Осори Пешвои миллат. Ҷоми Ҷамшед ва тафсири муаммои се замон. Идома

Ҷоми ҶамшедБа ин шаҳри овозадор ҳангоми ҷашну тантанаҳои бузург, маросимҳои тоҷгузорӣ, алахусус ҷашни Наврӯз аз кулли кишварҳои Машриқу Мағриб меҳмонони баландмартаба меомадаанд. Ҳокимону волиёни кулли қаламрави Ҳахоманишиён, шоҳзодаҳои ҳафт пушти хонадони шоҳаншоҳ, сарлашкарону сипоҳиёни бонуфуз, рӯҳониёни олитабор, сафирону намояндагони  кишварҳои ҳамсоя, хуллас ҷумлаи ашхоси номдору соҳибэҳтиром дар ин ҷашну маросимҳо иштирок мекардаанд.

Гузаргоҳи муҳташами зинадор касро ба майдони шаҳр ва қасрҳои бошукӯҳи шоҳаншоҳ ҳидоят мекардааст, ки пиллаҳои ҳар як тарафи он 110 адад будааст. Дар ду самти гузаргоҳ ду муҷассамаи мӯҳташами барзаговодам чун посбони безаволи кишвар ва шукӯҳу ҷалоли тахти шоҳаншоҳони Форс пойдор будааст. Аз майдон ба толори қаср (ападана) –и азими Дорои I ворид мешуданд, ки онро 72 сутуни баландиаш 18,5 метра устувор медоштааст. Қаср (ападан) –и Садсутун беш аз 4 ҳазор метри мураббаъ масоҳат дошта, бузургтарин толори ҷашну тантанаҳо, аз ҷумла тантанаҳои Наврӯзӣ будааст.

Ривоят мекунанд, ки Искандари Мақдунӣ низ баъди фатҳи ин шаҳр яке аз ҷашнҳои бошукӯҳи Наврӯзро дар қасри Садсутун истиқбол гирифта, сипас аз ғояти рашку ҳасад онро коми оташ додааст. Ҳарчи ҳам набошад, аз қасри овозадори Доро 13 сутуни шикаставу нимшикаста ва аз қасри мӯҳташами Садсутун ғайр аз ҳаробаҳо, қариб чизе ба ёдгор намондааст. Дорои I дар Катибаи Бесутун зиндаву ҷовидона доштани корномаи сулолаи Ҳахоманишиёнро таманно дошт ва ба шоҳони пасоянди хеш васият карда буд: “Дорошоҳ гӯяд: агар ин навиштаҷот ва пайкараҳоро бубинӣ, вайрон кунӣ ва то даме тавоноӣ нигоҳ надорӣ, Аҳуромаздо душмани ту бод ва туро авлод мабод ва он чӣ ту кунӣ, онро Аҳуромаздо нест кунад”.

Шояд Искандари Мақдунии худобехабарро ҳамин дуои Дорошоҳ ва Ҳурмузди олитабор гирифта, ки баъди ин харобкориҳоро чанд соле нагузашта шукӯҳи давалташ рӯ ба завол овард. Ин шоҳи мағрур дар айни камолоти ҷавонӣ – сивусесолагӣ оламро падруд гуфт. Охирин авлоди ӯ писари  хурдсол ва занаш Рухшонаро даъвогарони тоҷу тахти шоҳӣ ба куштан доданд. Ва империяи абарқудрати Искандари Мақдунӣ, ки бузургтарин империяи ҷаҳонӣ буд, баъди марги ӯ дар зарфи як сол пора-пора ва пароканда гардид.

Ман аз миёни харобаҳои Тахти Ҷамшед қадам мезадаму дарду андӯҳи ҳазорсолаҳо вуҷудамро мефишурд. Заҳмати гарони бисёрсола, дастовардҳои беназири санъати меъмории аҳди куҳан, маҳсули кори ҳазорҳо ҳунармандону шаҳрсозон бо як алангаи оташ ба коми нестӣ рафтааст. Тасаввур кунед, ки бист ҳазор одам аз субҳ то шом дар тули беш аз панҷоҳ сол, ки баробар аст ба шашсад моҳу дусаду биступанҷ ҳазор рӯз, пайваста ранҷ бурданду ҳосили заҳмати онҳо дар чанд рӯзе сӯхтаву ба бод рафтааст.

Охирин харобаҳои Бохтару Балхи қадим ва бутҳои овозадори Бомиён, ки дар ҷанги тулонии миёни афғонҳо хоку туроб гаштаанд, айнан ҳамин сарнавиштро доранд. Сад дареғ, ки ин мулки дорои таърихи куҳанро борҳо лашкаркашону кишваркушоён, аз ҷумла арабҳо ва чингизиён ба хок яксон карда буданд, имрӯз бошад охирин ёдгориҳояш несту нобуд мешавад.

Харобаҳои Тахти Ҷамшед, харобаҳои Балхи куҳан, харобаҳои Кайқубодшоҳу Тахти Сангин, харобаҳои Афросиёбу Варахша ва садҳо шаҳрҳои сӯхтаву валангоршуда таърихи зиндаи ҳазорсолаҳои дур аст, ки ба наслҳои имрӯзаву оянда панд медиҳад. Панд аз оқибати истилогариву кишваркушоиҳо, ки чун далели бебаҳс пешорӯйи кас қарор мегиранд.

