Ошноӣ бо Сӯзании Самарқандӣ

Ошноӣ бо СӯзаниСӯзанӣ аз шоирони намоёнтарини асри XII-и Мовароуннаҳр аст. Аз сухансароёни ин аср Сӯзанӣ ягона шоирест, ки девонаш то ба айёми мо расидааст. Девони вай ғайр аз қимати бадеии худ, барои омӯхтани адабиёти замони ҳукуматдории туркони қарохонӣ манбаи гаронбаҳоест.

Зодгоҳи Сӯзани Нахшаб (Қаршӣ) аст. Баъди таҳсил дар мадрасаҳои Бухоро ва Самарқанд, омада то охири умр дар ҳамин ҷо зиндагӣ кардааст. Вафоти ӯ байни солҳои 1166-1173 аст.

Сӯзанӣ шоири расмии дарбор набуд, вале тангдастӣ ӯро маҷбур мекард, ки ба умеди ба даст овардани инъоми ночизе қасидае навишта ба даргоҳи ҳокимон биравад. Аммо шоир аксар вақт бо илтифоти онҳо расида наметавонист. Шеъру шоирӣ дар қаламрави Қарохониён нисбат ба дигар ҷойҳо бештар ба касод рӯ ниҳода буд.

Сӯзанӣ падари ҳафт кӯдак будааст, ки барои таъмини рӯзии онҳо ғайр аз ҳоҷат ба дари бою амалдорон бурдан дигар чорае надоштааст.

Бо вуҷуди азоби тоқатшикани зиндагӣ, нокомӣ ва сахтиҳо ӯ зиндадилӣ ва хуштаъбиро аз даст надода, руҳи ҳаётдӯстиро тарғиб кардаст. Сӯзанӣ табиатан марди шухтабъ ва зиндадил буда, ба хурсандӣ аз лаззати зиндагӣ рағбати тамом доштааст. Вай дар ғазалиёташ бепулӣ ва сахтии рузгори худро ифода кунад ҳам, лекин онро на ба оҳу афғон, балки ба як навъ шӯхӣ ва лиризми дилнишин изҳор мекунад.

Дар ғазалиёти Сӯзанӣ беҳтарин хусусиятҳои назми шоирони қадим нигоҳ дошта шудааст. Ӯ тарафдори сода ва табиӣ ифода кардани эҳсосот аст. Ифодаи ҳиссиёти ошиқона дар ашъори Сӯзанӣ ҷои намоёнро мегирад. Дар назми шоир пеш аз ҳама ифодаи бетакаллуфи таассуроти ошиқ ба назар мерасад.

Назми Сӯзанӣ ҳаётист. Шоир ҳамеша хонандаро ба садоқат ва нишоту комронӣ даъват мекунад. Тараннуми ишқи пок мавзуи асосии ашъори Сӯзанист…

ИН ДУ ҒАЗАЛ АЗ ӮСТ:

Бар худ аз табъи худ салом кунам,

Суннати шоирӣ қиём кунам.

Шеъри худро чу кавкаби шиарӣ,

Ҷой бар чархи нилфом кунам.

Сухан аз кас ба орият набарам,

Ки ҳама аз таъби хеш вом кунам.

Сайди дилҳо кунам, чу бар коғаз,

Аз қалам ҳалқаҳои дом кунам.

Фикрати хешро чӣ разму чӣ базм,

Соф монанди сими хом кунам.

Пухтаро хому хомро пухта,

Чуст бошам ба ҳар кадом кунам.

Бинамоям ба сеҳр шеъри ҳалол,

Шеър ба шоирон ҳаром кунам.

Ба тамаъ бар луоми дунҳиммат

Накунам мадҳу бар киром кунам.

Дар раҳи назм чу гузорам пой,

Шоҳроҳи сухан ба ком кунам.

******       ******

То маро бо рухи хубат назар аст,

Дилам осуда зи ҳар хайру шар аст.

Макун аз ишқ маро манъ, ки ишқ,

Сирату одати навъи башар аст.

На ҳамин бӯса канор аз ту хуҳам,

Ки ҷуз инам ба ту кори дигар аст.

Косаю кисаам аз даври фалак

Ин тиҳӣ аз маю он як зи зар аст.

Шамъи базми дигаронию маро

З-оташи дил ба сар андар шарар аст.

Гар ту бедодгарӣ, ҷоно ман

Додхоҳам, малик додгар аст.

Манбаъ:  маҷаллаи “Садои Шарқ”, соли 1966 №11
Сарсухан ва интихоби ғазалҳо аз Садрӣ Саъдиев

Таҳияи Фараҳнози Тоҳирӣ, мутахассиси шуъбаи матбуоти даврӣ