Озмун-воситаи муҳими тарғиби китоб ва рушди анъанаи китобхонӣ
Дар шароити имрӯза-даврони таҳаввулоти азими иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол масъалаи тарбияи маҳорату малакаҳои мустақилона аз худ намудани дониш, бо китоб кор карда тавонистан, аз анбуҳи бузурги иттилоот ҷудо карда тавонистани маълумоти барои кору фаъолият ва зиндагӣ зарурӣ аҳмияти хоса пайдо мекунад. Зеро хониши мустақилона, моҳияти тарбиявии он, манфиати он барои худомӯзӣ ва эҷодиёт дар шароити имрӯза кафолати рушд ва камолоти рӯзафзуни шахсияти наврасону ҷавонон ва дар маҷмӯъ рушди ҷомеаи тозаистиқлоли Тоҷикистон ба шумор меравад.
Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: «Китоб дар рушди маънавиёту маърифати инсонӣ нақши асосӣ мебозад. Аз ин рӯ, дар ҳар як хонадон бояд китобхонаи шахсӣ вуҷуд дошта бошад, то ки наслҳои имрӯзу оянда, махсусан наврасону ҷавонон ба китоб унс гиранд ва қадр кардани онро ҳамчун манбаи донишу маърифат омӯзанд. Дар ин кор падару модарон бояд намунаи ибрат бошанд ва шавқи китобхониро дар дилу шуури фарзандон бедор кунанд». Ин ҳидоятҳои Пешвои миллат ба масъалаи ҳамкории оила ва китобхонаҳои бачагона ва мактабӣ дар самти ташаккули фарҳанги хониши наврасону ҷавонон робитаи мустақим дорад.
Китобро тарбиятгари башар маҳсуб донистанд барҳақ аст, чун ки таввасути офаридаҳои ҷолибу муассир, панду андарзҳои тарбиятбахш метавон дар ниҳоди инсон таъсири амиқ гузошт. Хоса дар ниҳоди наврасону ҷавонон, ки ояндасози миллатанд, бояд волидон, мактаб ва ҷомеа ба воситаи ин дурри маънӣ, устоди беминнат ва калиди дари пирӯзӣ меҳру муҳаббати ногусастаниеро пайдо намуд.
Китоб инсонро аз ибтидо то интиҳои умр сабақомӯз аст. Пас мо, калонсолонро шарт ва зарур аст, ки фарзандони хешро на дар боғча ва мактаб, балки аз рӯзҳои аввали таваллуд, ҳангоми ба забон овардани аввалин калима ва нахустин қадамгузории тифл тавассути аллахонӣ, афсонаву қисаҳо тарбият намоем.
Ба воситаи ин офаридаҳои рангину ҷолиб наврасону ҷавонон ба зебоиҳои табиат, ба обу хоки Тоҷикистони соҳибихтиёр-Ватани ягонаи мо дил мебандад.
Мардуми фарҳангпарвар ва ҳунардӯсти тоҷик дар эҷоди китобу китобхона миёни миллатҳо пешрафта ба шумор меравад. Дар ҳама давру замон рӯи дасти миллати тоҷик китоб буд. Кору рӯзгорашро бо мутолиаи китоб рангу бори маънавӣ мебахшид. Аҳмияти китоб, бахусус дар тарбияву ҳидоят ва ташаккули шахсияти насли нарасу ҷавон бениҳоят бузург аст.
Бояд зикр кард, ки фаъолияти китобхонаҳоро ҳамчун муассисаи иттилоотӣ, фарҳангӣ, таълимӣ ва тарбиявӣ бе ҷалби наврасону ҷавонон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Маҳз наврасону ҷавонон метавонанд дар мувофиқу мутобиқ сохтани фаъолияти китобхонаҳо саҳамгузор бошанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бамаврид зикр намудаанд, ки «Нақши китоб ва китобхонаҳо барои тарбияи наслҳои имрӯзу оянда хеле муҳим аст. Китобхонӣ ҷузъи муҳимми тарбияи насли наврасро бояд ишғол кунад. Миллати мо бо китоб ва китобхонӣ, заковат ва маърифатнокии худ дар ҷаҳони мутамаддин мақоми шоиста касб кардааст», барои гулгулшукуфоии Тоҷикистони соҳибихтиёр-Ватани ягонаи мо ва ҷалби наврасону ҷавонон дар ин амали созанда чунин маслиҳат додаанд: «Насли ҷавони моро зарур аст, ки ҳар чӣ бештар ба илмҳои дақиқу бунёдӣ рӯ оваранд, аз дастовардҳои илму техникаи муосир бархӯрдор гарданд».
