Оё тарҷумаи китоби Hinz Walther Neue Wege im Altprsischen зарур аст?
Солҳои охир тақрибан ҳеч пажӯҳише оид ба забонҳои куҳани эронӣ, бавижа, забони форсии куҳан, забонҳои эронии куҳан (қадимтарин, асрҳои миёна), протоиронӣ ва эронии оғозӣ ба пажӯҳиш дар бахши маводи ба ном Nebenüberlieferung-ҳо имконпазир аст. Пажуҳиши Nebenüberlieferung-ҳо, махсусан, дар бахши системаи фонологӣ ва лексикология аз ҳама зарурист ва асаре ҳич бе ин гуна пижӯҳиш дар охири асри XX ва аввали асри XXI ба пайдо наомада.
Маводи забонии форсии куҳанро, ҳарчандки хеле хуб пештар омӯхта шуда буд, омӯзиши анъанаҳои аққодӣ, ошурӣ, бобилӣ, эламӣ, оромӣ, йаҳудӣ, йунонӣ, арманӣ тақрибан сечанд (!) афзуда аст. Лексиконе, ки бар асари омузиши Nebenüberlieferung-ҳо (дар русӣ онро на он қадар дурусту рушан «побочные» источники тарҷума кардаанд) фароҳам оварда шуда, барои омузиши морфонологӣ, ки дар кишвари мо ҳанӯз ҳам оғоз нашуда чунонки мебояд – хеле ва хеле зарурист.
Китоби «Neue Wege im Altpersischen» («Сухани нав дар форсии куҳан») дар паҳлуи асари R. T. Hallock (Persepolis Fortification), M. Mayrhofer (Onomastica Persepolitana – Das altiranische Namengut der Persepolis – Täfelchen), R. A Bowman Aramaic Rutual Texts from Persepolis), I Gershevitch (Amber at Persepolis ва дигар китоби ҳамин В. Ҳинтс Altiranisches Sprachgut der Nebenüberlieferungen) аз намоёнтарин асарҳои дар ин соҳаи навтарини Лингвистика аст. Аз ин рӯ, онро мустақиман аз олмонӣ тарҷума намуда, чоп кардани онро хеле зарур ва бамаврид мешуморем.
Ин китоб аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик Бобоназар Бобохонов тарҷума мешавад ва Китобхонаи миллӣ ба чоп хоҳад расонд.
Таҳияи сармутахассиси
Маркази “Тоҷикшиносӣ”
Мукумова Шаҳло.