Оё мехоҳед дар барномаи телевизионии “ШОҲАСАРИ БЕЗАВОЛ” ширкат кунед? Пас бо мо дар тамос шавед!
Барномаи муштараки Китобхонаи миллӣ ва телевизиони “Илм ва табиат”, “ШОҲАСАРИ БЕЗАВОЛ” давоми як сол мешавад, ки бо ҷалби васеъи дӯстдорони каломи мавзун ҷиҳати таъмини иштироки васеи ҷавонону наврасон, хонандагону донишҷӯён дар яке аз толорҳои Китобхона бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳзангӣ доир васабт мегардад.
Максад аз баргузории барномаи шоҳномахонӣ ин пеш аз ҳама баланд бардоштани савияи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ ва дар ниҳоди наврасону ҷавонон тақвият бахшидани ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва эҳтиром гузоштан ба ганҷинаи безаволи бузургони миллати тоҷик мебошад.
Барномаи доимии шоҳномахонии “ШОҲАСАРИ БЕЗАВОЛ” ҳар ҳафта рӯзи панҷшанбе дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ” сабт мешавад.
Ҳар касе хоҳиши ширкат дорад, метавонад бо телефонҳои (+992) 987650012; (+992) 556866668 тамос гирад.
Ҳадаф аз шумора ба шумораи дигар шавқавару диданӣ кардани барнома мебошад.
Абдуғаюр САЛОМОВ