Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва рушди анъанаи китобхонӣ
Дар лавҳу қалам шоҳиди осор китоб аст,
Сарманзилу мақсуди гуҳарбор китоб аст.
Таърих агар сабт шуда дар сафи айём,
Тасвири рухаш дархури гуфтор китоб аст.
Китоб равшангари дилу дида, ҳамдам, ҳамнафас ва беҳтарин рафиқи рӯзҳои танҳоӣ барои ҳар як инсон аст. Китоб ҳамчун маслиҳатгари беминнат ба инсон дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ ёвар буда, дӯсти мушфиқу ғамхорест барои пайдо намудани қуллаҳои баланд дар роҳи пурпечутоби зиндагӣ. Шахсе ки пайваста ба мутолеаи китоб машғул аст мисли боғи пурсамарест, ки ҳамагон аз меваҳои шаҳдбори он баҳравар мегарданд. Мутолеаи китоб инсонро аз бадиву дурӯғ, кибру ғурур ва бухлу ҳасад дур сохта, дӯст доштани аҳли башар, раҳмдилӣ ва меҳрубониро меомӯзад. Вақте шахс вориди дунёи китоб мегардад тамоми изтиробу ташвишҳои ӯ бартараф мегарданд. Китоб маъшуқаи афсункорест, ки инсонро асири сеҳри худ месозад. Мутаффакири машҳури англис Ф. Бекон гуфтааст: «Китобҳо ба мисли киштиҳои тафаккуре ҳастанд, ки муқобили мавҷҳои пурталотуми вақт шино карда, бори гарону пурарзиши худро эҳтиёткорона аз насл ба насл мерасонанд».
Миллати тамаддунофару фарҳангдӯсти тоҷик аз қадим миллати китобдору китобдӯст буда, тули чандинҳазорсолаҳо ин оини муқаддасро гум накардааст. Вале ин ошкор аст ки бо пешрафти илму техникаҳои муосир таваҷҷуҳи ҷавонону наврасон ба китобу китобхонӣ коста мегардад. Хушбахтона, бо ташаббусу пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷалби ҷавонону наврасони кишвар ба китобу китобхонӣ ва пайдо намудани истеъдодҳои ҷавон дар соҳаи эҷодиёт озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳандозӣ гардид. Алакай соли панҷум аст, ки ин озмун баргузор мегардад ва шумораи иштирокчиёни он ҳамасола афзуда, сатҳи баргузории он беҳтар гардида истодааст. Хонандагони тамоми муассисаҳои таълимии кишвар кӯшиш менамоянд, ки иштирокчии ин озмун бошанд ва соҳиби ҷойҳои ифтихорию мукофотпулиҳо гарданд.
Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» калидест барои боз кардани дари илму маърифат ба ояндаи дурахшони кишвари азизу маҳбубамон. Ҳадафи асосӣ аз баргузор намудани ин озмун, пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи саводнокии тамоми қишри ҷомеа, ҳувийяти миллӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ, худшиносии миллӣ, васеъ намудани доираи забондонӣ миёни қишрҳои ҷомеа, дӯст доштани китобу китобхона, тақвият бахшидани нерӯи зеҳнии аҳолии кишвар ва пайдо намудани чеҳраҳои дӯстдори қаламу каломи бадеъ мебошад. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми суханрониҳояшон пайваста таъкид менамоянд, ки «Ҷавонон неруи ояндасози миллату давлати мо ҳастанд». Барои ҳамин ҳам ҷавонону наврасони мо бояд талош варзанд, ки дар пешрафти илму фарҳанг ҳиссагузор бошанд.
Бо роҳандозии ин иқдоми бузург аз ҷониби Пешвои миллат, имрӯзҳо сатҳи китобхонӣ дар ҷомеа афзуда, рушди китобу китобдорӣ хеле назаррас мебошад.
Дунёи китоб-даргаҳи нур,
Фарҳанги чароғи ҷовидона
Гар хонае бе китоб бошад,
Торик ба сад чароғ хона.
Дар замони муосир соҳибилму китобхон гардонидани аҳли ҷомеа яке аз омилҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Ҳукумати кишвар, ба хусус Сарвари давлат барои саводнок гардонидани кӯдакону наврасон, ки қишри осебпазирӣ ҷомеа ба ҳисоб мераванд ҳамасола кӯшишу талошҳои зиёде ба харҷ медиҳанд. Ба истифода додани бинои наву замонавии Китобхонаи миллии Тоҷикистон (20 марти соли 2012) далели ин гуфтаҳо мебошад. Ҳамарӯза шумораи зиёди ҷавонону наврасон ба китобхона омада, китобҳои барои худ лозимиро пайдо намуда мутолеа менамоянд. Боиси қайд аст ки Китобхонаи миллӣ дар рушди китобхонӣ, ҷаҳонбинӣ, ва рушди зеҳнию маънавии ҷавонону наврасон саҳми арзишманд дорад. Роҳбарият ва кормандони он пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд ки сатҳи хидматрасонӣ ба муроҷиаткунандагонро беҳтар намуда, меҳри онҳоро нисбати китобу китобхона боз ҳам тақвият бахшанд.
