Осори Пешвои миллат. Баҳор ва хазони тамаддуни ориёӣ дар минтақаҳои Осиёи Марказӣ
Назаре ба ташаккули таърихии ақвоми ориӣ ва густариши оинҳои давлатдорӣ
Бузургтарин тамаддунҳои ҷаҳонӣ аслан дар соҳилҳои дарёҳои серобу водиҳои ҳосилхез пайдо шуда, сипас шӯҳрати оламгир ёфтаанд. Мисри қадим дар канораҳои дарёи азими Нил, тамаддуни Бобилу Ошур дар минтақаҳои ҳосилхези миёни рӯдҳои бузурги Даҷла ва Фурот, тамаддуни Ҳинд дар ҳамвориҳои паҳновари соҳили рӯдҳои Ҳинд ва Ганг, тамаддуни Чин дар паҳноҳои инкишофи тамаддуни башарӣ мусоидат намудаанд. Тамаддуни ориёӣ, ки яке аз қадимтарин ва бонуфузтарин тамаддунҳои башарист, баъди ба Осиёи Миёна омадану сокин шудани қавмҳои ориёӣ дар марзҳои ҳосилхези байни дарёҳои Омӯ ва Сир (Яксарт) арзи ҳастӣ намуд, сипас дар ҷараёни муҳоҷирату кишваркушоиҳо ва густариши робитаҳои маданию тиҷоратӣ, хусусан, тавассути Роҳи бузурги абрешим ва чаҳор самти олам паҳн шуда, аз сарзамини Ҳинд то канораҳои Юнон доман густурд.
Сарнавишти ориёиҳо, ки мо тоҷикон низ дар қатори чандин халқиятҳои мутамаддини олам яке аз меросдорони асили он ҳастем, аз ҷумлаи саҳифаҳои басо рангину шигифтангези таърихи башар аст. Ин тамаддуни бо ҳама бурду бохташ барои миллати мо як рукни асосии таърихи сарнавишт, арсаи бурдубош, пайдоишу ташаккули нахустин оинаҳои давалатдорӣ, ҷавлонгаҳи дину оини яктопарастӣ, такомули фарҳангу арзишҳои миллӣ, арсаи худшиносию ҷаҳоншиносӣ гардидааст. Аз ин лиҳоз, дар Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ назаре афкандан ба оғози баҳор ва тақдири таърихии ориёиҳои моварои рӯди Омӯю Сир ва ҳудудҳои Осиёи Миёна, ки ба сарнавишти азалӣ ва пайдоишу ташаккули миллати тоҷик иртиботи бевосита доранд, ба назари ман, дидгоҳи хонандаро васеътар ва бардошти илмию хулосаҳои ӯро возеҳтар хоҳад намуд.
Аз маскани нахустини ақвоми ориёӣ дар давраҳои қадим чандон маълумоти саҳеҳ ва эътимодбахше нест. Баъзе олимон тахмин мезананд, ки маскани аслии онҳо эътимолан дар даштҳои ҷануби Россия, паҳноҳои назди Урал ва ҷанубии Сибир, атрофи баҳри Хазар (Каспий) ва Сиёҳ, инчунин каронаи баҳри Арал воқеъ буда, ин қавмҳо дар байни ҳазораи 5 ва 3 қабл аз милод ба ҳудуди Осиёи Миёна ва воҳаҳои паҳновари рӯди Омӯю Сир пойин шудаанд.
