Осори Пешвои миллат. Ҷоми Ҷамшед ва тафсири муаммои се замон

Ҷоми ҶамшедМарҳилаи дигари тақдирсоз дар ҳаёти миллати тоҷик ин даврони истиқлолият дар аҳди Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Ин давраи таърихӣ бисёр паҳлуҳои мусбат ва манфӣ дошт, ки ҷанбаи муҳмтарини он баъди ҳазор сол аз шарофати инқилоби Октябр дар харитаи ҷуғрофии ҷаҳон пайдо шудани Ҷумҳурии Худмухтори Тоҷикистон мебошад.

Чанде нагузашта кишвари тоҷикон чун Ҷумҳурии Сотсиалистӣ дар таркиби Иттиҳоди Шӯравӣ арзи вуҷуд намуд. Ва бо ҳамин садои онҳое, ки ному насаби миллати тоҷикро қасдан иқрор намекарданд, оқибат хомӯш гардид. Таърихи ташаккул ва парокандашавии давлати абарқудрати Шуравӣ собит сохт, ки дар заминаи идеологияи сохта гирд овардани миллатҳои мухталлиф ва ба ҳисоб нагирифтани арзишҳои маънавию фарҳангию ахлоқии халқиятҳои гуногун оқибат ба нокомӣ бурда мерасонад.

Пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ ба он овард, ки дар қатори дигар ҷумҳуриҳо Тоҷикистон низ аз неъмати бебаҳои истиқлолияти воқеӣ баҳравар гардад. Ин давраро метавон чун оғози марҳилаи навини давлатдорӣ ва истиқлолияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуд. Истиқлолияти навбатии миллӣ барои мардуми Тоҷикистон нисбатан осон ба даст омад, вале аз қазо ба душвориҳои сангин ва ихтилофҳои шадид рафта расид. Қувваҳои дохилию хориҷие, ки истиқлолияти Тоҷикистонро чашми дидан надоштанд ё худ мехостанд ин сарзамини гуҳарборро таҳти фармони хеш нигоҳ доранд, мардуми зудбовари тоҷикро бар зидди ҳамдигар хезонда, ҷанги  бародаркуширо бар дӯши онҳо таҳмил намуданд. Ва ин ҷанги нангину пурфоҷиа бо айби ҳидоятгарони худию бегона дар таърихи деринаи миллати тоҷик як нақши нохуше гузошт.

Ба назар чунин мерасид, ки бесарусомониҳо ва муноқишаҳои хунин дар сарзамини тоҷикон низ мисли кишвари Афғонистон дурудароз давом хоҳад кард. Вале ҳукумати кунунии ҷумҳурӣ тамоми кӯшишро ба он равона сохт, ки ба муқовимату душманӣ хотима гузошта, сокинони мамлакатро ба сулҳу ваҳдат ва меҳнати бунёдкорона ҳидоят намояд. Бо пешниҳоди Ҳукумат ва ҳамкориву ҳамдастии собиқ мухолифин, ҳамчунин дастгирию ҷонибдории чанди кишварҳои хайрхоҳи олам пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ гирифта шуд. Ахиран, хираду заковати аҷдодӣ ва ақли солим пирӯз шуд,  сулҳу салоҳ, ваҳдату созандагӣ ва меҳнати бунёдкорона дар сарзамини тоҷикон аз нав пойдор гардид.

Ногуфта намонад, ки дар тули солҳои истиқлолияти навин се форуми тоҷикони ҷаҳон баргузор шуд. Мақсад аз гузаронидани ин тадбир гирд овардани намояндагони тоҷикони ҷаҳон ва ҳамзабонони бурунмарзии мо дар паҳлуи якдигар буд. Чуноне ки мегӯянд, “об агар садпора гардад, боз бо ҳам ошност”.

Мо дар симои Эрону Афғонистон кишварҳоеро мебинем, ки бо миллати тоҷик аз як сарчашмаи маънавӣ об хӯрдаанд, тақдири таърихии муштарак, умумияти забонӣ ва умумияти этникӣ доранд. Қазияи Афғонистон ба назари ман мушкилтарин қазияи интиҳои асри XX мебошад, ки соати ҳаллу фасли он кайҳо расидааст…

Мо дар тимсоли Ҷумҳурии Исломии Эрон низ кишвари дӯст ва дар симои миллати шарифи он миллати бародарро мебинем. Зимнан кишвари Эрон аз ҷумлаи аввалин кишварҳоест, ки истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт, нахустин шуда сафоратхонаи худро дар Душанбе ифтитоҳ намуд. Ин давлати ба мо дӯст ба қатори Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон ва чандин кишварҳои хайрхоҳ аз ибтидои ҷангу ҷидол ва даргириҳои Тоҷикистон то интиҳои он саъю талош ба харҷ дод, ки ҳама масоили баҳсноки мавҷуда бо роҳи осоишта ва бидуни силоҳ ҳал гардад. Дар натиҷа имконият фароҳам омад, ки чандин давраи музокирот ва гуфтушунид бо намояндагони собиқ мухолифин дар якчанд кишварҳои олам, аз ҷумла Теҳрон ва Машҳад сурат гирад. Намояндаи ваколатдори Эрон дар қатори кишварҳои кафили сулҳ дар Созишномаи оштии миллии миёни Ҳукумат ва собиқ мухолифин дар Москва имзо гузошта, дар роҳи расидан ба сулҳу салоҳ хизмати арзанда намуд.

Ҳатто дар солҳои даргириҳои шадид ҷашну маросимҳои ёдбуди “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, таҷлили мавлуди Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Шайх Камоли Хуҷандӣ чун тадбири муштараки фарҳангии кишварҳои ҳамзабон ва ҳамҷавор баргузор гардидаанд…

Раванди нави таърих бар дӯши давлати тозаистиқлоли мо вазифаҳои мураккаб, пурмаъсулият ва вазнин гузошт. Ин вазифаҳои тақдирсоз қабл аз ҳама хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ, ба Ватан бозгардонидани фирориён, таъмини ваҳдату ягонагии миллат ва ҳамаи сокинони Тоҷикистон, нигоҳ доштани итиҳоду якпорчагии мамлакат, таҳкими истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва садҳо мушкилоти ҳалталаб буданд, ки дар муддати кӯтоҳ ба ҳалли онҳо ноил шудем. Алахусус сиёсати ваҳдати миллӣ ва сулҳу созиш, ки аз ҷониби мардум ва неруҳои солимфикру пешқадами кишвар дастгирӣ ёфт, як иқдоми ҷиддие дар пешрафти мамлакат гардид….

Манбаъ: Эмомалӣ Раҳмон “ Тоҷикон дар оинаи таърих
Аз Ориён то Сомониён, Душанбе: Ирфон, 2009. – С. 108-116.
Хоҳ
ишмандон метавонанд ин китобро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.

Таҳияи Марзия Зардодхонова
мутахассиси пешбари Медиатекаи
Президентии Ҷ
умҳурии Тоҷикистон