Осори Пешвои миллат. Ҷоми Ҷамшед ва тафсири муаммои се замон

Мо сӯйи Эрон меравем, сӯйи сарзамини Форси куҳан, қадамҷойи Куруши Кабиру Дорои Ҷаҳонгир, маскани овозадори Тахти Ҷамшеду Катибаи Бесутун. Тайёраи симинболи мо аз фурудгоҳи Душанбе ба фазо бархоста, дар осмони нопайдоканор боло мераваду кӯҳҳои сарбаланди атрофи пойтахт торафт ақиб мемонанд.

Аз поёни хати пурпечутоби дарёҳои Варзобу Кофарниҳон ва сипас рӯдҳои паҳновари Вахшу Панҷ бо деҳкадаҳои ободу шаҳру шаҳракҳои овозадораш моро истиқбол гирифтаву мегуселонанд. Хиттаҳои сабзи замин ва пораҳои кишту барзан ва водиҳои ҳаётбахши ин рӯдҳо то соҳилҳои дарёи паҳновари Омӯ чашмро нур мебахшад. Беҳуда ин сарзамини куҳанбунёдро гузаштаҳои мо Варорӯд ва арабҳо Мовароҳуннаҳр ном нагузоштаанд. Зеро ин пораи биҳишти заминӣ дар доманаи ду модархудои ҳаёт – дарёҳои бузурги Омӯ ва Сир доман густурдаанд. Ду модархудое, ки юнониён бо арзи эҳтиром якеро Окс ва дигареро Танаис, арабҳо Ҷайҳун ва Сайҳун хондаанд.

Ин ду рӯди бузург бо шохобҳои хурду калонаш чун рагҳои хунгарди сарзамини паҳновари Осиёи Миёнаанд, ки дар тули ҳазорсолаҳо ба ориёиҳо ва дигар қавму қаболи кӯчии ин диёр ҳаёти бардавом бахшида, мояи зиндагӣ ва сарчашмаи ризқу рӯзии ҳамешагии онҳо гардидааст. Ва шояд гузаштагони дури мо ҳамин мақому манзалати ин дарёи ҳаётбахшро басо хуб эҳсос намуда буданд, ки онҳоро дар пояи худоӣ парастида, барояшон ҳамосаҳои яздонӣ ва муноҷоту ниёишҳои шукрона адо мекардаанд. Дар паҳноҳои  Омӯ ва Сир даҳо сулолаҳои овозадор яке паси дигар ба тахти давлатдорӣ нишастаанд, садҳо подшоҳони кишваркушой бе ному нишон рафтаанд, ҳазорон шаҳрҳову деҳкадаҳои обод ба хок яксон шудаанд,але зиндагӣ дар паҳноҳои Хуросону Варорӯд лаҳзае қатъ нагаштааст. Ба ҷойи сулолаҳои кӯҳан ва сулолаҳои нав меомаданд, ба ҷойи шаҳрҳои сӯхтаву валангор шаҳрҳои тоза бунёд мешуданд.

Паҳнои абрҳои сафед ва сукути осмони паҳновар касро беихтиёр ба хаёл мебарад. Аз миёни ҳазорсолаҳои куҳан сӯйи диёри дӯст пайғом мебарем. Пайғом аз гаҳвораи Ориё, аз марзҳои тавлиди “Авесто”, аз ватани Зардушт, аз сарзамини куҳанбунёди шеърпарвару фарҳангдӯсти тоҷик.