Ровиёни ахбори куҳан дар қатори чандин мӯъҷизаҳои ақли башарӣ аз Ҷоми Ҷамшед ва оинаи Искандар ёд мекунанд, ки зикраш болотар зимни шеъри Ҳофиз рафта буд. Ҷоми гетинамои Ҷамшед ва оинаи ҷаҳонбини Искандар дар тасаввури ниёгони мо волотарин офаридаи хиради инсонӣ буда, дар он ҳафт кишвари олам, ҳафт қабати замин, ҳафт пардаи кайҳон ва ҳафт бурҷи фалак акс меёфтааст. Бузургарин хосияти ҷому оина он будааст, ки тамоми рӯйдодҳои замони гузашта, имрӯз ва ояндаро дар як вақт нишон медодааст, то кас битавонад ҳусну қубҳи амалашро дарк намояд. Бо ҳидояти ҷоми гетинамои Ҷамшед ва оинаи ҷаҳонбини Искандар аз қаъри ҳазораҳо ба қарни имрӯз омада, аз қуллаи асри ҷадид ба роҳи гузашта ва ояндаи миллати хеш бори дигар назар меафканем. Зеро мо ҳалқаи навбатие дар миёни тақдири гузашта, имрӯза ва ояндаи миллат буда, силсилаи тамаддуну давлатдории ин се давараро бо ҳам васл менамоем.

Асри XXI асри кору пайкори фикрӣ, асри асри созандагию бунёдкориҳост, на асри ҷангу хонумонсӯзиҳо. Ва миллате, ки ба ин аср бо кӯлбори ақлу хирад, бо дастовардҳои илмии навину дониши мукаммал ворид намегардад, хоҳу нохоҳ дастнигару пойбанди кишварҳои абарқудрати олам мемонад. Сӯзандагӣ ҳунар нест, мисли ниёгони бофарҳанги хеш созандагӣ бояд кард.

Воҷиботи аввали миллат худро шинохтан ва истиқлолияту давлатдории хешро қадр кардан аст. Ва миллате, ки аз мактаби худшиносиву ҳуввияти миллӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ ва сабақҳои талху ширини истиқлолият баҳра набурда бошад, мисли киштиест, ки дар уқёнуси бузург самтнамояш саҳеҳ кор намекунад.

Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик то аҳди Сомониён чандин давраҳои дурахшони давлату давлатдорӣ ва сулолаҳои овозадори пешинаро  ба сар бурдааст. Давлати Бохтару Суғди қадим, давлати Бохтари Юнон, давлати Кушониён, давлати Ашкониён, давлати Хутталшоҳиён ва чандин давалатҳои хурду бузурге, ки пайи ҳам то аҳди Сомониён вуҷуд доштанд, ҳар кадом бори қисмати миллати моро садсолаҳо бар дӯш бурдаанд.

Аҳди Сомониён, алахусус замони давлатдории Исмоили Сомониро метавон яке аз қуллаҳои камолоти худшиносӣ ва асри шукӯҳи ҷалоли истиқлолияти миллати тоҷик номид. Ҳатто фарҳангу тамаддун дар ин давра то ҷое боло рафт, ки тамаддуни ислом бо ҳама паҳноварӣ аз нигоҳи олимону файласуфон ва воизону муфассирони тоҷик таъбиру тафсири нав меёфт. Фарзандони оқилу хирадпешаи миллат дар ҳамин айём бо асарҳои безаволи хеш сарчашмаи маънавие офаридаанд, ки асрҳо боз оби зулоли он насл ба насл инсониятро шодоб месозад…

Пас аз суқути сулолаи Сомониён миллати тоҷик дар тули ҳазор сол аз давлати соҳибистиқлоли худ қариб маҳрум монд. Ҳарчанд забони давлатӣ, ташкилу танзими давлатдорӣ, расму оини коргузорӣ, низоми мамлакатдорӣ, идораи девону дафтар, пеш бурдани сафорату тиҷорат, нигаҳбонии дахлу харҷ ва пояҳои иқтисодии кишвар, сарварии ҳавзаҳои илмию адабӣ ва садҳо омилҳои дигар суннати соф тоҷикона дошт, аммо мақоми подшоҳӣ ва замомдории мамлакат ба дасти бегонагон буд. Яъне низоми давлатдорӣ аслан тавассути вазирону амалдорони тоҷик пиёда мешуд, вале тахту тоҷ расман дар дасти онҳо набуд. Ва дар ин мудддати мадид душманони миллати мо чандин бор кӯшиш ба харҷ додаанд, ки номи тоҷикро аз саҳифаи таърих берун афкананд. Вале миллати тоҷик ба ҳар ҳол тавонист, ки дар марҳилаҳои кашокаш ва ҷангҳои хунини таърих асолати миллиашро ҳифз намояд, ном, забон, фарҳанг, дину оин ва суннатҳои деринаашро нигоҳ дорад.

Манбаъ: Эмомалӣ Раҳмон “ Тоҷикон дар оинаи таърих
Аз Ориён то Сомониён, Душанбе: Ирфон, 2009. – С. 108-116.
Хоҳ
ишмандон метавонанд ин китобро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.

Таҳияи Марзия Зардодхонова
мутахассиси пешбари Медиатекаи
Президентии Ҷ
умҳурии Тоҷикистон