Нишондодҳои омори солонаи Китобхонаи миллӣ оид ба шумораи истифодабарандагон, аъзои нави Китобхона ва шумораи китобу маводе, ки барои истифода ва мутолиаи онҳо пешниҳод гардидааст, далели гуфтаҳои боло мебошанд.
Ба унвони мисол нишондиҳандаҳои омории шаш солро (2017-2022) барои муқоиса ба таҳлил мегирем, ки ба таври зер ҳастанд:
№ | Сол | Истифодабаранда | Фарқият | Диҳиши адабиёт | Фарқият |
1 | 2017 | 512141 | 144402 зиёд | 774162 | 580662 зиёд |
2 | 2018 | 472800 | 39341 кам | 810118 | 35956 зиёд |
3 | 2019 | 496114 | 23314 зиёд | 820137 | 10019 зиёд |
4 | 2020 | 257992 | 238122 кам | 331491 | 488646 кам |
5 | 2021 | 258778 | 786 зиёд | 364042 | 32551 зиёд |
6 | 2022 | 223489 | 35289 кам | 240598 | 123444 кам |
7 | Дар умум | 2221314 | 481254 | 3340548 |
1271278 |
Соли 2017 шумораи хонандагоне, ки ба толорҳои хониш ташриф оварданд 512141 нафарро ташкил медод, ки насбат ба соли 2016, 144402 адад зиёд мебошад. Миқдори китоб, маҷаллаву рӯзномаҳои ба истифодабарандагон пешниҳодшуда 774162 нусхаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2016, 580662 нусха зиёд аст. Дар соли 2018 шумораи истифодабарандагон аз толорҳои хидматрасонии Китобхона 472800 нафарро ташкил дод, ки дар муқоиса бо соли 2017 39341 адад кам аст.
Миқдори маводи барои мутолиа ва истифода пешниҳодшуда 810118 ададро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2017, 35956 нусха зиёд мебошад.
Соли 2019 теъдоди истифодабарандагоне, ки ба толорҳои хониш, толори электронӣ ва дигар толорҳои хидматрасонӣ ташриф оварданд, 496114 нафарро ташкил медиҳад, ки назар ба соли 2018, 23314 адад зиёд мебошад. Миқдори маводу китобҳои ба истифодабарандагон пешниҳодгардида 820137 нусхаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2018, 10019 нусха зиёд аст.
Соли 2020 миқдори хонандагони аз толорҳои хониш истифода намуда ба 257992 нафар мерасад, ки нисбат ба соли 2019, 238122 нусха кам аст. Миқдори маводу адабиёти пешниҳодгардида бошад 331491 нусхаро ташкил медиҳад, ки ин шумора назар ба соли 2019 488646 нусха кам мебошад.
Дар соли 2021 теъдоди умумии истифодабарандагон аз толорҳои хидматрасонии Китобхона ба 258778 адад расида, дар муқоиса бо соли 2020, 786 адад зиёд гардид. Теъдоди адабиёту маводи аз ҷониби хонандагони толорҳо истифодашуда бошад 364042 нусхаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2020, 32551 адад зиёд мебошад.
Соли 2022 шумораи истифодабарандагон аз толорҳои хидматрасонӣ 223489 нафарро ташкил дод, ки ин шумора нисбат ба соли 2021, 35289 нусха кам мебошад. Миқдори китобу маводи ба хонандагон пешниҳодгардида бошад 240598 нусхаро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо соли 2021, 123444 нусха кам мебошад.
Ба ҳамагон маълум аст ки бемории COVID-19 бо пайдоиши худ дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсоният таъсири манфӣ гузошт. Ин вабои аср ҷони миллионҳо нафаронро рабуда, зиндагии мардумро ба куллӣ тағйир дод. Тавре ки аз рӯи омор маълум мегардад бо пайдоиши ин беморӣ дар соли 2020 шумораи истифодабарандагони Китобхонаи миллӣ коҳиш ёфт. Хушбахтона бо паси сар шудани ин беморӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ барои ҷалби шумораи бештари хонандагон ба китобу Китобхона ва соҳаи эҷодиёт аз ҷониби Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: ба мисли Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ин мушкил роҳи ҳалли худро ёфт.
