Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”. Идомаи сабқатҳо миёни гурӯҳи 4 уми довталабон

ОзмунОмӯзгорони ҳамаи зиннаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабиии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун миёни ҳам рақобат мекунанд. Сабқатҳои зеҳнӣ миёни гурӯҳи 4 уми довталабони “Фурӯғ…” идома меёбад. Тайи 2 рӯзи охир аз рӯйи 4 номинатсия: адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назму наср гурӯҳи охири озмун баромад доранд.

Дар ин гурӯҳи довталабон кормандони касбу кори гуногун аз тамоми манотиқи кишвар барои озмудани маҳорати худ ба даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”- омадаанд. Мо дар баромади чанде аз довталабони ин гурӯҳ иштирок намуда, бо онҳо суҳбате анҷом додем.

Аз ноҳияи дурдасти Зафаробод Наргис Сидиқова – омӯзгори синфҳои ибтидоӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 – и ноҳияи мазкур аз рӯи номинатсияи адабиёти муосири тоҷик  дар озмун ширкат мекунад. Ӯ дар суҳбат ба мо гуфт, ки дар баробари иштирокаш дар озмун, ҳамчунин шогирдонашро омода намудааст, ки онҳо низ то даври ниҳоӣ омада ва донишу маҳорати худро нишон додаанд.

Наргис СидиқоваМан дар оилаи мӯзгор ба дунё омадаам ва барои китобхонӣ аз хурдӣ моро пдару модарам роҳнамоӣ мекарданд. Аз ин рӯ, мо ба китоб шавқманд шудем ва хеле хушбахтам, ки довталаби чунин як озмуни сатҳи баланд ҳастам”- мегӯяд ин омӯзгори ҷавон аз ноҳияи Зафаробод

Абдуворис Абдуҷабборов – омӯзгори Литсейи рақами 1-и шаҳри Истаравшан аз номинатсияи адабиёти классикии тоҷик ширкат мекунад. Мавсуф 141 ғазал, 180 рубоӣ ва дубайтӣ, 200 байт достон, 150 байт қасида ва дигар анвои шеъриро аз бар намудааст. Номбурда мегӯяд соли сеюм аст, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирок менамоям ва ҳар бор иштирок дар озмун дониши моро қавӣ мегардонад.

“Умедворам сазовори ҷойи намоён мегардам. Тайёрии ҷиддӣ дидаам ва ҳакамон ҳам баромадамро хуб баҳогузорӣ карданд”, – мегӯяд Абдуворис Абдуҷабборов

Дар номинатсияи эҷоди назму наср низ довталабони ин гурӯҳ хеле фаъол буданд. Садафмо Абдуназарова – омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6-и ноҳияи Вахш аз номинатсияи эҷоди наср ширкат варзида, тибқи низомнома 5 ҳикоя, 5 афсона, 1 драма, 1 повест, 2 эссе пешниҳод намудааст. Ӯ зимни суҳбат гуфт, як муддат аз навиштан дур мондам, аммо дубора ба он рӯ овардам. Аз хурдӣ ба навиштани ҳикояву қиссаҳо шавқ доштам, вале муддате онро канор гузоштам. Акнун бо баргузории чунин озмунҳо ва рақобатҳои зеҳнӣ дубора  мехоҳам ба наср рӯ оварам ва умедворам сазовори ҷойи намоён мегардам.

Ба ин гурӯҳи довталабон ки аксарият фаъоляити пурсамари омӯзгорӣ доранд ва барои озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ шогирдони худро омода намудаанд, барор мехоҳем.

Бояд қайд намуд, ки рақобат миёни гурӯҳи 4 уми двоталабон омӯзгорони ҳамаи зиннаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабиии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун то 19 уми ноябр идома хоҳад кард.

Наргис НАЗАРЗОДА,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа