Озмуни имсолаи “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷамъбаст шуд. Шукрона Тоҳирӣ барандаи Шоҳҷоиза
15-уми ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид, ки дар он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо, ташкилоту созмонҳои эҷодӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, шарикони рушд, муассисаҳои таълимӣ, иштирокчиёни озмун, волидайни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ВАО иштирок намуданд.
Нахуст, раиси комиссияи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, муовини Сарвазири мамлакат Сатториён Матлубахон Амонзода суханронӣ намуда, таъкид кард, ки таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавии тамоми сокинони кишвар соли панҷум аст, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад. Имсол озмуни мазкур аз рӯйи 6 номинатсия – адабиёти кӯдакон ва наврасон, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назм ва эҷоди наср миёни хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 1-4), хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11), донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун баргузор гардид.
Ҷамъбасти натиҷаи озмун нишон дод, ки миёни хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4) дар номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон Мадина Амонзода-хонандаи синфи 1-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Зафаробод соҳиби ҷойи 1, Бежан Абдуалиев-хонандаи синфи 1-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ноҳияи Данғара соҳиби ҷойи 2, Шукрия Мусаябова-хонандаи синфи 4-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и ноҳияи Шоҳмансур соҳиби ҷойи 2, Гесу Сироҷиддинова-хонандаи синфи 4-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Ёвон соҳиби ҷойи 3, Фирдавс Фирдавсов-хонандаи синфи 4-и гимназияи инноватсионии “Душанбе” дар назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби ҷойи 3, Осия Аминова-хонандаи синфи 3-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №139-и шаҳри Ваҳдат соҳиби ҷойи 3, дар номинатсияи адабиёти классикии тоҷик Муҷтабо Толибзода-хонандаи синфи 4-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №94-и ноҳияи Сино соҳиби ҷойи 1, Абдураҳим Шарипов-хонандаи синфи 2-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18-и ноҳияи Шаҳристон соҳиби ҷойи 2, Гулчаман Ҷонова-хонандаи синфи 4-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-и ноҳияи Ванҷ соҳиби ҷойи 2, Муҳаё Маҳмудзода-хонандаи синфи 4-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Данғара соҳиби ҷойи 2, Аниса Мамадҷонова-хонандаи синфи 3-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и шаҳри Хуҷанд соҳиби ҷойи 3, Аҳдия Қодирова-хонандаи синфи 2-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и шаҳри Бӯстон соҳиби ҷойи 3, дар номинатсияи адабиёти муосири тоҷик Суман Саидова-хонандаи синфи 4-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №71-и шаҳри Ваҳдат соҳиби ҷойи 1, Осия Ғаффорова-хонандаи синфи 4-и гимназияи инноватсионии “Душанбе” дар назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби ҷойи 2, Сафия Маҳмудова-хонандаи синфи 1-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и шаҳри Бӯстон соҳиби ҷойи 2, Сумайя Қодирова-хонандаи синфи 4-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и шаҳри Бӯстон соҳиби ҷойи 3, Шараф Исмоилов-хонандаи синфи 4-и гимназияи №5-и шаҳри Истаравшан соҳиби ҷойи 3, Омина Ҷӯраева-хонандаи синфи 4-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48-и ноҳияи Шоҳмансур соҳиби ҷойи 3, дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон Нозанин Бойсаризода-хонандаи синфи 4-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и шаҳри Исфара соҳиби ҷойи 1, Шукрия Зиёева-хонандаи синфи 4-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и ноҳияи Шоҳмансур соҳиби ҷойи 2, Қурбоналӣ Сафолов-хонандаи синфи 4-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-и ноҳияи Фирдавсӣ соҳиби ҷойи 2, Азамат Гадоев-хонандаи синфи 2-и гимназияи №74-и ноҳияи Фирдавсӣ соҳиби ҷойи 3, Оиша Асророва-хонандаи синфи 4-и литсей-интернати Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи 3, Карина Шоназарова-хонандаи синфи 4-и литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи 3 гардиданд.