Ҳар гоҳе, ки қадам ба сарзамини Эрон мегузорам, бо тамоми ҳастӣ эҳсос мекунам, ки ба хонаи як дӯсти азиз ва бародари дерина омадаам. Ба сарзамине омадаам, ки оғозҳояш аз сарчашмаи “Авесто” –ву таълимоти Зардушт об мехӯрад, бо миллати тоҷик ҳамтақдиру ҳамзабон аст, асотиру ривоят, адабиёту фарҳанг ва арзишҳои маънавию мероси таърихии муштарак доранд. Ва ин ҳамдиливу ҳамзабонӣ решаҳои амиқ дошта, аз қаъри асрҳову қарнҳои куҳанибтидо мегирад. Он гуна, ки эрониён Абуабдуллоҳи Рӯдакиро сардафтари адабиёти классики хеш шинохтаанд, тоҷикон низ девони Саъдии ширинсухану Ҳофизи шакаргуфторро дар гаҳвора зери болини тифлони хеш мегузоранд, то ки аз каромати сухани ин паямбарони назм уқдаи бахти кӯдакони маъсум кушода гардад. Ҳамчунин дар Исфаҳон ба дунё омадану дар мавзеи Лангари Хатлон макони охират ихтиёр кардани Шоҳи Хомӯш, дар Ҳамадон чашм ба олам кушодану дар Кӯлоб оромгоҳи абадӣ ёфтани Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, дар Бухорои шариф шӯҳрати оламгир пайдо  намудану дар Ҳамадон ҷон ба ҳақ супурдани Абуалии Сино, дар Хуҷанд по ба арсаи ҳаёт ниҳодану Табрезро ватани дуюми хеш интихоб кардани Камоли Хуҷандӣ гувоҳи он ҳаст, ки ин ду миллати ҳамтақдиру ҳамзабон дар тули асрҳо даст ба даст додаву китф ба китф ниҳода пеш рафтаанд.

Нигоҳам аз болои паҳнои абрҳои сафед мелағжаду хаёлам беихтиёр сӯйи Эрон меравад. Ёдам меояд, ки бори нахуст ба  ин сарзамини кӯҳанбунёд қадам ниҳодаму азми зиёрати мақбари Саъдӣ ва нишемангоҳи охирати Ҳофизи бузургвор дар дилам боло гирифт. Мизбонон мехостанд нахуст ба зиёрати турбати оятуллоҳ Имом Хумайнӣ биравем, вале дил орзуи қадамҷои Саъдию Ҳофиз ва оби Рукнободу гулгашти Мусаллоро мекард. Аз розигии яздони пок қофилаи мо роҳи шаҳри Шерозро пеш гирифт. Оромгоҳи Саъдии ширинкалому зиндаёд дар қисми шимоли шарқии шаҳри Шероз, андаруни боғи зебое мақом доштааст. Мақбара бар болои пойдевори на он қадар баланди зинадоре қомат афрохта, бо пешайвони баланди гумбаздораш бинандаро мафтун менамуд. Дар даромадгоҳи оромгоҳи Саъдӣ бо хати зебое байти зерин сабт шуда буд.

Зи хоки Саъдии Шероз бӯйи ишқ ояд,

Ҳазор сол пас аз марги ӯ гараш бӯйӣ.

Дар канори мақбара биноҳои хуштарҳои сояафкан ва истироҳатӣ барои қабули меҳмонону зиёратгарон мавҷуданд ва чашмае андаруни боғ воқест, ки чашмаҳои софу зулоли диёри тоҷиконро ба ёд меорад. Аз зиёрати мақбараи Саъдӣ як ҷаҳон таасурот бардоштам ва шукри он кардам, ки панду насиҳатҳои “Гулистон”-и ҷовидонааш бароям борҳо раҳнамоӣ намудааст.

Оромгоҳи Ҳофиз дар боғи Мусаллои Шероз мақом доштааст. Гулгашти Мусалло воқеан гулгашти тару тоза ва барҳавост, ки гирди мақбараи шоири паямбарнафсро иҳота кардааст. Шояд садои дили Ҳофизи Шерозӣ аз ҷониби Ҳақ шунида шудааст, ки турбати охирати ӯ низ дар гулгашти Мусаллову канори оби Рукнобод абадан ҷой ёфтааст. Гунбади оромгоҳи Ҳофиз аз берун ба чашм чун кӯлоҳи дарвешон намояд ҳам, дохили ин гунбад бо нақшу нигори зебое ороиш ёфтааст. Давродаври санги қабрро ҳашт сутуни мармарӣ иҳота намуда, сутунҳо дар болои пойдевори зинадоре устувор истодаанд. Мақбара дар мобайни боғ ҷой дошта ба зиёрати он садҳо ҳаводорони шеъри ноб ва муътақидони тариқати Ҳофиз ба зиёрат меоянд. Хоки турбати Ҳофизро дар қатори дигар зиёратгарон ба дида мемолидаму шукри он мекардам, ки расидан ба зиёрати қадамҷои паямбари шеъри малакутӣ бароям муяссар гашт.

