Озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст». Бибимарям 5000 мисраъ шеър азёд кардааст!
Бибимарям Раҳмонова ба номинои хондан ва аз бар кардани адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ ҳамроҳи бибияш аз ноҳияи Вахш омад. Ў дар даври вилоятӣ аз номинои мазкур ҷои аввалро ишғол намуда, шарафи ширкат дар даври ниҳоиро соҳиб шудааст.
Хонандаи синфи 4 – и мактаби рақами 3 – и ноҳияи Вахш аст, ки 5000 мисра шеър, 100 ҳикоя, 120 афсона медонад. Достони “Ғалабаи Таня”- ро пурра аз бар медонад. Дар озмуни вилоятии “Мавлоношиносӣ” аз рӯи номинои маснавихонӣ ҷои аввалро соҳиб гардид.
Бибимарямро бибияш, ки муаллимаи фанни технология дар мактаби миёнаи рақами 3 аст, омода намудаст.
Соли дуюм аст, ки дар ҳамин номинатсия иштирок мекунад. Соли аввал то даври вилоятӣ роҳхат гирифт ва ин ба ў бовар бахшид, ки то даври ҷумҳуриявӣ хоҳад расид.
Бибияш гуфт ў дар оянда эҷодкор шуданист, барои эҷодкор шудан бояд таҳкурсӣ дошта бошад, бисёр мутолиа дошта бошад.
Падару модари Бибимарям омӯзгоранд. Падараш аз фанни забону адабиёти тоҷик ва модараш аз фанни технология ба насли наврас дарс медиҳанд.
Бибияш мегӯяд набераҳояш дар озмунҳо иштирок кардаанд ва дар донишгоҳҳои бонуфуз таҳсил доранд.
Бибии Бибимарям аз мушоҳидаҳояш дар вилояти Хатлон изҳор дошт, ки он хеле шаффоф гузашт. Дар озмуни ҷумҳуриявӣ низ аҳамият додам, ҳакамон хеле талош доранд, ки шаффофият дида шавад.
– Ҳама дар ҳаяҷон аст ва ҳама мехоҳанд соҳиби ҷойҳои намоён шаванд. Аммо ҳама ҷо гирифта наметавонад. Озмун озмун аст.
Бибимарям пагоҳ дар озмун иштирок мекунад.Имрўз омадааст, то бубинад, ки довталабон чӣ гуна ширкату суханронӣ менамоянд.
Бибимарям гуфт мехоҳад тарҷумони забонҳои хориҷӣ шавад ва ин суханҳоро низ ба забонҳои хориҷӣ гуфта тавонад. Аз ў пурсидам, ки агар сазовори ҷойҳои намоён нашавад, руҳафтода мешавад, гуфт не. Чун дар озмунҳои зиёде иштирок намудааст ва медонад, ки озмуни сатҳи ҷумҳуриявӣ чӣ гуна аст.
Раҳима БОБОЕВА, шуъбаи
тарғиб ва баргузории
чорабиниҳои фарҳангӣ.