Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”. Нозанин Умарова 159 достон азёд кардааст

Нозанин УмароваНозанин Умарова, хонандаи синфи дар гимназияи рақами 2 – и ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Бӯстон аст, ки 150 ғазал азёд кардааст. Ҳамроҳи модаркалонаш ба озмун омадааст ва мегӯяд 159 достон, 120 қасида ва 131 рубоиву дубайтӣ медонад.

Бори аввал иштирок кардаву соҳиби роҳхат ба даври ниҳоӣ шудааст.  Нозанин умедвор нест, ки сазовори ҷои аввал гардад, аммо агар сазовори ҷои намоён шавад, хушҳол мегардад. Пули аз озмун ба даст овардаашро мехоҳад ба рушди донишаш масраф кунад.

Мегӯяд рӯзе 5-6 соат китоб мехонад. Мутолиаи китобҳо тавсияи  модаркалон ва устодонаш аст. Падари Нозанини дарбон ва модараш дӯзанда аст.

Ин духтараки зебочеҳраву доно, ки дар оянда табиб шуданист, барои духтур шудан мутолиаи китобҳоро аз шартҳои асосии ин касб шуморид. Асарҳои адибони ҷаҳонро низ хеле мехонад, фарзи мисол “Аввалин устод”- и Робин Гард. Забони англисиро медонад, ғайр аз дарсҳои иловагӣ вақте падараш шабакаҳои англисиро тамошо мекард, Нозанин тезҳушу чаққон нишаста гӯш мекард. Ин тавр аз барномаҳои англисӣ ва дарсҳо забон омӯхт.

Китобҳоеро ки аз китобхонаи мактабаш намеёфт, ба ҷустуҷӯ мепардохт. Тавассути телевизион иштироки кӯдакону наврасонро тамошо мекард, шавқи дар озмун ширкат кардан ӯро ба пойтахт овард ва дар назди доварони сахтгиру пурмасъул суханронӣ намуд.

Нафъи китобхониро дар чӣ мебинӣ, саволе буд, ки дар хотимаи сӯҳбат аз ин наврас пурсидам.

“Вақте шумо дониш доред, шуморо ҳурмат мекунанд, агар илм надошта бошед, касе ба шумо эътибор намедиҳад”,-посух дод ӯ.

Раҳима БОБОЕВА шӯъбаи
тарғиб ва баргузории
чорабиниҳои фарҳангӣ.