Аз рӯйи маълумоти қадимтарин китоби муқаддаси ориёиҳо “Авесто” (бандҳои 143-144 Фарвардиняшт) бармеояд, ки замоне ақвоми ориёӣ дар як сарзамини муштараку паҳновар ва сарсабзи ободон мезистаанд, ки ин ҷойгоҳ “Аиряна ваеҷаҳ” ном дошта, онро худои некӣ – Аҳуромаздо ҳимоятгару пуштибон будааст. Маҳз дар ҳамин бандҳои Фарвардиняшт Аҳуромаздо ба мардону занони покдини сарзамини Аиря, Туиря, Саирима, Саена ва Доха дуруд фиристода, онҳоро ситоишу ниёиш мекунад. Вале аз қазо Аҳримани бадхоҳ ба сари онҳо зимистони сахт ва сармоҳои офатборро меорад, ки хунукию яхбандиҳо то даҳ моҳ тӯл мекашанд. Ҳамчунин дар “Авесто”, “Бундаҳишн”, “Динкард”, алахусус, “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ оид ба салтанати Пешдодиёну Каёниён қиссаҳои асотири аҷибе омада, аз оғози подшоҳии Каюмарс то Манучеҳр давраи талиаи тамаддуни кашфи зироат, пӯшидани либосу пухтани ғизо, сохтани маскану падид омадани пешаҳои мухталиф зикр шудааст.
Дар «Авесто» ниёгони дури мо ҷаҳонро ба ҳафт кишвар ё иқлим тақсим кардаанд, ки дар он подшоҳони додгари Пешдодӣ, аз ҷумла Таҳмурас ва Ҷамшед чун шаҳриёрони нахустини ин кишварҳо тавсиф шудаанд. Иброҳим пури Довуд авестошиноси маъруфи эронӣ менависад, ки мутобиқи маълумоти Яштҳои «Авесто» Хванирас – сарзамини марказӣ ва ватани пахновари ниёгони ориёии мо маҳсуб гашта, аз ҷиҳати масоҳат баробари шаш кишвари дигар будааст. «Аиряна ваеҷаҳ» на танхо ҳаста, марказ ва маҳалли муқаддаси Хванирас, на танҳо хостгоҳи ориёиҳо ва ватани Зардушт, дини нахустини яктопарастӣ, балки маркази шаҳрҳо ва ҷойҳои муқаддаси дини куҳани маздоӣ ва дини ҷадид мебошад. Ин ватани биҳиштии ориёиҳо гаҳвораи достонҳои паҳлавонӣ, майдони мусобиқаҳои номварон, ватани Яштҳои куҳану Готҳо буда, аввалин таронаҳои Ригведа маҳз дар ҳамин маҳалҳо аз тарафи ришиҳои тӯронӣ суруда шудааст».
Дар поёни Аиряна ваеҷаҳ сарзаминҳои дигари Хванирас ё Ориёнои бузург, ки баъдан қабилаҳои аиря ва туиряи ориёӣ паҳн шудаанд ва сипас дини зардуштӣ оварда, он ҷойро маскани доимии худ кардаанд, зикр гардидааст. Дар бораи сарзамини Упа Аузайешу Рангҳа, ки аз ҷанубу ғарб ба Аиряна ваеҷаҳ пайваст шудааст, аксари авестошиносон ба чунин хулоса омадаанд, ки он сарзаминҳои соҳили дарёи Сир ва худи Рангҳа –дарёи Сир аст.
Бисёре аз муаррихону бостоншиносони аҳди шуравӣ дар асоси бозёфтҳои маданияти Андроновӣ, ҳафриёти кӯрғони Пазирик, бозёфтҳои Аркаим, бозёфтҳои моварои кӯли Арал, ҳафриётҳои бостоншиносии Тозабоғоб ва Онасӯйи Хоразм, ёдгориҳои Анов ва Намозгоҳтеппа, инчунин бозёфтҳои Қайроққум, маданияти Ҳисор, Саразм ва ҷануби Тоҷикистон (водии дарёҳои Сурхоб, Вахш ва Кофарниҳон) ба андешае расидаанд, ки паҳноҳои ҳосилхези рӯди Омӯ ва Сир барои пайдоиш ва рушди тамаддуни ориёӣ дар Осиёи Марказӣ ва дертар ташаккули халқиятҳои ориёии бохтариҳо, суғдиҳо, хоразмиҳо, мартиёниҳо хизмати бесобиқа кардаанд.