Дар миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11) дар номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон Маликабону Муҳиддинзода-хонандаи синфи 9-и гимназияи №2-и шаҳри Бӯстон соҳиби ҷойи 1, Нурбону Расулова-хонандаи синфи 9-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и ноҳияи Восеъ соҳиби ҷойи 2, Нозанини Шуҳрат-хонандаи синфи 9-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №89-и ноҳияи Сино соҳиби ҷойи 2, Комила Мадуллоева-хонандаи синфи 5-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ соҳиби ҷойи 3, Адиба Шукрихудоева-хонандаи синфи 6-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30-и ноҳияи Рӯшон соҳиби ҷойи 3, Ситора Саидзода-хонандаи синфи 5-и Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи 3, дар номинатсияи адабиёти классикии тоҷик Мафрӯза Шарофова-хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Муъминобод соҳиби ҷойи 1, Нозанин Салимзода-хонандаи синфи 10-и литсей-интернати Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи 2, Малика Сайвализода-хонандаи синфи 10-и мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб соҳиби ҷойи 2, Маҳваш Бойматова-хонандаи синфи 6-и гимназияи №1-и шаҳри Гулистон соҳиби ҷойи 3, Омина Одинаева-хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59-и ноҳияи Восеъ соҳиби ҷойи 3, Меҳровар Муллоҷонов-хонандаи синфи 9-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25-и шаҳри Панҷакент соҳиби ҷойи 3, дар номинатсияи адабиёти муосири тоҷик Абдуҷалил Сайдалиев-хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Б.Ғафуров соҳиби ҷойи 1, Мунира Неъматова-хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49-и шаҳри Ваҳдат соҳиби ҷойи 2, Раҳмон Маъмурзода-хонандаи синфи 10-и литсейи “Ориёно”-и шаҳри Бохтар соҳиби ҷойи 2, Лоиқ Боқиев-хонандаи синфи 8-и гимназияи ба номи А. Ғуломови ноҳияи И.Сомонӣ соҳиби ҷойи 3, Мафтуна Ҷафарова-хонандаи синфи 10-и литсейи №5-и шаҳри Исфара соҳиби ҷойи 3, Умар Орзуев-хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и ноҳияи Ванҷ соҳиби ҷойи 3, дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон Зулайхо Юсупова-хонандаи синфи 9-и литсейи №3-и ноҳияи И.Сомонӣ соҳиби ҷойи 1, Асмоа Қурбонова-хонандаи синфи 11-и гимназияи №1-и ноҳияи Б.Ғафуров соҳиби ҷойи 2, Сумая Асророва-хонандаи синфи 8-и литсей-интернати Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи 2, Саидикром Самадов-хонандаи синфи 10-и литсейи “Ориёно”-и шаҳри Бохтар соҳиби ҷойи 3, Манижа Нарзиқулова-хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и шаҳри Панҷакент соҳиби ҷойи 3, Акбар Айдимамадов-хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи 3, дар номинатсияи эҷоди назм Шукрона Сайдализода-хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи И.Сомонӣ соҳиби ҷойи 1, Паншери Давлаталӣ-хонандаи синфи 9-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22-и ноҳияи Ш.Шоҳин соҳиби ҷойи 2, Санавбар Ибодова-хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-и ноҳияи Сино соҳиби ҷойи 2, Улвияи Раҳмонхуҷа-хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-и ноҳияи Дарвоз соҳиби ҷойи 3, Фазлидин Носирзода-хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №94-и шаҳри Ваҳдат соҳиби ҷойи 3, Нушофарин Ҳусейнова-хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №112-и шаҳри Ваҳдат соҳиби ҷойи 3, дар номинатсияи эҷоди наср Мақсуда Ҳакимзода-хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №75-и шаҳри Ҳисор соҳиби ҷойи 1, Субҳия Умархонзода-хонандаи синфи 11 (курси 1)-и Коллеҷи омӯзгории ба номи Х.Махсумова соҳиби ҷойи 2, Робия Ҳакимова-хонандаи синфи 9-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №66-и ноҳияи Сино соҳиби ҷойи 2, Ҳизбулло Орипов-хонандаи синфи 9-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65-и шаҳри Исфара соҳиби ҷойи 3, Меҳрубон Мақсудова-хонандаи синфи 9-и мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастори ноҳияи Вахш соҳиби ҷойи 3, Исломиддин Асоев-хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №94-и ноҳияи Сино соҳиби ҷойи 3 гардиданд.
