Паёми хатми магистратура дар Чин ба ҳамкори мо расид

Аз Чин хабар омад, ки ҳамкори мо Марҷона Одинаева магистратураи ҳуқуқ бо ихтисоси илмҳои сиёсиро дар Шуъбаи магистратураи Донишгоҳи Ҷинанини шаҳри Гуанҷо хатм кард. Ҳамроҳ бо ин пайғом нусхаи шаҳодатномаи хатми магистратура низ барояш ирсол шуд.

 

Марҷона Одинавева муддати ду сол дар Донишгоҳи ёдшудаи Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳсил кард ва магистратураи ин донишгоҳоро бо забони англисӣ ва чинӣ бо баҳои аъло хатм намуд.

Одинаева Марҷона соли  2004 мактаби миёнаи рақами 37 ноҳияи Файзободро хатм намуда, ҳамон сол ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дохил шуд ва дар соли 2009 онро бо ихтисоси омӯзгори забони англисӣ хатм намуд.

Баьд аз хатми Донишгоҳ соли 2009 ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба кор даъват шуд ва то соли 2015 дар вазифаи нозири Раёсати шаҳри Душанбе кор кард. Баъдан бо хоҳиши худ аз кор рафт ва соли 2016 ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон чун мутахассиси пешбар ба кор қабул шуд.

Шавқи идомаи таҳсил бар ӯ ғолиб омад ва соли 2017 ба магистратураи Донишгоҳи Ҷинанини шаҳри Гуанҷои Чин дохил шуд. Ва инак баъди чанд моҳи бозгашташ аз Чин паёми хатми магистратура бо нусхаи ҳуҷҷатҳо барояш расид.

Марҷона ният дорад ба корҳои илмӣ идома диҳад ва торасидан ба зиндаи ҳимояи рисолаҳои номзадиву докторӣ талош кунад.

Барояш комёбӣ хоҳонем.

 

Сурайё Одинаева, 

Сармутахассиси шуъбаи чорабиниҳои фарҳангӣ.