Ба қавли муҳаққиқи тавонои тамаддун ва забонҳои қадимаи ҳиндуаврупоӣ И.М.Оранский, «Древнейшей известной науке областью, занятой ираноязычным населением, является территория Средней Азии, и сопредельных с ней районов. Средняя Азия – это обширная страна, большая часть которой лежит в бассейне двух великих рек: Амударьи (греч. Оксос, ар.Джайхун) и Сир-Дарьи (греч.Яксарт, ар.Сайхун). Западную границу Средней Азии образует восточный берег Каспийского моря, северную – степи Казахстана. На востоке она граничит с восточным или Китайским, Туркестаном (бассейн реки Тарим, современнная китайская провинция Синьцзян), на юге – с иранским нагорьем. Юго-восточную часть Средней Азии занимают высочайшие горные хребты Памиро-Алая, Дарваза, Каратегина, Гиссара и др….
Географические условия Средней Азии играли, особенно в древный период, важную роль в жизни её населения. Человеческие поселения сосредоточивались по речным долинам, в предгорьях, где горные реки выходят на равнину, в оазисах».
Ҳанӯз дар китоби нахустини «Аз Ориён то Сомониён» зикри он рафта буд, ки паҳноҳои ду канори дарёи Омӯ ва Яксарт, соҳилҳои рӯди Панҷу Вахш ва водиҳои зархези он барои ривоҷи зироаткорӣ, тавсеаи заминҳои кишт «ва чун пешаи пурбаракату табаррук эътибор пайдо кардани деҳқонию барзгарӣ мусоидат намуда, боиси дар мавзеъҳои мувофиқ ва зистанбоб таъсис ёфтани нахустин деҳкадаву шаҳракҳои бошандагони муқимии Бохтару Суғд мегардад. Мисли он ки рӯди паҳновари Нил Мисри Қадимро офарид, дарёи муқаддаси Ганг сарзамини афсонавии Ҳиндро машҳури ҷаҳон кард, паҳноҳои дарёи Зард (Хуанхэ) Чинро ба арсаи олам овард, рӯди Омӯ ва Сир низ бо шохобҳои файзбораш бунёди тамаддуни ниёгони тоҷиконро гузошт, Суғду Бохтарро… маркази нахустини гаҳвораи давлату давлатдории тоҷикон қарор дод».
Ногуфта намонад, ки дар миёни ниёгони ориёии мо, алалхусус халқиятҳои Бохтару Суғд дар оғози ташаккули фасли баҳори умрашон парастиши эзиди дарёҳо ва обу ободонӣ – Анаҳито хеле роиҷ будааст. Гузаштагони мардуми тоҷик дар соҳили рости Омӯ ибодатхонаи муҳташами Тахти Сангинро ба шарафи олиҳаи Охшо –ҳомии дарёи Вахш ва Омӯ бунёд карда буданд, ки аз пос доштани манзалати об ва ин рӯдҳои обшору ҳаётбахш шаҳодат медиҳад. Соҳилҳои доманфарохи дарёҳои Омӯю Сир аввалин маскани обёрӣ, қадимтарин марзҳои киштукор, куҳантарин пойгоҳи шаҳраку шаҳристонҳои обод буданд, ки дар обу хоки пурбаракати онҳо тухми ҳаёт, тухми тамаддун ва оини нахустин давлату давлатдории ниёгони тоҷикон ниҳода шудааст. Гузашта аз ин, аз харобаҳои хизонаи Амӯдарё, ки дар қарибии Тахти Сангин воқеъ аст, муҷассамаи тиллоии олиҳа Анаҳито савори гардунаи заррини дар чаҳор асп баста ёфт шудааст, ки аз афзунии мақому манзалати ин олиҳаи обу обёрӣ ва фаровонҳосилӣ дар миёни Бохтариёну Суғдиён ва дигар ниёгони ориёии мо, алалхусус кишоварзону барзгарон шаҳодат медиҳад….
Манбаъ: Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих.
Аз Ориён то Сомониён”, Душанбе: Ирфон, 2009. – 315-320.
Хоҳишмандон метавонанд ин китобро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.
Таҳияи Марзия Зардодхонова,
Мутахассиси пешбари Медиатекаи
Президентии Ҷумуҳрии Тоҷикистон