Озмуни “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” гоме ба сӯи худшиносӣ

photo_2024-09-26_16-39-44Бо мақсади арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллӣ ва бедор намудани ҳисси ватандӯстии ҷомеа, алалхусус насли ҷавон якчанд озмунҳо байни наврасону ҷавонон ташкил ва баргузор гашта истодааст.  Масалан, озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон ватани азизи ман” ва бори аввал озмуни ҷумҳуриявии “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” бо ташаббуси Муассисаи давлатии “Китобхонаи милли”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст, аз ин зумраанд. Даври аввали ин озмун моҳи майи соли ҷорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баргузор гардида, беҳтаринҳо ба даври дуюм ва ниҳоии озмун роҳхат гирифтаанд.

Даври ҷамъбастии озмун тӯли чор рӯз аст, ки дар Китобхонаи миллӣ дар сатҳи баланд ва фазои хубу хотирмон баргузор гашта истодааст.  Тибқи низомномаи озмун ҷойи аввал ба он нафаре дода мешавад ки беш аз навад дарсади асарҳои Пешвои миллатро мутолиа ва ҳифз карда бошад. Ғолибони даври ниҳоии озмун баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба ихтисоси интихобкардаашон, барои идомаи таҳсил, зинаи магистратура ва маълумоти дуюми олӣ ба муҳлати се сол бе супоридани имтиҳон тибқи тавсианомаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи ройгон ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои касбии баъд аз муассисаҳои олии таълими мамлакат қабул мешаванд. Ҳадафи асосии роҳандозии ин озмун ба роҳи дурусти хештаншиносию ватандӯстӣ сафарбар шудани ҷавонон ва бархурдор шудан аз мактаби давлатдории Пешвои миллат аст. Ин гуна озмунҳо ҷавонони моро руҳбаланд карда, бо имтиёзҳои зиёде ки дорад онҳоро ҷалб месозад.

Асарҳои Пешвои миллат «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Тоҷикистон дар остонаи фардо», «Ҷавонон ояндаи миллат», «Тоҷикон дар оинаи таърих, Аз Ориён то Сомониён», «Истиқлолият неъмати бебаҳост», «Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугўи тамаддунҳо», «Чеҳраҳои мондагор» дар тарбияи ҷавонон  таъсири хуб дорад.  Хонанда ҳангоми мутолиаи «Чеҳраҳои мондагор»  имкон пайдо меунад, ки доир ба шахсиятҳои варзида ва нобиғаи давр, ба монанди Куруши Кабир, Зардушт, Муҳаммад (с), Имоми Аъзам, Абўабдуллоҳ Рўдакӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Бобоҷон Ғафуров, Сотим Улуғзода ва дигарон маълумот пайдо намуда, аз хислатҳои ҳамидаи онҳо ибрат гирифта, зиндагии шоиста намояд. Инсоне, ки аз таърихи ниёгони худ бохабар аст, метавонад вазъияти зуд тағйирёбандаи ҷаҳони имрўзаро низ дарк намояд, ояндаро тасаввур созад. Мақсади Пешвои миллати мо низ ҳамин аст, ки ҷавонон бояд худогоҳ бошанд, дар ҷаҳони пурталотум мавқеи устувори шаҳрвандии худро нигоҳ дошта, дар пешрафт, ободӣ ва суботи мамлакат саҳмгузор бошанд. Хонандаи асарҳои Пешвои миллат бояд  амалеро иҷро намояд, ки ба нафъи миллату давлат ва ояндаи дурахшони Ватани азизамон бошад, зеро муаллиф дар асарҳои хеш хислатҳои ҳамидаи инсониро тараннум намуда, ҳамеша манфиати ҷомеа ва давлатро аз манфиатҳои шахсию гурўҳӣ боло гузоштаанд. Ба ҳамин хотир ҷавононро зарӯр аст,  ки  аз таърихи миллати худ аз он фарзонафарзандоне, ки миллати тоҷикро аз аввал то ба имрӯз муаррифӣ карда, мероси гаронбаҳое барои мо ба мерос гузоштанд донанд, хидматҳои онҳоро қадр кунанд ва давомдиҳандаи роҳи онҳо бошанд.

Носирова Шавқинисо, мутахассиси шуъбаи матбуоти даврӣ.