Ҳангоме ки роҳи шаҳри бостонии Тахти Ҷамшедро пеш гирифтем, аз куҷое ин мисраҳои Ҳофизи Шерозӣ ба ёдам расид:

Оинаи Сикандар Ҷоми Ҷам аст, бингар,

То бар ту арза доард аҳволи мулки Доро.

Тахти Ҷамшед тақрибан шаст километр дуртар аз шаҳри Шероз воқеъ будааст. Ҳарчанд мувофиқи ривоятҳо баромади ин шаҳрҳо ба шоҳи асотирӣ Ҷамшед нисбат медиҳанд, дар асл ин шаҳри қадимаро солҳои 520- 460 то милод Дорои I ва Хашиёршоҳ бунёд гузоштаанд. Агар осори пойтахти Куруши Кабир – пасаргад зинаҳои нахустини инкишофи санъати меъмории замони Ҳахоманишиёнро инъикос намояд, пойтахти нави Дорои I шаҳри Истахри Порс, ки баътар бо номи Тахти Ҷамшед шуҳрат ёфтааст, аз равнақи минбаъдаи осори меъморӣ ва шаҳрсозӣ дарак медиҳад.

Воқеан, Куруши Кабир дар болои пойдевори устувори давлати тавонои Мод давлати мӯҳташаму абарқудрати Форсро бунёд гузошта, қаламрави онро дар чор самти кишвар вусъат бахшид. Дорои ҷаҳонгир шӯҳрати эътибори давлати Ҳахоманишиёнро бо ҳам афзунтар намуда, тамоми душманони худро чӣ дар Машриқу чӣ дар Мағриб забуну мутеъ сохт. Давлати Бохтари Қадим низ дар муқобили лашкаркашиҳои пайдарпайи Куруши Кабир, Дорои I ва пасояндагони онҳо чандон дер напоид. Аввал ҳамсоякишварҳои атрофи Бохтар, сипас сакоиҳои гарданкашу пархошҷӯй ва оқибат Ориёшаҳри паҳновар ғолибияти давлати Ҳахоманишиёнро эътироф намуданд. Бо вуҷуди ин Бохтари қадим такягоҳи боътимоди давлати Ҳахоманишён дар қаламрави шарқии кишвар ба шумор мерафт ҳукми Бохтар дар он рӯзгор аз домани кӯҳҳои Ҳимолой кашида, то соҳили Ҳазар воҷиб буд.

Ҳатто таърихнигорони аҳди Искандари Мақдунӣ ҳангоми лашкаркашиҳо дар Бохтару Суғд ба ҳайрат афтодаанд, ки чаро дар қаламрави ин мулкҳои мутеи давлати Форс ягон истеҳкоми ҳарбии форсҳо ё сипоҳиёни он ба чашм вонамехӯрад. Вале бояд иқрор кард, ки дар шукӯҳу шаҳомати давлати Ҳахоманишиён Бохтару Суғди қадим шӯҳрати собиқаашро аз даст дода буд. Маркази тамаддун ва шаҳрсозӣ, маркази тиҷорату роҳҳои корвонгард, маркази додугирифти савдои баҳрӣ ба давлати Форс гузашт.

Алалхусус, дар давраи давлатдории Дорои I пойтахти Ҳахоманишиён ба Истахри Порс кӯчид, ки онро юнониён Персополис ном бурданд. Бунёди ин шаҳр аз рӯйи ривояти муаррихони аҳди қадим беш аз 50 сол беист идома ёфтааст. Ҳар субҳ то шом қариб бист ҳазор нафар коргарони гуногунпеша дар бунёди иморату қасрҳои мӯҳташами ин шаҳр заҳмат мекашиданд…

(Идома дорад)

Манбаъ: Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих.

Аз Ориён то Сомониён”, Душанбе: Ирфон, 2009. – С.-85-88.

Хоҳишмандон метавонанд ин китобро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.

Ин китоб ҳамчунин дар Телеграмканали сомонаи Китобхонаи миллӣ зери ин нишонӣ қобили дарёфт аст:

Таҳияи Марзия Зардодхонова,
мутахассиси пешбари Медиатекаи

Президентии Ҷумуҳрии Тоҷикистон