Озмуни “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат”. Забони тоҷикӣ ва санҷиши замон

Забони-миллатСултон Алоуддин Муҳаммади Хоразмшоҳ, ки дар остонаи ҳамлаи муғул Мовароуннаҳру Хуросон ва шимоли Ҳиндро зери итоати худ нигоҳ медошт, бо мақсади густариши давлати хеш шоҳзодаи тоифаи нойманҳо-Кучлукро, ки аз дасти Чингиз гурехта, ба дарбори Қарахониён паноҳ оварда буд, бар зидди Қарахониён барангехт ва бо дасти ў давлати Қарахониёнро барҳам зад. Давлати Қарахониён дар байни давлати Хоразмшоҳиён ва Чингизиён ба сифати садде қарор дошт ва баробари аз байн рафтани ин давлат Хоразмиён ва Чингизиён бо ҳам ҳамҳудуд шуданд ва барои ҳамлаи Чингизиён ба давлати Хоразмшоҳиён дигар садде боқӣ намонд.

Баҳонаи ҳамлаи Чингизиён ба давлати Хоразмшоҳиён дар таърих бо номи “Фоҷиаи Утрор” маъруф аст. Ин фоҷиа аз он иборат аст, ки 450 тан аз тоҷирони муғул, ки бо ҳидояти Чингиз ба хотири тиҷорат ба Утрор омада буданд, ба ҷурми ҷосусӣ аз тарафи ҳокими Утрор-Ғоирхон ба қатл расонида шуданд. Чингиз аз Муҳаммади Хоразмшоҳ талаб кард, ки Ғоирхонро ба ў супорад ва оташи адоватро хомўш кунад. Вале ин талаби Чингизро Муҳаммади Хоразмшоҳ қатъиян рад кард ва соли 1219 лашкари истилогари муғул ба Утрор, ки дар марзи ин ду давлат қарор дошт, ҳамла кард.

Ҳуҷуми муғул, ки ба солҳои 1219-1223 рост меояд, аз ҳамин таърих, яъне тирамоҳи соли 1219 оғоз шуд ва қалъаи Утрор аввалин ҷое буд, ки баъди панҷ моҳи муҳосира ба дасти лашкари муғул афтод. Баъдан муғулҳо шаҳрҳои асосии Осиёи Миёнаву Хуросон-Бухоро, Самарқанд, Гурганҷ, Хуҷанд, Тирмиз, Балх, Марв, Ҳирот ва Нишопурро забт намуда, ба хок яксон карданд. Баъзе аз шаҳрҳо, аз қабили Ҳирот, Балх ва Марв дубора ишғол гардиданд зеро баъди ҳуҷуми аввалӣ ин шаҳрҳо шўриш бардошта, лашкари муғулро аз ҳудуди худ берун ронда буданд.

Аз шаҳрҳои Мовароуннаҳр мудофиаи шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Гурганҷ ва Хуҷанд дар таърихномаҳо ба таври муфассал тасвир шудааст. Дар натиҷаи истилои муғул Бухоро-шаҳре, ки чашму чароғи тамоми Мовароуннаҳр ҳисоб мешуд ва дар миёни шаҳрҳои мамлакатҳои исломӣ аз ҷиҳати ободӣ ва бисёрии уламо ва аҳли фазлу адаб камтар назир дошт, вайрон гардид. Муҳосира ва набарди Самарқанд дер идома ёфт. Дар рўзи шашуми муҳосираи шаҳри Самарқанд ҳангоми намози бомдод дарвозаи Намозгоҳ ба рўйи муғулҳо кушода шуд ва лашкари муғул ба шаҳр ворид гардида, даст ба қатлу ғорати мардум зад. Аз рўйи маълумоти Ибни Асир туркҳо низ дар ин муҳосира даст ба хиёнат заданд. “Сипоҳиён, ки дар ин ҷо ба сар мебурдаанд, чун турк буданд гуфтанд: мо ҳам аз нажоди муғулон ҳастем, моро намекушанд”. Вале аҳли Самарқанд бо лашкари тоҷики худ, ки зиёда аз 60 ҳазор нафарро ташкил медод, сахт мўхориба карда, дар набарди танбатан ҳазорон нафар ҷони худро барои шаҳри азизи худ нисор намуданд. Ҳукумати Хуҷандро дар он рўзгор Темурмалик, ки яке аз далертарин амирони Хоразмшоҳ буд, идора мекард. Мардонагӣ ва  қаҳрамонии дар дифои шаҳри Хуҷанд нишондодаи ў ифтихори тоҷикон аст ва устод Айнӣ дар қиссаи ”Қаҳрамони халқи тоҷик-Темурмалик” шуҷоату қаҳрамонии камназири ўро тасвир кардааст. Шаҳри Гурганҷ ё Урганҷ, ки пойтахти Хоразмшоҳиён буд, муддати ҳафт моҳ дар муҳосираи Чингизиён қарор дошт. Таърихнигорон муҳосира ва ҷанги қаҳрамононаи мардуми ин шаҳрро муфассал ба қалам дода, менигоранд, ки қисмати бештари аҳолии ин шаҳр тоҷикҳо буданд. Аз рўйи маълумоти “Ҷомеъ-ут-таворих”-и Рашидуддини Фазлуллоҳ панҷоҳ ҳазор лашкари муғул баъд аз ғасби Гурганҷ вазифадор шуданд, ки ҳар як 24 нафар асирро сар зананд.

