«Пайрав» дар ду саҳифа аз шумораи навбатии худ аз Китобхонаи миллӣ нақл кардааст

 

Шумораи нави нашрияи «Пайрав» -и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чоп баромад. Саҳифаи аввали нашрия доир ба озмуни стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷўёни муассисасаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар соли хониши 2023-2024 иттилло медиҳад.

«Сурате дар мошин», «Марди дузд», «Гурбачаи чашмгурусна» аз мақолаҳои дигари ин нашрияи кўдакон ва наврасон мебошад, ки хонандаҳояшро бо хабарҳои наву ҷолиб ошно месозад. Мақолаи «Шуъбаи кўдакон ва наврасон» доир ба шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ маълумоти муфид додааст. Муаллифи ин мақола навиштааст, ки шуъбаи мазкур дорои яке аз толорҳои серхонандатарини китобхонаи миллӣ мебошад. Муаллиф бо чанде аз хонандагони ин шуъба ҳамсуҳбат шудааст. “Кормандони шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ бо хонандагони наврас муносибати самимӣ доранд ва онҳо рисолати касбии хешро дар сатҳи кофӣ анҷом медиҳанд”, – омадааст дар мақолаи нашрияи «Пайрав».

«Пайрав» дар ин шумораи худ  ду саҳифаи пурраашро ба Китобхонаи миллӣ бахшидааст. Аз ҷумла, дар мақолае, ки доир ба толори «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», ин толорро ба хонанда шинос кардааст.

Нашрия ҳамзамон шеъри Зебонисо Давлатова, мутахассиси шуъбаи абонементи байникитобхонавӣ ва таҳвили ҳуҷҷатҳоро бо номи «Китобхонаи миллӣ» ба табъ расондааст, ки ба Рўзи китоб-4-уми сентябр бахшида шудааст. Он шеър ин аст:

Китобхонаи миллӣ

Китобдорӣ давлат аст,

Китобхонӣ сарват аст.

Китобхона муқаддас,

Сарчашмаи ҳикмат аст .

Китобхонаи  миллӣ,

Бар мо Ҷаноби олӣ,

Бо меҳр карда тақдим,

Чун ваҳдати якдилӣ.

Бо ҳар забон китобҳо

Ин ҷо бошад муҳайё.

Биё бикун андеша,

Бихон китоб ҳамеша.

Саҳифаи 5-и шумораи 15-уми августи соли 2023-ро шеърҳои хонандагони мактабҳои ноҳияи гуногуни кишвар зебу шукуҳ бахшидааст.

Лозим ба таъкид аст, ки нашрияи кўдакону наврасон «Пайрав»  аз моҳи январи соли 2023 чоп мешавад ва ҳар шумораи он 33959 нусха нашр меградад.

Раҳима АЪЗАМ, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.