Оё медонед “Корвони Рустам” чӣ маросиме буд?
Корвони Рустам маросими қадимии тоҷикон, ки бо роҳпаймоии театриву мусиқӣ, асосан дар хатнасур баъзан (бо тағйирот) дар ҷашни арўсӣ баргузор мегардид. «Корвони Рустам» то нимаи аввали асри 20 доир мегардид, сипас бошукўҳи мавҷудаш аз байн рафт, вале баъзе нишонаҳои он дар маросими куштингирии ҷашни хатнасур то соли 2007 боқӣ монданд.
«Корвони Рустам» ба ҳеҷ дину мазҳаб марбут набуд. Дар он танҳо унсурҳои санъати мусиқӣ, театрӣ ва сирки мардумӣ таҷассум мегардиданд ва он ба хотири шодиву фараҳи мардум баргузор мешуд. «Корвони Рустам» аз ҳунарнамоии дастҷамъонаи сарояндагон, мутрибон, раққосон, шуъбадабозон, аскиягуён ва дигар ҳунармандони мардумӣ иборат буд.
Тартиби сафи «Корвони Рустам» 1) сознавозон; 2) сарояндагон); 3) аспакбозон; 4) дарахти якум; 5) тахти шоҳ; 6) киштии якум; 7) дарахти дуюм; 8) киштии дуюм; 9) дарахти сеюм; 10) киштии сеюм; 11) дойранавозон; 12) шуъбадабозон; 13) «фил» ё «аждаҳо»; 14) хўсаи Рустам; 15) сарбозони Рустам; 16) нақшхонҳо; 17) ароба бо туҳфаҳо; 18) шутуру аспҳо; 19) тамошогарон.
Ин тартиб дар ҳар минтақа риоя намешуд. Ҳунармандон ангора ё хўсаи Рустам, фил, киштӣ ва дигар маводди заруриро пешакӣ тайёр мекарданд. Дар Хуҷанд ва Конибодом хўсаи Рустамро баъзан то 6м ва барашро то 2,5м аз чўби сабук (сарашро чўб кадуи калон, аъзои дигари баданашро аз қоғаз, пашми бузу гўсфанд) месохтанд. Дар баъзе минтақаҳо аз нақши Рустам истифода намекарданд.
Унсури дигари намоиш се дарахти бо гулҳо оро ёфта буд, ки ҳар яке то 3м баландӣ дошт. Мувофиқи унсурҳояш «Корвони Рустам»-ро дар деҳаи Қистакўз «туйи гулдор», дар Хуҷанд «ҷапар», дар Конибодом «тамошои Рустам», дар Истаравшан ва Ғончӣ (ҳоло Деваштич) «тўйи подшоҳдор», «туйи сарбоздор», «туйи басалла» мегуфтанд. Тибқи анъана «Корвони Рустам» аз ҳавлии соҳибҷашн то маркази баргузории ҷашн ҳаракат мекард. Тамошогаронон бо шодиву фараҳ истиқбол менамуданд. Баъзе одамон боумед ё нияти барпо кардани чунин маросим аз сари роҳ ё болои бом ҷониби иштирокдорони «Корвони Рустам» туҳфаҳо мепартофтанд.
То қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баъзе одамон дар хатнасури фарзандонашон, ки 2-3 рўз ҳатто аз ин зиёдтар давом мекард, маъракаҳои «бузкашӣ» ё «куштигирӣ» барпо менамуданд (дар баъзе кишварҳои Осиёи Марказӣ ин маросим ҳоло низ вуҷуд дорад). Маъмулан баъди маъракаи «ошхўрӣ» пеш-пеши мошини пурбори туҳфаҳо карнайу сурнайнавозон, аз паси онҳо ба кавулҳо (доварҳо) ва паҳлавонон (човандозон) ба самти майдони куштигирӣ (бузкашӣ) раҳсипор мешуданд. Дар баъзе минтақаҳо пеш-пеши ин корвон паҳлавони номдор, баъзан бакавули маърака, ки аз ҳисоби паҳлавони калонсол интихоб мешуд (ҳамчун рамзи Рустам) то макони куштигирӣ мерафт. Ин амал идомаи ҳамон маросими «Корвони Рустам» буд.
Манбаъ: Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2022. – Ҷ.10. – С. 568-569.
Таҳияи Дилороҳ Сайдамирова,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