Воқеан китоб чашми бино ва ойинаи рӯнамои халқу миллат аст.
Ҳанӯз соли 1901 муаррихи маъруфи рус И.Гейер дар хусуси донишу фарҳанги тоҷикон гуфта буд: «Дар миёни миллатҳои Осиёи Марказӣ тоҷикон мардуми босаводу бофарҳанг буда, кулли дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ ва меъмории минтақа натиҷаи заҳмати онҳост».
Шоиста ба зикр аст, ки ҳар як иқдом ё санае, ки аз олами афкору андешаҳои сабзу созандаи Сарвари давлат арзи вуҷуд мекунад, боиси болоравии маънавиёти мардум, бахусус мактабиён, наврасону ҷавонон ва қишрҳои мухталифи ҷомеа мегардад.
Аз ин рӯ, бояд ҷавонон ба қадри китоб бирасанд, вақти пурқимати худро ба беҳудагардию корҳои ношоиста сарф накарда, бештар китоб хонанд, то дар зиндагӣ душворие садди роҳи онҳо нагардад. Боиси ифтихору шукргузорист, ки бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли шашум аст, ки бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвариву сухандонӣ, арҷгузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносӣ, ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва баландгардонидани доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад.
Зикри ҳамин нукта ба маврид аст, ки МД «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар амал татбиқ намудани сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, аз ҷумла Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тадбирҳои муассир андешида, як қатор чорабиниҳоро ба нақша гирифтааст. Тибқи дастуру супоришҳои директори Китобхона, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Файзализода Ҷумахон Хол пайваста дар байни нарасону ҷавонон озмун ва маҳфилҳои шеъру сурудхонӣ доир мегарданд. Баргузории чунин чорабиниҳо насли ояндасози миллат, аз ҷумла наврасону ҷавононро ба мутолиаи китоб, аз бар намудани каломи бадеъ ва илму ҳунар ҳидоят намуда, дар замири онҳо меҳри китобу донишро ташаккул дода, сатҳи маънавиёти ононро баланд мебардорад.
Бо ибтикор ва дастгирии роҳбарияти Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»–и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» озмуни ҷумҳуриявӣ эълон шудааст, ки мақсади он арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омўзиши амиқу ҳамаҷонибаи корнамоиҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат, таҳкими Ваҳдати миллӣ, эъмори модели нави давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ ва ба ин васила дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, ифтихори миллӣ, тақвияти қобилияти кордониву роҳбарӣ, омўзиши ҳамаҷонибаи Мактаби давлатдории Пешвои миллат миёни қишри ҷавони аҳолии кишвар, бахусус донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ иборат мебошад.
Аз ин рӯ, зарур мешуморам, ки барои тақвияти неруи зеҳнии наврасону ҷавонон ва ҷалб намудани онҳо ба китобхонаҳо тадбирҳои зерин амалӣ шаванд:
- Ташкил озмуни «Хонандаи сол»;
- Баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ бо хонандагон;
- Баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» байни хонандагони китобхонаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ;
- Ташкил ва баргузор намудани мизи муддавар бо иштироки бевоситаи хонандагон;
- Дар рӯзҳои таътилҳои зимистонаю тобистонаи хонандагони муассисаҳои таълимӣ барномаи «Сайри китоб» бо усули хона ба хона тақсим кардан дар саросари ҷумҳурӣба роҳ монда шавад;
- Таҷҳизонидани китобхонаҳои деҳот бо технологияи муосири иттилоотӣ, таъсиси китобхонаи электронӣ ва пайваст намудани онҳо ба шабакаи ҷаҳонии Интернет;
Дар ин замина мо кормандони МД «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, ҷавононро дар рӯҳияи китобхонию китобдӯстӣ ва ба ин восита баланд бардоштани сатҳи худшиносию худогоҳии онҳо саҳми арзанда мегузорем.
Замира Ҳомидова
кормандони МД «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.