Ошноӣ боз бо як китоби нодири шуъбаи депозитарӣ. И.С. Брагинский “Из истории таджикской народной поэзии”

И.С. БрагинскийИн китоби шарқшиноси машҳур, доктори илмҳои филологӣ, профессор Иосиф Самаулович Брагинский соли 1956 дар нашриёти “Академия наук СССР”, дар шаҳри Москав чоп шудааст. Тавре аз номаш ҳам пайдост, муаллиф дар бораи назми халқии тоҷикӣ навиштааст.

Китобро ба хотираи сарояндаи мардумӣ Қурбон Сафаров, ки соли 1935 аз олам гузаштааст, Абдушакур Пирмуҳаммадзода ва Лутфулло Бузургзода, ки ҳарду дар ҷанг барои озодии Ватан аз фашистон дар солҳои 1045-1-1945 қурбон шудаанд, бахшидааст.

Китоб аз сарсухан, 3 фасл, 9 боб ва охирсухану замимаҳо иборат аст.

Фасли аввали китоб “Назми шифоҳии аҳолии Осиёи Миёна дар замони сохти обшинаи ибтидоӣ” ном дошта ду бобро дар бар мегирад: “Тасаввуроти қадимӣ” ва “Назми устуравӣ ва ҳамосӣ-қаҳрамонӣ”.

Муаллиф фасли дуюми китоби худро “Унсурҳои назми халқӣ дар ёдгориҳои хатии қадимии тоҷикӣ” номидааст.

Дар фасли сеюм “Анъанаҳои  халқи ва унсурҳои  назми халқӣ дар адабиёти асрҳои миёнаи тоҷик (асрҳои IX-XVIII)” мавриди баррасӣ ва таҳқиқ қарор дода шудааст.

Ин китоб метавонад барои мутахассисони эҷодиёти шифоҳии халқӣ ва ҳамаи оҳое, ки таърихи адабиёт меомӯзанд, муфид бошад.

Китобро хоҳишмандон метавонанд дар толори хониши шуъбаи депозитарии Китобхонаи миллӣ, воқеъ дар ошёнаи чорум мутолиа кунанд.

эҷодиёти  халқӣ дар

Кист Иосиф Брагинский ва чаро ин пажӯҳиши ӯ муҳим аст?

Иосиф Самаулович Брагинский шахсест, ки дар муаррифии адабиёти тоҷик хидматҳои шоиста кардааст. Метавон ӯро аз айнипажуҳишони шинохта номид, ки чандин асар дар шинохти устод Садриддин Айнӣ навиштаву дар маъруфтарин интишороти Маскав чоп кардааст.

Адабиётшиноси  барҷаста, доктори  илми филологӣ, профессор, узви  вобастаи  АИ Тоҷикистон, Ходими  шоистаи  илми  ҷумҳурӣ, доран­даи  Ҷоизаи давлатии  ба  номи  Сино  Иосиф  Брагинский 18-уми июни  соли 1905  дар  шаҳри   Боку  таваллуд  ёфтааст.

Из истории таджикской народной поэзииСоли 1931  Донишкадаи   шарқшиносии  Маскавро  хатм  карда,  дар  ҳамин  ҷо  аз  забони  урду  дарс  дод, мудири  қисми  таълимӣ  ва  шўъбаи  забоншиносӣ  буд. Соли 1933  ба  Тоҷикистон   омада,  ба  сифати  сардори  шўъбаи  сиёсии сов­хози  «Данғара», мудири  шўъбаи  тарғиботи КМ ПК (б) Тоҷикистон, муҳаррири моҳномаҳои  «Коммунист  Таджикистана» ва «В  помощ  парт­работнику»  кор  кардааст.

Солҳои  1940 – 1952 дар  Артиши  шуравӣ  сардори  бахши  сиёсии  воҳидҳои  низомӣ  буд,  аз  соли 1952  дар Институти  шарқшиносии  АИ СССР  заҳмат  кашида, ҳамзамон  ба ҳайси  муҳаррири  моҳномаи  «Народы  Азии  и  Африки»  адои  вазифа  намудааст.