Дар миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо) дар номинатсияи адабиёти классикии тоҷик Манижаи Баҳодур-донишҷӯи курси 4-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби ҷойи 1, Лола Абдуллоева-донишҷӯи курси 1-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби ҷойи 2, Назокат Орифова-донишҷӯи курси 2-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров соҳиби ҷойи 2, Маъво Хошокова-донишҷӯи курси 2-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н. Хусрав соҳиби ҷойи 3, Ҳадиса Расулова-донишҷӯи курси 1-и Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат соҳиби ҷойи 3, Бибимарям Исломова-донишҷӯи курси 1-и Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат соҳиби ҷойи 3, дар номинатсияи адабиёти муосири тоҷик Шаҳноза Додхоева-донишҷӯи курси 3-и Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент соҳиби ҷойи 1, Гулрахшон Ҷумъаева– донишҷӯи курси 1-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби ҷойи 2, Адиба Бегова-донишҷӯи курси 3-и Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ соҳиби ҷойи 2, Раҳимҷони Ватанқул-донишҷӯи курси 3-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н. Хусрав соҳиби ҷойи 3, Шабнам Фатҳуллозода-донишҷӯи курси 2-и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби ҷойи 3, Муродбек Боқиев-донишҷӯи курси 3-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби ҷойи 3, дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон Саёҳат Назарова-донишҷӯи курси 1-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби ҷойи 1, Саидмухтор Муҳаммадҷонзода-донишҷӯи курси 4-и Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат соҳиби ҷойи 2, Биомина Нарзиқулова-донишҷӯи курси 1-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби ҷойи 2, Марворид Асомиддинова-донишҷӯи курси 2-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ соҳиби ҷойи 3, Фарзона Раҳимова-донишҷӯи курси 2-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров соҳиби ҷойи 3, Шукрона Файзуллозода-донишҷӯи курси 3-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н.Хусрав соҳиби ҷойи 3, дар номинатсияи эҷоди наср Амакова Малоҳат-магистранти курси 1-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров соҳиби ҷойи 1, Дороҷон Маҳкамов-докторанти Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода соҳиби ҷойи 2, Ҳалима Сафарова-донишҷӯи курси 1-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби ҷойи 2, Сафия Маҳмадуллозода-донишҷӯи курси 1-и Академия идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби ҷойи 3, Фаррух Ҳотамов-магистри курси 1-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н. Хусрав соҳиби ҷойи 3, Ҷамила Акрамова-донишҷӯи Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат соҳиби ҷойи 3, дар номинатсияи эҷод назм Баҳманёр Худойбердиев-донишҷӯи курси 4-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров соҳиби ҷойи 1, Мавҷуда Шарипова-донишҷӯи курси 4-и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода соҳиби ҷойи 2, Қаюмӣ Парвиз-донишҷӯи курси 2-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби ҷойи 2, Шукрона Самадзода-донишҷӯи курси 1-и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода соҳиби ҷойи 3, Дилноза Холматова-донишҷӯи курси 3-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров соҳиби ҷойи 3, Шодигули Манучеҳрдухт-донишҷӯи курси 1-и Донишгоҳи давлатии Данғара соҳиби ҷойи 3 гардиданд.
Дар миёни омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун дар номинатсияи адабиёти классикии тоҷик Парвинаи Шариф-омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-и ноҳияи Ховалинг соҳиби ҷойи 1, Рухшона Одинаева-хонашин аз ноҳияи Мастчоҳ соҳиби ҷойи 2, Фарзона Саидова-омӯзгори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби ҷойи 2, Шодрӯзи Комил-корманди Муассисаи давлатии телевизиони “Сафина” соҳиби ҷойи 3, Ҷалолиддин Амиров–сармутахассиси раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби ҷойи 3, Саъбагул Одинаева-омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и шаҳри Бохтар соҳиби ҷойи 3, дар номинатсияи адабиёти муосири тоҷик Ҷамила Шукурова-омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-и ноҳияи Хуросон соҳиби ҷойи 1, Ҳаитбой Шарипов-омӯзгори гимназияи №5-и шаҳри Истаравшан соҳиби ҷойи 2, Нигора Ҷумаева-сокини ноҳияи Сино соҳиби ҷойи 2, Ҷамшед Давлатов-корманди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби ҷойи 3, Довудхуҷа Маҳмадуллозода-корманди раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби ҷойи 3, Гулрухсор Назарова-омӯзгори литсей барои хонандагони болаёқати ноҳияи Шаҳринав соҳиби ҷойи 3, дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон Мастура Гулямова-докторанти Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ соҳиби ҷойи 1, Матлуба Муминова-омӯзгори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби