Озмуни  ҷумҳуриявии “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” ҷамъбаст ва ғолибон қадрдони шуданд

озмун-асоси28 уми сентябр дар маросими тантанавӣ ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат”  қадрдонӣ карда шуданд. Бояд гуфт, ки даври ниҳоии озмуни мазкур аз 24 уми сентябр то 27 уми сентябр дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ғолибон дар 2 гурӯҳ миёни донишҷуёни донишгоҳу донишкадаҳо ва  миёни довталабони аз колеҷҳои ҷумҳурӣ муайян гардиданд.

Дар расми ифтитоҳи чорабинӣ Масрур Абдуллозода – мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ҳамчунин раиси комисияи озмуни ҷумҳуриявии “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат”суханрони карда, нақш ва мақоми озмуни мазкурро барои имрӯзи ҷомеа муҳим арзёбӣ намуд. Ӯ зикр кард, ки мақсади асосии мо аз баргузории озмун шинохти миллӣ ва худшиносиро миёни насли ҷавон боло бардоштан ва бедор намудани завқу ҳаваси китоб дар замири ҳар яки онҳо маҳсуб меёбад.

Сипас, донишманди шинохта Ҳафиз Раҳмон ҳамчун намояндаи ҳайати доварони озмун баромад кард. Ҳафиз Раҳмон, зимни суханронии худ таъкид дошт, ки озмуни мазкур ҳарчанд таҷрибаи аввал барои ташаббускорони ин озмун буд, аммо хуб буд. Ӯ дар идома барои беҳтарсозии вазъ ва дарёфти ҷавонони ватандӯсту худшинос ба низомномаи озмун пешниҳодҳои худро ироа намуд, ки аз ҷониби иштирокдорон хуб празируфта шуданд. Ҳафиз Раҳмон инчунин изҳор дошт, ки ташкили ин озмун бисёр бамаврид ва на танҳо зарурӣ, балки дорои аҳамияти бузурги таърихист. Ҳамчунин ба тамоми ташкилкунандагони озмун ва иштирокдорон барои ташкили фазои хуби корӣ давоми 4 рӯзи охир изҳори миннатдорӣ кард.

Бо ҳамин қисмати асосии чорабини оғоз гардида, дар он намояндагони донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳури  намояндагони вазорати маориф ва илми Ҷумҳури Тоҷикистон иштирок ва ба  ғолибон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Возможно, это изображение 10 человек и текстМувофиқи натиҷаи ниҳоии аъзои ҳакамон миёни донишҷуёни донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ –Дилшод Ниёзов – донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ҷойи якум;

Тоиршои Қадамшо – донишҷуи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон -ҷоий дуюм;

Мавлуддин Холов – донишҷуи соли 4 – уми факултаи таърихи Донишгоҳи миллииТоҷикистон ҷойи сеюм;

Расулзода А. –донишҷуи Донишҷуи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ҷойи сеюмро ишғол карданд

Ҷойҳои ифтихорӣ насиби донишҷуёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сафарова Ҳ. ва Абдураҳмонова М.   Сиддиқов М.Р. донишҷӯи Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар ш. Душанбе Боқиев С. аз         Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пулатова М.А. аз Донишгоҳи славянии Россия – Тоҷикистон, Ғуломов М.Т.        аз Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода, Шоева А.   Аз Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳоҷиев Ф.         Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Сайфуллозода Д. Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Нодирхонова Шайло Шокирҷоновна     Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев гардид.

Возможно, это изображение 4 человека и текстМиёни донишҷуёни коллеҷҳои ҷумҳурӣ ҷойи аввал насиби Содиқзода Гулнисои Муҳаммадҷон-донишҷӯи Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Қубодиён, Эркамоҳ Насриддинова – донишҷуи Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат- ҷойи дуюм, Маҳмадзода Сироҷиддин –  донишҷуи Коллеҷи тиббӣ инноватсионии шаҳри Бохтар – ҷойи сеюм шуд.

Нажмуддинзода Мутриба – донишҷӯи Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат- ҷойи сеюм

Ҳамчунин Карашмаи Нангиолай – донишҷуи Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат ва Сайдалиев Эҳсон Суҳробович – донишҷӯи Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ,  Холисамоҳи ҶумахонКоллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, Бегова Адиба Ёдгоровна   Коллеҷи тиббии ҷумњуриявӣ, Давлатзода Фотима            Коллеҷи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (ғайридавлатӣ)

Ҳусейнзода Шаҳрбону Коллељи тиббии ноҳияи Рўдакӣ (ғайридавлатӣ), Кўлобиева Муборак- Коллеҷи тиббии шаҳри Кўлоб, Зияева Нозанин Бахтиёровна-Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода, Намоззода Дилноза- Коллеҷи тиббии шаҳри Кўлоб, Абдуқодирова Зарнигор  – Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон (ғайридавлатӣ), Умархонзода Субҳия-Коллеҷи омўзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷкистон ба номи Садриддин Айнӣ соҳиби мақоми ифтихорӣ  гардиданд.

озмун-идомаБа ғолибони ҷойи аввал маблағи 20 000 сомонӣ, ҷойи дуюм 15 000 ва ҷойи сеюм 7 500 сомонӣ, диплом, ҷом  ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Гузориши муфассал нашр мешавад.

Наргис Назарзода