Озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст». Гесу мехоҳад оянда ҳуқуқшинос шавад

Гесу СироҷиддиноваГесу Сироҷиддинова, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Ширинчашмаи ноҳияи Ёвон, хонандаи синфи сеюми мактаби таҳсилоти умумии рақами 10, яке аз иштирокчиёни хурдсоли озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар номинаи хондан ва аз бар кардани адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ маҳсуб меёбад. Ба гуфтаи худаш беш аз 100 китоб мутолиа намуда,  зиёда аз  200 шеър ҳифз намудааст, ки дар умум,  5000 мисраъро ташкил медиҳад.

Гесу СироҷиддиноваВай мегӯяд, соли сеюм аст, ки дар озмун иштирок мекунад.  Соли қаблӣ то давраи вилоятӣ ғолиб омада, ба марҳилаи ҷумҳуриявӣ роҳ наёфтааст. Вале имсол хушбахтона, дар қисмати ниҳоии озмун роҳ ёфтааст. Вай гуфт: “Ман боварӣ дорам, ки сазовори ҷойи якум мегардаму сарбаландона ба зодгоҳам меравам. Барои то ба ин марҳила расидани ман бибии беморам, модарам ва падарам аз Федератсияи Русия, омӯгорам Файзалиева Мунира ва Раҳимова Фирӯза саҳми назаррас доранд”.

Гесу мехоҳад дар оянда ҳуқуқшинос шавад. Вай мегӯяд  ман аъзои фаъоли шуъбаи кӯдакону наврасони Китобхонаи миллӣ мебошам ва мехоҳам дар оянда ҳуқуқшиноси хубе шуда, ҳуқуқҳои духтаронро, ки барои таҳсил кардан волидонашон монеа мешаванд, ҳимоя намоям”.

Фарзонаи МИРЗО