Паёми шодбошии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Ҳамватанони азиз!
Қабули Конститутсияи Тоҷикистон, ки дар роҳи бунёд ва рушди давлати навини тоҷикон нақши сарнавиштсоз дорад, яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлол мебошад.
Ҳамаи мардуми сарбаланди Тоҷикистонро ба ифтихори ин ҷашни фархунда самимона табрик мегӯям ва ба хурду бузурги кишвар иқболи нек ва зиндагии босаодат орзу менамоям.
Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳар сол ин санаи таърихӣ, яъне 6-уми ноябрро бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ ҷашн мегиранд, зеро маҳз ба шарофати амалӣ гардидани меъёрҳои ин санади сарнавиштсоз ҷомеаи мо аз давраи бисёр душвори таърихӣ раҳоӣ ёфта, дар ҳамаи соҳаҳо тадриҷан ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардид ва имрӯз ба сӯи фардои боз ҳам ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш рафта истодааст.
Гузашти солҳо собит намуд, ки роҳи пешгирифтаи мардуми соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷик ҷиҳати бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ, ки дар Конститутсияи давлати соҳибихтиёри тоҷикон дарҷ шудааст, ягона роҳи дуруст ва таҷассумкунандаи манфиатҳои миллӣ, таконбахши рушди бонизоми давлат ва таъминсозандаи зиндагии орому босуботи ҷомеа мебошад.
Бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ мақсад ва вазифаи асосии давлат буда, кафолати амалӣ гардидани онҳо дар Конститутсия муқаррар карда шудааст.
Дар натиҷаи фаъолияти шабонарӯзии Ҳукумати мамлакат, пуштибонии мардуми Тоҷикистон ва дар асоси ин меъёри конститутсионӣ дар як давраи нисбатан кӯтоҳи таърихӣ сохти конститутсионӣ барқарор гардид ва дар кишвар сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, амният ва тартиботи ҳуқуқиву ҷамъиятӣ таъмин карда шуд.
Фазои орому осоиштаи кишвар, дар навбати худ, барои рушди бонизому устувори иқтисодиву иҷтимоӣ дар мамлакат шароит фароҳам овард.
Чунин шароит ба он мусоидат намуд, ки дар кишвар ҳазорҳо корхонаи хурду миёна ва бузурги саноатӣ сохта, ба истифода дода шуд, барои ҳамватанонамон садҳо ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё гардид ва сатҳи зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон зина ба зина рӯ ба беҳбудӣ ниҳод.
Дар Конститутсия дарҷ гардидани принсипҳои демократӣ ба мо имкон дод, ки худро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мардуми дорои таърих ва забону фарҳанги бостонӣ ва соҳиби анъанаҳои деринаи давлатдорӣ муаррифӣ намоем.
Тағйиру иловаҳое, ки бо дарназардошти таҳаввулоту дигаргуниҳои ҳаёти ҷомеа бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститусия ворид гардиданд, сохтор, мазмуну муҳтаво ва меъёрҳои ин санади муҳимро такмил дода, барои боз ҳам тавсеа бахшидан ба равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, таҳкими асосҳои конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, такмили низоми қонунгузории кишвар ва ба санадҳои аз ҷониби умум пазируфташуда мутобиқ гардонидани меъёрҳои конститусионӣ мусоидат намуданд.
Зимнан, бояд гуфт, ки Тоҷикистон дар байни дигар кишварҳои пасошӯравӣ яке аз аввалинҳо шуда, Конститутсияи худро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд.
Яъне Конститутсияи мо бо раъйи худи мардуми Тоҷикистон қабул карда шуд.
Хотиррасон месозам, ки яке аз сабабҳои асосии сар задани рӯйдодҳои фоҷиабори солҳои навадуми асри гузашта дар Тоҷикистони мо дағалона поймол гардидани талаботи Конститутсия ва қонунҳои он давра буд.
Аз ин рӯ, Тоҷикистон ба масъалаи риояи дақиқи меъёру муқаррароти Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда аҳаммияти ҷиддӣ медиҳад.
Бинобар ин, мо бояд ба Конститутсия ҳамчун санади муқаддас ва барномаи асосии фаъолияти давлат ва зиндагии ҷомеа муносибат намоем.
Омӯхтан, донистан, эҳтиром гузоштан ва риоя намудани Конститутсия – ин санади сарнавиштсоз вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар – аз хурд то бузург мебошад.
Зеро Конститутсия пояҳои давлати моро устувор нигоҳ медорад ва роҳи моро ба сӯи ҷомеаи пешрафта, давлати тараққикарда ва зиндагии ободу озод ҳамвор месозад.
Хусусан, дар шароити пуртазоди ҷаҳонишавӣ ва вусъат гирифтани таҳдиду хатарҳои муосир, ки метавонанд истиқлоли миллӣ ва амнияти давлату ҷомеаи моро халалдор созанд, мо бояд ба эҳтироми Конститутсия ва риояи ҳатмии меъёрҳои он ҳамчун таъминкунандаи асосҳои низоми сиёсиву ҳуқуқии кишвар аҳаммияти аввалиндараҷа диҳем.
Имсол мардуми Тоҷикистон ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – сисолагии истиқлоли давлатии худро бо вусъати бесобиқаи корҳои ободониву созандагӣ, дастовардҳои бузург ва муҳимтар аз ҳама, дар шароити сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ таҷлил карданд.
Мо дар даврони истиқлол, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд, бо такя ба Конститутсияи худ давлате бунёд намудем, ки дар он сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ пойдор буда, мардум ба имрӯзу ояндаи худ дилпурона назар мекунанд ва дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ ба сар мебаранд.
Бовар дорам, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар оянда низ саъю кӯшиш мекунанд, ки бо заҳмати содиқонаву аҳлона дар ободиву пешрафти Ватани азизамон, тараққиёти давлат ва боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии ҳар як оила саҳми арзишманд гузоранд.
Вазифаи ҷониву имонии ҳар яки мост, ки дастовардҳои бузурги милливу давлатиро таҳкиму тақвият бахшем ва ояндаи дурахшони Ватанамонро бо кору фаъолияти содиқонаву софдилона, яъне бо дастони худамон созем, ба арзишу меъёрҳои Конститутсия арҷ гузорем ва дар асоси он барои расидан ба ҳадафҳои созандаамон кӯшиш намоем.
Бори дигар ҳамаи шумо, ҳамватанони гиромиро ба ифтихори Рӯзи Конститутсия табрику шодбош гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо бахту саодат, осоишу оромӣ ва ба Тоҷикистони биҳиштосоямон пешравиҳои боз ҳам бештар орзу менамоям.
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол муборак бошад, ҳамватанони азиз!
Манбаъ: Сомонаи Президенти ҶТ