Озмун ҷамъбаст гардид. Ғолибони ҷойҳои якум барои дарёфти “Шоҳҷоиза” сабқат меороянд

 

Озмун ҷамъбаст гардидИмрӯз озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”  дар тамоми номинатсияҳо ба итмом расид. Акнун ғолибони ҷойҳои якуми ҳамаи номинатсияҳо дар 4 гурӯҳ барои дарёфти “Шоҳҷоиза” рақобат хоҳанд кард.

Маврид ба зикр аст, ки имсол дар аз фарқ аз солҳои қабли “Шоҳҷоиза”-и озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” аз 1 адад ба 4 адад расонида шуд. Ҳамакнун ҳар 4 гурӯҳи довталабон ғолибони “Шоҳҷоиза” муайян мегарданд.

Бояд гуфт, даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” 7 уми ноябр оғоз гардида,  дар он 547 довталаб аз рӯи 5 номинатсия: адабиёти кӯдакон, адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, ададбиёти ҷаҳон ва эҷоди назму наср миёни ҳам рақобат намуданд.

Дар назар аст санаи 21 уми ноябр тамоми ғолибони ҷойҳои якум барои дарёфти “Шоҳҷоиза”-и гурӯҳи худ сабқат намоянд.

Қарор аст маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни мазкур  23 юми ноябр дар толори Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор шавад.

Наргис Назарзода