Озарахш: Шеъри кӯдак бояд озмуни худашро дошта бошад

Субҳи рӯзи сешанбе саодати мулоқот бо Шоири халқии Тоҷикистон устод Озарахш доштам Устод Озарахш ҳам аз ҷумлаи ҳакамони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар бахши шоирӣ буданд, ки рӯзи қабл ба анҷом расида буд.

Бароям фурсати муносибе буд. Ин аввалин мулоқотам бо Шоири халқии Тоҷикистон устод Озарахш. Ҳарчанд чанде пештар ду-се тамосу суҳбати кутоҳи телефонӣ доштем. Ман, ки бо даъвати Бобоҷон Шафеъ аз ошёнаи панҷум поин омада будам, гуфтанд: Раҳима, Озарашро ҳар рӯз дар кӯчаҳои Душанбе намебинӣ. Аз ин рӯ, ин фурсати кутоҳро ҳам ғанимат шумор.

Устод Озарахш сафари бозгашт ба Хуҷанд доштанд ва мунтазири муошину ҳамроҳон. Вале бо вуҷуди он ки ҳамсафаронашон дам ба дам занг мезаданд, бо мо суҳбат карданд.

Чун вақт танг буд, танҳо дар бораи озмун суол кардам, яъне таасуроташон аз Фурӯғ ва пешниҳодҳояшон барои такмили ояндаи он. Ум едворам оянда бо ишон суҳбатҳои дигаре аз шеъру шоириву адабиёт фарҳанг хоҳем дошт.

Инак, он таассурот:

Табрик мегӯям ҳамаи мардуми Тоҷикистонро барои озмуне, ки имсол ҳам баргузор шуд. Ин озмун кори сода нест, сода менамояд, аммо ин як инқилоби фарҳангист барои миллати мо. Медонед, ҳозир як замони бисёр вазнин аст: куруно, офатҳо, бемориҳо, шикастани сарҳадҳо, ҷангуҷӯҳо, вайронии шаҳру деҳаҳо дар олам зиёд аст. Як беморие Сайёраро фаро гирифта аст, дастаҷамъӣ бояд роҳи наҷоташро пайдо кунанд.

Худованд ҳамаро дар як имтиҳони сахт гирифтор кардааст.

 Ана дар ҳамин шабу рӯз тасаввур кунед як модар аз Дарвоз меояд ва шеър мехонад, достони “Ҷони ширин”- и Турсунзодаро мехонад. Як мӯсафеди дигар аз Фархор меояд ва достони дигарро мехонад, аз адабиёти муосир мехонад. Як нафар  дигар аз Зарафшон омада аст. Аз Бадахшон, аз Хуҷанд омадаанд 70 солаанд. Ва ин қадар мехонанд, ин қадар медонанд, ки одам аз ҳайрат меафтад, ки ман бо ашк тамошо кардам ин чизро. Мардум дар ҳамин ҳолат, дар ҳамин шароит омадаанд, ки шеър бихонанд, қисса бигӯянд.

 Ман чизеро мегӯям, ки дидам ин шабу рӯз.

Ин бисёр чизи қиммат аст, рӯ овардан ба фарҳангу ба китоб. Ин як давлати бузург аст. Миллати мо ҳамеша ҳамин хел буд, рӯзҳои сахттаринро аз сар гузаронд ва худашро наҷот дод. Ва ҳамин раҳи наҷот раҳи фарҳанг буд. Дуруст аст, ки аввал сиёсат асту иҷтимову иқтисод аст, лекин ҳамеша миллати моро дар тамоми давру замонҳо фарҳанг ва китобхонияш наҷот додааст.

Масалан дар ҳамин шабу рӯз рӯ овардан ба китобу китобхонӣ чизи одӣ нест. Ман табрик мегӯям хурду бузургро. Масалан кӯдаки синфи 3, 5, 6 , чунон сӯҳбат мекунад, ки ман ҳайрон мешавам. Э вой хеле аз мо пеш рафтанд бачаҳо. Ин қадар дониш доранд. Баъди 5 сол хеле пеш мераванд, чунон шеър мехонанд, ки ҳамаро ҳайратзада хоҳанд кард.

Якум гавҳаре, ки дораду бояд истифода кунад, бо худаш аст ва бо худаш мебарад. Дуюм ин ки пул ҷудо кардааст, ки ин пулро барои китобхонҳо диҳед. Дар куҷо барои китобхонӣ пул медиҳанд? Ин ҳам пули хурд нест. Китоб хонед, маблағ гиред. Ду баробар. Ду ганҷ барои як нафар. Ҳам китоб мехонад, ганҷе, ки ҳамроҳи худаш аст, ҳам пуле, ки мегирад ва истифода мебарад.

Мо дар номинаи шоирӣ будем. Охир хеле хуб аст, ки ҷавоншоире биёяду шеърашро бихонад ва  ҳудуди 20 -30 ҳазор пул бигирад ва аз як гӯшааш метавонад китоб харад аз як гӯшааш китобашро нашр кунад, метавонад зиндагӣ кунад.

Агар падараш Русия ба муҳоҷират равад, дар як сол ин пулро кор мекунад. Кӣ медиҳад 30 ҳазор сомонӣ? Хеле ҳадяи бузург аст, инро эҳтиёт бояд кунем. Ҳам хониши китоб, ҳам он ҳадяе, ки аз тарафи ҳукумат омадааст. Бояд тамоми қоидаҳояшр нағз риоя кунем, нағз риоя кунем, ки фиреб нашавад ба китобхонаҳо.

Рафти ин озмун, ки аз тарафи телевизион пахш мешавад, монанди як силсилафилм аст. Мардум мешинанд, мебинанд филми бадеӣ, бовар кунед, театр ҳам ҳамон ҷост, ханда ҳам ҳамон ҷост, ашк ҳам ҳамин ҷост. Ин хеле қиммат аст. Вақте телевизионро рушан мекунед, як пиразан ғазал мехонад аз Ҳофиз, метавонад як рӯзро зебо кунад. Ин хеле хуб аст, ин гавҳарро бояд чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем.

Имсол китобхон зиёд шудааст, маблағи ҷоиза ҳам зиёд шудааст. Ин хеле хуб аст.

Аммо барои озмуни оянда мо метавонем банду басташро такмил диҳем.  Метавонем ба низомномааш тағйирот ворид кунем. Масалан барои озмуни шеър як озмуни шеъри бачагона намерасад. Шеъри кӯдак бояд озмуни худашро дошта бошад, адабиёти кӯдак баҳодиҳандаи худашро. Ва барои наср ҳам ҳамин тавр. Драматургия низ. Ва инҳо ҳама бояд тадриҷан вориди номинаҳои озмун шаванд ва ин боис мешавад он аз сол ба соли дигар такмил ёбад.

 Ин чизҳо оянда бошанд. Озмуни драмнависон бояд дигар бошад, ҳамроҳи драмнависон бояд аҳли театр иштирок кунанд, аз даруни ҳамон озмун барои театр ягон чиз интихоб кунанд.

   Озмуни алоҳидаи драмнависон дар дохили озмуни наср. Озмуни адабиёти бачагона дар дохили озмуни наср бошад алоҳида барои адабиёти кӯдак. Ин чизро бояд оянда ба назар гирем. Бовар кунед ман хеле хушнуд шудам, ки мардуми мо рӯ ба фарҳанг меоранд, рӯ ба китоб  меоранд…

Раҳима Аъзам