Номи  ин  олими  бузурги  шарқшинос  бо  ҳаёти  илмӣ,  иҷтимоӣ  ва   муҳити  маънавии  Тоҷикистон  иртиботи  ногусустанӣ  дорад. Ў  дар  таҳқиқи  масъалаҳои  муҳими  илмию  фарҳангӣ  ва  адабии  ҷумҳуриамон, равнақи илми адабиётшиносӣ ва тарбияи  мутахассисони  ҷавон  нақши  беназир  гузоштааст.

Баъди хатми Донишкадаи шарқ­шиносии Маскав барои  сохтмони  сотсиалистии   деҳот  ба  Тоҷи­кис­тон  омад, чун  роҳбари  сиёсӣ дар яке аз совхозҳои навтаъсиси Данғара фаъолияти  кориашро  шурўъ намуда,  бо ҳамин тақ­дираш­ро ба сарзамини тоҷикон, минбаъд  хоса ба адабиёту фар­ҳанги  тоҷик сахт пайванд ва ин пайванд дар  тўли умри дарозу  пурбаракаташ решаҳои амиқ давонда, шоху  баргҳои  зиёди  сабзу  пурсамар  овард.

Дар Тоҷикистон миёни мардум гашт, чун қаблан таърихи  адабиёти форс – тоҷикро дар  чордевори  утоқҳои  дарсии  Донишкада  омўхта  буд, ба  зудӣ  дарк   кард,  ки  решаҳои  амиқу  обдори  назми  бузург  дар   сурудҳои  халқӣ  сарчашма дорад. Ин донишманд  аз  Авасто гирифта, то адабиёти садаи XX дар осор ва ёдгориҳои  адабиёти  хаттӣ  унсурҳои   адабиёти  шифоҳиро  зарра ба зарра  ошкор сохт ва таҳқиқ  намуд.

Иосиф  Брагинский  омўзиши адабиёти  тоҷикро  аз  мардум  дар  саҳрою майдонҳо оғоз намуда, борикбинона ба  дастнавису  манбаъҳои  хаттӣ  даст  зад. Дар  таҳқиқи  масоили  таърихи  адабиёт  бориксанҷ  буд, бо  эҳсосу  оҳанги  таблиғу  ташвиқӣ  ҷолибу  ҷозиб  менавишт, ба  ин  васила  хонанда  на  танҳо  ба  моҳияти  илмии  масъала  сарфаҳм  меравад,  балки  симою  садои  адибон ба  дилаш  роҳ  меёбад.

Қимати таҳқиқоти профессор Иосиф  Брагинский  ба  масъалаҳои  назарявии  давраҳои  адабӣ  ва  ҷараёнҳои  адабӣ  рў  овардан  ва   онҳоро  вобаста  ба қонунҳои   адабиёти  ҷаҳон  таҳқиқ  намудан мебошад. Муҳимтарин  иқдоми  ин  донишманди  беназир  мансуб  кардани истилоҳи дурусти «маорифпарварӣ» ба таъбири  бадномшудаи  «ҷади­дизм»  дар  адабиёти  давраи  охири тоҷик  аст.

Бобати  реализм дар  адабиёти  форсу  – тоҷик, омўзиши  суннат  ва андешаҳои  Шарқу  Ғарб  дар  адабиёт  ҳамеша   мунозираҳои  илмӣ  барпо кардаю осори фаровон таълиф намудааст. Ў дар таҳқиқу баррасии осори бебаҳои устод Садриддин Айнӣ нақши босазо гузоштааст. Ёдоварӣ ва бузургдошти олими барҷаста арзи  сипосгузории  мардуми  тоҷик  ба   заҳмат  ва  хидмати  ҷонсупоронаи  ўст, ки  барои  илми  тоҷик   ба  харҷ   додааст.

Манбаъ “Энсиклопедияи советии тоҷик”, ҷ. 1,с.508
Муаллиф: М. Шукуров

Таҳияи Идигул Нусратуллозода,
сардори шуъбаи депозитарии Китобхонаи миллӣ