

Ман дўст медорам, ки аз шохаҳои ғуборбаста хурмо барканам, аммо ҳар шаб як села майнаи ҳиндӣ меояд ва бо минқорҳои чолок хурмоҳои пухтаи қаҳваиву обинаботиву шукулодиро мехурад, ба ман бошад, мемонад меваи хом-хоми ширанабаста…

Мурғакон беҳтар аз инсон шабошаб пухтану шира бастани меваҳоро мефаҳманд, лек ман кайҳо, кайҳо пухтаам, пухтаву гузаштаам ва шабошаб мехобам…ва касе ончунон ки фасли ҷавонӣ занҳо…оромиши маро халал намебахшад…

***

Ба ман бошад, мемонад хурмоҳои хом…охир дандонҳои ман фарсудаанду камшуморанд…

Ва кунун ман мехобам дар боғи хурмозори заррин ва бе умед менависам бо дасти пирона ин масалҳо – ин меваҳои норасидаи худро…

Ҳақиқат ҳамеша аз инсон дур мешавад, ҳақиқатро ҳокимони дигар ба ком мекашанд, чунон ки майнаҳои ҳиндӣ меваҳои обинаботиро…

***

Гоҳе ман хаста мешавам аз масалҳои норасидаи худ ва боҳаловат мехобам дар бистари бухории фарсудаи пари тазарв ва мепиндорам, ки касе дасти коҳили маро меҷунбонад ва ба ҷои ман ин масалҳоро мекунад иншо…

***

Парвардигоро! Ҷуръатам нест бияндешам, ки ин Туӣ…

Вале Кӣ ин ҳама кўҳҳоро эҷод намудааст ва ин меваҳои норасидаи хурморо…

***

Эй Худоҷон! Дергаҳ орзу меварзидам, ки ин масалҳоро касе ба ҷои ман эҷод кунад, ман бошам, хобам дар рўи суфа, дар интизори Хоби Бузург ва Бозгашт ба боғи ризвон…

Охир сўфиён мегўянд, ки ҳама инсонҳо аз биҳишт омадаанд ва бозпас он ҷо хоҳанд рафт…

***

Ва ман омодаам, инак, ба бозгашт…

***

Гоҳ-гоҳе ба суфаи бекаси ман як саги овора меомад…

Ў низ чун хурмо тилоӣ буд…

Пашми заррин дошт ва ман ўро Тирамаҳ номидам…

Ва ў ба номи наваш одат кард…

«Тирамаҳ, Тирамаҳ»- ҷеғ мезадам ўро, вақте ки мисли арчаи зумуррадин тоқа дар фарози кўҳ ҳамаи танҳоии худро эҳсос менамудам ва ў меомад аз паси нахлҳои саршор аз мевахои заррин…

Гоҳе аз ғояти танҳоӣ ман ба ў масалҳои хомамро мехондам ва ў ба ман бо чашмҳои зумуррадии шаффофи босадоқати худ менигарист ва ширин меғурунгид ва гоҳе паст-паст аккос мезад…

***

Ман фақат як сомеъ доштам, як сомеи суханпазири меҳрубон дар ҳамон боғи тилоӣ, дар куҳистони бекарони тилоии тоҷик, дар тамоми замини тирамоҳии офоқ…

Аҳ, чӣ ширин! Аҳ, чӣ қудсиву мубарро! Аҳ, чӣ шодибахш!…

Оҳ, Парвардигори ман, ту маро мешунавӣ…

Ту, ки охир ҷунбиши ҳар мўрро мешунавӣ…

Ту ҷурми ҳар масаламро мебахшӣ…

Аллоҳу Акбар… Аллоҳ бузург асту Коиноташ, аммо инсон чӣ қадар кўчак аст мисли замин… Ой-й-й-й!

***

Лек баъдан барф омад, барфи алпии бешумор, барфи бисёр…

Ва барф кўҳҳоро, пайроҳаҳоро, осмонҳоро…ва боғи хурморо ва саги Тирамаҳро…ва суфаи маро дар пардаи муҳаққари худ печид…

Ва бистари бухории пари тазарв низ гавҳарӣ шуд…

Ва гуҳарҳо, тўрҳои алмосии паррон афтоданд дар рўи меваҳои заррин…

***

Ва аз фарози кўҳи аз ҳама баландтарини дунё – Эверест Парвардигор- ин Заргари Бузург бо шефтагӣ менигарист ба ин тилои миранда андар оғўши тўрҳову гуҳарҳои муноҷотгари шодибахш…

Нуқраи зинда метаровад дар рўи масалҳои ман…

Оҳ, мехоҳам мурдан, хуфтан ҳамчу хурмои тилоӣ дар барф…

***

«Лек ман рафтам аз деҳи Ватан, аз деҳае, ки барфбадўш аст то баҳор…

Ва баргаштам бар Москави пуршўру пурсадо бо масалҳои норасидаи барфоғушта…

Лек ин ҷо низ ҳеҷ кас, ҳеҷ кас намехоҳад гўш додан ба масалҳои ман…

Ҳеҷ кас хурмои норасидаи дар таҳи барф мондаамро чашиданӣ нест…

Ва ман ба ёд меорам Тирамаҳро, саги рамузфаҳми зиракро…

***

Тирамаҳ,Тирамаҳ, эй хоҳари ман, вақте баҳор ояд, ман бармегардам…

Ва мо хурмои зимистондидаи камоб хоҳем хўрд…

***

Ва ман ба ту хоҳам хонд ин масалҳоро…

 

Тарҷумаи Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона. Аз китоби “Найсон”.

 

Таҳияи Зарина Зиёвуддинова,

мутахассиси шуъбаи адабиёти

            кӯдакон ва наврасон