Қозӣ Мулло Абдулазиз Роқими Бухороӣ

Бумага-и-пероАз шуарои асри 13 ҳиҷрӣ аст. Ба муносибати фатҳи Шаҳрисабз дар мадҳи амир Насруллоҳ (Ботурхон) қасида иншод карда, моддаи таърихро некў рақам задаст.

( Аз «Туҳфа – ул – аҳбоб» ба тариқи интихоб ):

Аз пайи тасхири Кеш афрохт раъйат ҳимматаш,

Ёвараш таъйиду насри ҳазрати Халлоқ буд.

Фатҳ шуд он шаҳр, бидъат – бартараф, зоҳир – салоҳ,

То зи айни адли ў як ламъаи ишроқ шуд.

« Фатҳи шаҳру касри бидъат, насби адлу рафъи зулм»

Баҳри таърихаш аён дар кишвари офоқ шуд.

Махфӣ мабод, ки фатҳи шаҳр (ш), қасри бидъат (б), насби адл(айн), рафъи зулм (з, изғӣ) аст. Ин ҳуруфи чаҳоргона баҳисоби ҷумал ( абҷад) 1272 аст, ки санаи матлуба аст.

Садриддин Айнӣ.
“Намунаи адабиёти тоҷик”,
Душанбе соли 2010.