Чингизиён шаҳрҳои Мовароуннаҳру Хуросонро яке паси дигар ба даст медароварданд ва пас аз хуруҷи онҳо аз шаҳрҳо танҳо харобазор боқӣ мемонд. Лашкари муғул ҳазорон ҳазор мардуми бесилоҳ, аз ҷумла, занону кўдаконро аз дами теғ мегузаронд.

Алоуддин Атомалики Ҷувайнӣ дар “Таърихи Ҷаҳонкушой” ҳақиқати ҳамлаи лашкари муғулро ба Бухоро аз забони як бухорӣ, ки аз Бухоро гурехта, ба Хуросон омада буд, чунин ба қалам овардааст: “Омаданду канданду сўхтанду куштанду бурданду рафтанд”.

Ин ҷумла на танҳо аз назари забонӣ, ки бо паси ҳам чида омадани феълро пураҳаммият аст ва матлаби гўяндаро ба пуррагӣ ифода мекунад, балки тавонмандии забони тоҷикиро нишон дода, тасвири ҳақиқати воқеӣ мебошад.

Ҳуҷуми муғулҳо ба сарзамини Хуросону Фарорўд хеле фоҷиабор сурат гирифт. Баъд аз истилои Хоразм лашкари муғул дар натиҷаи ҷангҳои шадид Тирмизу Балху Бомиён ва Ҳироту Нишопурро ба даст овард.Танҳо баъд аз истилои Марв аз рўйи маълумоти Атомалики Ҷувайнӣ дар “Таърихи Ҷаҳонкушой” як миллиону сесад ҳазор аз дами теғ гузаронида шуд. Дар Нишопур аз сари мардону занону кўдакон калламанора сохтанд. Шаҳри Бомиён ба хок яксон гардид. Аз руйи гуфтаи Атомалики Ҷувайнӣ, дар кишвар аз ҳазор нафар як нафар ҳам зинда намонд ва “ҳар шаҳре ва ҳар деҳеро чанд навбат кушишу ғорат карданд ва ҳанўз то растохез агар таваллуд ва таносул бошад, ғалабаи (афзоиши) мардум  ба ушри (даҳяки) он чи будааст, нахоҳад расид”…

 

Мо пораеро аз китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат-ҳастии миллат” иқтибос овардем. Ин китоб саропо факту рақам аз таърихи забони мост. Забоне, ки бо гузашти замонҳо, қатлу куштори аҷнабиён, китобсӯзиҳову фарҳангзудоиҳои бегонагон боз ҳам асолати худро ҳифз кард.

Мутолиаи ин китоб барои ҳар нафаре, ки ифтихороти миллӣ дорад, судманд аст. Шумо аз ин китоб маълумотҳоеро ҳам дарёфт карда метавонед, ки пештар нахондаву нашунида будед.

 

Шакли электронии китоб ин ҷост: ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ  https://t.me/pdf_library_kmt/480

Таҳияи Ойҷонгул Давронова,
сармутахассиси шуъбаи тарғиб ва
барномаҳои фарҳангӣ.