Албатта, мо ҳаёти имрӯзаи худро бе техникаву технологияҳои муосир тасаввур карда наметавонем. Аммо ҳарчанде ки онҳо тараққӣ карда бошанд ҳам, ҷои китобу китобхонаро ишғол карда наметавонанд. Чунки мутолиаи ҳар як варақи китоб дорои лаззати нотакрор буда, фазои Китобхона ҷаҳони маънавии инсонро дигар месозад.
Рушди анъанаи китобхонӣ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа аз муҳиммоти масъала мебошад, ки баргузории чунин озмунҳо мисли «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тақвиятдиҳандаи ин омил мебошанд ва дар бедор намудани меҳри китобу китобхонӣ миёни ҷавонону наврасони мо саҳми арзанда доранд.
Нушин АБДУРАҲИМОВА, кормандони шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ.
Дар Китобхонаи миллӣ дар бораи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” боз метавон ин матолибро ҳам мурур кард:
- Сўфизода, Ш. (Шодимуҳаммад) “Фурўғи субҳи доноӣ…”:Иқдоме, ки ояндаро месозад: Оиди “Озмуни фурўғи субҳи доноӣ…” // Ҷумҳурият. – 2019. – 30 июл.
- Амри Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Дар соли 2020 озмуни “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор карда шавад: ш. Душанбе, 5 феврали соли 2020, №АП – 1339// Садои мардум. – 2020. – 8 феврал; Баҳори Аҷам. – 2020. – 11 феврал.
- Комилзода, Ш. (Шариф). Маърифат ҷилои тоза мегирад: Андешаҳо дар ҳошияи озмуни “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” // Ҷумҳурият. – 2020. – 30 декабр.
- Ваҳобзода, Р. Мулоҳизаҳо пиромуни озмун: Озмуни “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” // Адабиёт ва санъат. – 2021. – 7 январ.
- Мирхоҷа , А. Хона бо китоб муқаддас аст: Суҳбати Раҳима Аъзам бо муовини аввали Раиси ИНТ, шоири шинохта Ато Мирхоҷа оид ба озмуни “Фурўғи субҳи доноӣ…” // Адабиёт ва санъат. – 2021. – 14 январ.
- Холмуродова, У. (Умеда). Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”: Дар бораи озмуни номбурда // Ҷумҳурият. – 2021. – 14 январ.
- Юсуфова, С. (Сафиямоҳ). “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”: Озмуне, ки қадри китобро афзуд // Ҷумҳурият. – 2021. – 15 январ.
- Мирзошоҳзода, С. (Сайфиддин). “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” ҳадаф – тарбияи наврасону ҷавонон дар роҳи худшиносӣ // Ҷумҳурият. – 2021. – 29 июн.
- Одинаев, Б. (Баҳодур). Аҳамияти озмуни “Фурўғи субҳи доноӣ…” // Субҳи Рашт. – 2022. – ноябр.
- Насрулло, К. (Камол). Фурўғе, ки фурўзон кард моро: Чанд нуқтаи назар ва пешниҳодот ба беҳтар роҳандозӣ намудани озмуни “Фурўғи субҳи доноӣ…” // Адабиёт ва санъат. – 2023. – 12 январ.
- Раҳмон, Ҳ. (Ҳофиз). Озмуни “Фурўғ” фурўзандатар мегардад: Чанде пешниҳодот дар трофи озмуни “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”// Адабиёт ва санъат. – 2023. – 19 январ.
- Шарҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” дар соли 2023 // Садои мардум. – 2023. – 3 феврал.
- Рўйхати адабиёти тавсияшаванда барои иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”: Замимаи 4 бо амри Президенти ҶТ аз 2-юми феврали соли 2023, № АП -330 // Садои мардум. – 2023. – 3 феврал.
- Ҷоизаҳои озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣкитоб аст!: Замимаи 3 бо Амри Президенти ҶТ аз 2 феврали соли 2023, № АП- 330 // Пайрав. – 2023. – 15 феврал.
- Ҳайати комиссияи озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”: Замимаи 2 бо Амри Президенти ҶТ аз 2 феврали соли 2023, № АП- 330 // Пайрав. – 2023. – 15 феврал.
- Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”: Замимаи 1 бо Амри Президенти ҶТаз 2 феврали соли 2023, № АП -330 // Пайрав. – 2023. – 15 феврал.
- Аҳмадов, С. Андешаҳо перомуни озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” // Мактаб. – 2023. – №2. – С. 15-17.
- Мўсоева, Д. (Дилдода). Комёбӣ аз мутолиаи бисёр аст: Оиди озмуни “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” // Омўзгор. – 2023. – 15 июн.
Таҳияи Марзия ЗАРДОДХОНОВА,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