ҷойи 2, Назира Ғаниева-омӯзгори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон соҳиби ҷойи 2, Гулноза Қурбонназарова-омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳияи Вахш соҳиби ҷойи 3, Гавҳар Сайфиддинова-омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25-и шаҳри Ваҳдат соҳиби ҷойи 3, Мӯсо Алиев-сармутахассиси Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи 3, дар номинатсияи эҷоди назм Бахтиёр Раҳмонов-омӯзгори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби ҷойи 1, Одинамаҳмад Суфиев-омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и ноҳияи Мастчоҳ соҳиби ҷойи 2, Фарида Давлатова-омӯзгори Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ соҳиби ҷойи 2, Суман Қосимзода-омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и ноҳияи А.Ҷомӣ соҳиби ҷойи 3, Умеда Алимова-омӯзгори гимназия-парваришгоҳи ба номи Б. Ғафурови ноҳияи Рӯдакӣ соҳиби ҷойи 3, Муродгул Саъдуллоева-омӯзгори Донишгоҳи давлатии Данғара соҳиби ҷойи 3, дар номинатсияи эҷоди наср Диловар Саъдуллоев-омӯзгори Донишгоҳи давлатии Данғара соҳиби ҷойи 1, Фирӯза Муъминова-корманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода соҳиби ҷойи 2, Эҳсон Хуршед-корманди Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби ҷойи 2, Миҷгона Халилова-корманди нашрияи “Адабиёт ва санъат” соҳиби ҷойи 3, Нозимҷон Соҳибов-омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35, ноҳияи Деваштич соҳиби ҷойи 3, Камолиддин Каримов-омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи И.Сомонӣ соҳиби ҷойи 3 гардиданд.
Ҳамчунин, 13-уми ноябр барои дарёфти “ШОҲҶОИЗА”-и озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз 20 нафар ғолиби ҷойҳои якум 10 нафар иштирок карданд, ки донишу ҷаҳонибинии довталабон аз рӯйи номинатсияҳои озмунӣ санҷида шуд.
Дар натиҷаи ниҳоӣ Шукрона Тоҳирӣ -донишҷӯи курси 3-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ғолиб ва барандаи “ШОҲҶОИЗА” эълон гардид.
Ба ғолибони ҷойи аввал маблағи 35000 сомонӣ, ҷойи дуюм 25000 ва ҷойи сеюм 20000 сомонӣ, диплом ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Ҳамзамон, ба 60 нафар омӯзгори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки шогирдонашон сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд, маблағи 10000 сомонӣ супорида шуд. Дар баробари ин, ҳамаи иштирокдорони озмун аз ҷониби Вазорати маориф ва илм бо Сертификат ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Натиҷаи ҷамъбасти ниҳоӣ нишон дод, ки иштирокчиёни озмун аз шаҳри Душанбе соҳиби 49 ҷой, вилояти Суғд 27 ҷой, вилояти Хатлон 24 ҷой, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 15 ҷой ва ВМКБ соҳиби 6 ҷой гардиданд.
Дар охир муовини Сарвазири мамлакат, раиси Комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Сатториён Матлубахон Амонзода ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба Вазорати маориф ва илми кишвар, Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, КИТОБХОНАИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ва дигар вазорату кумитаҳо, инчунин, дар тайёр намудани довталабон ба роҳбаладон, омӯзгорону волидон ва барои шаффофу воқеъбинона баҳогузорӣ намудан ба ҳайати доварон изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки 13 ноябри соли ҷорӣ дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон низ бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Матлубхон Сатториён маросими супоридани нишони «Маърифатпарвар» ба падару модарон, нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» ба омӯзгорони ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», мукофотҳои пулӣ, ифтихорномаю сипосномаҳои Вазорати маориф ва илм, Китобхонаи миллӣ, мукофотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба иштирокчиёни даври чоруми озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки ҷойҳои ифтихориро сазовор гардиданд, баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиш 60 нафар падару модарони ғолибон бо нишони “Маърифатпарвар” ва “Ифтихорнома”-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон, як қатор омӯзгорон бо нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон”, кормандони Вазорати маориф ва илм ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон, директорон ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ барои саҳми арзанда гузоштан дар баргузории даври ҷумҳуриявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо ифтихорномаю сипосномаҳои Вазорати маориф ва илм ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон, қадрдонӣ шуданд.
Ҳамзамон, бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор иштирокчиёни фаъоли озмун, хусусан, 26 нафар пиронсолону ятимон ва шахсони имконияташон маҳдуд, нафароне, ки ҷойҳои ифтихориро сазовор шудаанд, “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илм ва туҳфаҳои пулӣ тақдим гардид.