Ошноӣ бо шуъбаи адабиёти хориҷӣ (ВИДЕО)

Шуъбаи адабиёти хориҷӣ таърихи 87-сола дорад. Он соли 1938 ҳамчун бахш таъсис ёфта, аз соли 1956 ба сифати шуъбаи алоҳида фаъолият менамояд. Фонди шуъбаи адабиёти хориҷиро беш аз 47000.93 нусха китоб, 26701 маҷалла ва 2549 баста рўзнома бо 63 забони мухталифи чаҳон фаро мегирад, ки бештари он адабиёт доир ба фарҳанг, ҷуғрофия, забоншиносиву адабиётшиносӣ, таърих ва дигар илмҳо мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки як қисми фонди шуъба танҳо адабиёт доир ба Тоҷикистонро дар бар мегирад, ки дар он хонанда метавонад аз таъриху фарҳанги халқи тоҷик ба забонҳои хориҷӣ мутолиа намояд.

Шуъба дорои толори хониши алоҳида бо 160 ҷои нишаст мебошад, ки ҳамарўза аз соати 8.00 то 20.00 ба хонандагон хидмат мерасонад. Дар шуъба имруз 14 нафар кору фаъолият доранд, ки ҳамаи онҳо кормандони забондону соҳибтачриба мебошанд.

Ҳамзамон дар шуъбаи адабиёти хориҷӣ гӯшаи китобҳои 19 кишварҳои узви ИДМ, Аврупо ва Осиё ташкил карда шудааст. Ин гушаҳои китоб асосан ҳамчун туҳфа аз сафоратхонаҳои ин кишварҳо мукаммал гардонида мешавад.

ДАР ФОНДИ ШУЪБА ШУМО МЕТАВОНЕД ДАРЁФТ КУНЕД:

  • Китобҳо дар мавзуъҳои мухталиф
  • Китобҳои дарсӣ
  • Адабиёти бадеӣ
  • Фарҳангҳо ва луғатномаҳо
  • Донишномаи “Britannica

Нилуфар Назарова