Осори Пешвои миллат. Баҳор ва хазони тамаддуни ориёӣ дар минтақаҳои  Осиёи Марказӣ. Идома

Осори Пешвои миллатАвестошиноси тавонои эронӣ Меҳрдоди Баҳор низ ин фарзияи илмиро пуштибонӣ намуда, дар асараш «Асотири Эрон» чунин менигорад: «Ақвоми ориёӣ дар авохири ҳазораи дуюм ва дар ҳазораи аввали пеш аз Масеҳ, на танҳо фарҳанги пешрафтатари ақвоми бумиро дар Осиёи Миёна пазируфтанд ва ин омили муассире дар ҷаҳиши фарҳангии эшон буд, балки ба ёрии рӯдҳои азиму пуроби Омӯдарё ва Сирдарё, ки ҳамчун Байнаннаҳрайн имкони парвариши як иқтисоди зироатии мутамарказро фароҳам месохт ва ба иллати кашфу ба кор бастани оҳан қодир шуданд, то шароити муносиби рушди як фарҳанги азими моддиро фароҳам оваранд ва онро густариши рузафзуне бахшанд.

Дар ҳоле ки дар наҷди Эрон, ба иллати хушкии нисбӣ, камӣ ё набудани рӯдҳои бузург, вуҷуди биёбонҳои густурда ва қудрати манкӯбкунанда (саркӯбкунандаи) ассуриён ва эломиён, ки монеаи рушди иқтисодӣ ва сабаби фақри иҷтимоӣ ва фарҳангии ақвоми эронӣ – порсӣ ва мидиро ба сурати ҷанговарони диловаре даровард, ки ду шоҳаншоҳии бузурги Моду Порсро барпо карданд ва аз Миср то Осиёи Миёнаро гушуданд.

Гушуда шудани Осиёи Миёна ба дасти Ҳахоманишиён, шикаст барои Осиёи Миёна набуд, балки имкони тозаю васее фароҳам овард, то сели фарҳанги ориёии Осиёи Миёна ба наҷди Эрон ҷорӣ шавад».

Ҳамин тариқ, ривоҷи пешаи кишоварзӣ хоҳу нохоҳ ба густариши тарзи зиндагии мукимӣ мусоидат намуда, ба падид омадани унсурҳои тамаддуни шаҳрнишинию шаҳрсозӣ, савдою табодули маҳсулот, густариши робитаҳои доду ситад ва сатҳи нисбатан болотари зиндагӣ бурда расонд ва боиси ташаккули тамаддуни ориёӣ ва падид омадани созмони давлатию иттиҳоди иҷтимоӣ дар васати рӯдҳои Омӯю Сир ва қаламрави Ориёно гардид. Ба қавли тамаддуншиноси тавонои амрикоӣ Ридард Фрай: «Ҳарчанд минтақаҳои гуногуни Осиёи Марказӣ дар мукоиса бо водиҳои Нил, Даҷлаву Фурот ва Ҳинд барои зиндагии башар камтар мусоид бошанд ҳам, вале аз замонҳои неолит мардумро бо шароитҳои судманди чорводорӣ  ва кишоварзӣ таъмин мекарданд». Бинобар ин иқлими мусоид, марзу буми ҳосилхез ва заминҳои ҳамвору обёришавандаи канораҳои рӯди Омӯю Сир тадриҷан ба гаҳвораи тамаддуни ориёӣ табдил ёфта, ниёгони қавму қабилаҳои силаҳшӯру пархошҷӯйи бохтариён, суғдиён, хоразмиён, марғиёниён ва портҳоро ба зиндагии муқимӣ ҳидоят намуд. Бо ҳамин фасли баҳори зиндагии муқимии ниёгони ориёии мо ибтидо ёфта, коркарди замин ва парвариши зироат, тавлидоти маҳсулот ва доду ситади он густариш пайдо кард ва дар арсаи ҷаҳонӣ тамаддуни нав – тамаддуни ориёиро падид овард, ки дар радифи тамаддунҳои қадимаю машҳури олам ҷой дорад.

ОСОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. БАҲОР ВА ХАЗОНИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ ДАР МИНТАҚАҲОИ  ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Дар баробари ин, қабилаҳои ориёии қаламрави Авруосиё ва Осиёи Миёна нахустин ромкунандагони аспҳо ва уштурони ваҳшӣ буда, онҳо зоти аспҳои тезтаки саворӣ ва уштурони боркаши бохтарӣ (бухтӣ)-ро тавлид ва тарбия кардаанд. Беҳуда нест, ки дар китоби «Авесто» номи фариштаи кулли чорпоён – Гушурун ва фариштаи нигаҳбони асп – Давонасп зикр шудааст, ки мавриди парастишу ниёиши ниёгони ориёии мо қарор дошт. Ориёиҳо аспони тезтакро аз мӯъҷизаҳои илоҳӣ пиндошта, дертар гардуна, бахусус дучархаи ҷангиро офариданд ва бо ёрии таковарону дучархаҳои ҷангӣ дар набарду фатҳи кишварҳо ба осонӣ пирӯз мегаштанд. Гузашта аз ин, номи ҷанговарони дучархасавор ратайштар (дар дучарха ростистода) дар «Авесто» зикр шудааст, ки аз мавҷудияти созмонҳои ҳарбӣ, истифодаи силоҳ ва дастаи ҷанговарони савора гувоҳӣ медиҳанд. Дертар ин аспҳо аз даштҳои паҳновари Осиёи Миёна ва Авруосиё ба Осиёи Пеш ва Байнаннаҳрайн роҳ ёфта, иқтидори ҳарбии давлатҳои Ошуру Бобил ва Мисрро афзуданд. Ба қавли Б.Ғафуров, «Мадракҳое мавҷуданд, ки ҳанӯз дар «аҳди орӣ» аз тарафи ҳиндуэрониҳо истифода шудани дучархаҳои ҳарбӣ (бо эронӣ рата ва ба ҳинди ратҳа), ҳамчунин дар байни ин тоифаҳо ба таври васеъ ривоҷ доштани асппарвариро собит менамоянд».

Зиёда аз ин, агар ба баъзе сурудаҳои “Ригведа” ва баъзе ниёишҳои Яштҳои “Авесто” таваҷҷӯҳ зоҳир намоем, дар пеши назари мо симои ҳиндуэронии қадимӣ – узви силаҳшӯри қабила ҳамроҳи ҷанговарони савори дучарха падид меояд, ки дар ҳама ҷо аз дунболи хеш вайронӣ боқӣ мегузоштанд ва кишварҳоро бераҳмона фатҳ мекарданд.

Ман ҳанӯз дар фасли шашуми китоби нахустини “Аз Ориён то Сомониён” оид ба мақому манзалати асп дар миёни ниёгони ориёни тоҷикон андешаронӣ намуда, парвариши асп ва гирифтани насли тақоварони хушзотро дар Бохтари қадим оварда будам. Воқеан, қабилаҳои аспдӯсту чобуксавори ориёӣ ҳанӯз аз замонҳои қадим барои рому тарбия кардан ва офаридани зотҳои нави асп кӯшиш ба харҷ дода, дар заминаи таъсиси дастаҳои ҷанговарони савора ва дучархадорон, иқтидори ҳарбӣ, тактикаи ҷангӣ, усулҳои мукаммалтари кишваркушойӣ ва мудофиаро падид овардаанд. Ин дар навбати худ боиси падидоии унсурҳои аввалияи давлатдорӣ – ҳифзи сарҳад, бунёди истеҳкомҳои ҳарбӣ, низоми сипоҳдориву лашкаророӣ, густариши тиҷорату савдо, кушодани роҳҳои нави корвонгард, ниҳоят пешрафти иқтисодиёту тамаддун гардид.

Манбаъ: Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих.
Аз Ориён то Сомониён”, Душанбе: Ирфон, 2009. – 315-320.

Хоҳишмандон метавонанд ин китобро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.

Таҳияи Марзия Зардодхонова,
Мутахассиси пешбари Медиатекаи
Президентии Ҷумуҳрии Тоҷикистон