Озмуни нав. ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ

Дар пойтахт бори аввал озмуни беҳтарин шеър ва суруд дар васфи Душанбе таҳти унвони “ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ” баргузор мегардад, ки кормандони Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» низ иштирокчии озмуни мазкуранд.

Озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи бадеӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфт ва муаррифии чеҳраҳои нави суханвару сухандони дорои маҳорати баланди ровигию наттоқӣ, овозхонӣ, баланд бардоштани маҳорати иҷрокунандагӣ, ташаккули истеъдод ва ҳунари наврасону ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеа дар ин самтҳо, инчунин фароҳам овардани шароити мусоиди эҷод ва пешниҳоди шеър ва сурудҳои таҷассумкунандаи марҳилаи нави ободкориву созандагӣ ва рушди бемайлони пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ва дар ин замина эҳтиром гузоштан ба таъриху фарҳанги миллӣ, инкишофи қобилияти ҳунариву эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои соҳибистиқлолии милливу давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Имрўз таҳти роҳбарии муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷалолуддин Нурзода ҷаласа доир шуд, ки дар он ҳозирин бо муҳтавои мактуби Комисссияи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ оид ба баргузории озмуни шаҳрии “Ту қабли Тоҷикистонӣ, Душанбе” шинос карда шуданд. Дар асоси Низомнома даври якуми озмун бояд миёни кормандон ташкил гардида, ғолибон ба даврҳои дигари озмун пешниҳод шаванд.

Сипас, ҳакамон довталабонро тибқи рӯйхати пешниҳод намудаашон мавриди санҷиш қарор доданд. Иштирокчиён аз рӯйи номинатсияҳои интихобкардаашон санҷида шуда, аз рӯйи маҳорати шеърхонӣ, шарҳу тавзеҳи калимаҳо, нақли порчаҳои шеърӣ ва қобилияти аз ёд кардани шеърҳо баҳогузорӣ гардиданд.

Дар охир ҳайати ҳакамон аз миёни 7 нафар довталаб 4 нафари онҳо: Саломов Абдуғаюр, Толибова Назира, Дониёрова Шаҳноза ва Каримова Хосиятро аз номинатсияи “Қироати беҳтарини шеър дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе” ба даври дигари озмун пешниҳод намуданд.