Пайғоми Аҷам резад, Наврӯз муборак бод!
«Наврӯз баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, орзую ормон, расму ойин, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии миллатамон буда, дар тӯли мавҷудияташ арзишҳои фарҳангию миллии моро дар таркиби худ ҳифз кардааст»
Эмомалӣ Раҳмон
Наврӯз ҳамчун як рукни худшиносии миллӣ, василаи пайванди наслҳо, робитаи имрӯзаю гузашта, эҳёи ананаҳои зебопарастӣ, дур сохтани кинаҳо, ҳамдигарбахшӣ ва ба қадри зиндагии хушу хуррамона расидан маъруф гаштаст. Яке аз бузургтарин ҷашнҳои миллии мардуми форсу-тоҷикзабон мебошад, ки аз қадимулайём дар байни ин мардум ҷашн гирифта мешавад ва ҳеч ҷашне ҳамқадам бо табиат ва ҳамагонӣ, мисли Наврӯз нест. Наврӯз на танҳо иди башар, балки ид ва ҷашни тамоми мавҷудоти хокист.
Вақте фасли Баҳор меояд ва ҷашни Наврӯз наздик мешавад, мардум омодагӣ мегиранд барои таҷлили ин ҷашни таърихӣ. Як қатор урфу одатҳо, аз қабили тозаю озода кардани хонаҳо, чизҳои шикставу пораро ҷамъ карда дур андохтан, суманк пухтан, омода намудани ҳафтсину ҳафт шин ва ғайра то ҳанӯз зиндаанд. Наврӯз агарчи рӯзи нави сол аст, рӯзи кӯҳнаи қарнҳост. Пире аст, ки соле як бор ҷомаи ҷавонӣ мепӯшад, аз ин ҷост, ки шукӯҳи пирон ва нишоти ҷавонон дар ӯст.
Ҷашни Наврӯз дар ҳақиқат аз ҷумлаи муҳимтарин ва муқаддастарин ойинҳои миллии мо буда, дар худ тамоми шукӯҳу азамати таъриху тамаддуни куҳани моро таҷассум менамояд. Ба ибораи дигар, Наврӯз ва суннату ойинҳои он як бахши муҳимтарини зиндагии мардуми мо аз давраҳои қадим то имрӯз мебошад.
Пайғоми Аҷам резад, Наврӯз муборак бод!
Хуршеди Ҳамал хезад, Наврӯз муборак бод!
Хуш омада Фарвардин, ҷонбахши заминро бин,
Дай хезаду бигрезад, Наврӯз муборак бод!
Бар боғу чаман бингар, себаргаву гул бар сар,
Ваҳ боғ чу гул безад, Наврӯз муборак бод!
Боди саҳар аз гулшан, гӯё ба машоми ман,
Сад бӯи хуш омезад, Наврӯз муборак бод!
Бар нола бишуд булбул, бишкуфту бихандид гул,
Гул хандаду бистезад, Наврӯз муборак бод!
Бингар нигорамро, бонуи баҳорамро,
Бар гӯш гул овезад, Наврӯз муборак бод!
Ин фасли арӯси сол орад бари мо иқбол,
Шодӣ ба дил ангезад, Наврӯз муборак бод!
Раззоқ, расид Наврӯз, имрӯз шуда нав рӯз,
Ҳар сӯй нидо хезад, Наврӯз муборак бод!
Абдураззоқи Раззоқ
Дар давраи истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз шукӯҳу таҷаллои тоза пайдо намуд ва мо тоҷикон ин ҷашнро ҳамчун мероси муқаддастарини ниёгонамон ва ҷашни покию зебоӣ дар фазои истиқлолу ваҳдат бо шукргузорӣ бошукӯҳ таҷлил менамоем. Барои ҷаҳонишавии Наврӯз саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург мебошад. Бо талошҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат аз 30-юми сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳанги башарият дохил карда шуд ва 19-уми феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ Рӯзи байналмиллалии Наврӯз эълон карда шуда, дар саросари ҷаҳон бо як шаҳомат таҷлил мегардад.
Бо истифода аз матолиби рӯзномаву шабакаи Интернет таҳияи мутахассиси шуъбаи матбуоти даврӣ
Шавқинисо Носирова