Пайроҳаи умр: Аз муаллими донишгоҳ то вазифаи Раиси Суди Конститутсионӣ

Академик Маҳкам Маҳмудзода аз зумраи олимонест, ки як умр дар соҳаи ҳуқуқ фаъолият бурда, шогирдони зиёдеро ба камол расондааст. Мавсуф аз муаллими донишгоҳ то вазифаи Раиси Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон расидааст. Фаъолияти илмӣ-омўзгорӣ ва ҷамъиятии академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Маҳкам Маҳмудзода намунаи ибрати шогирдон ва ҷавонони илмҷӯ мебошад.
Олимону донишмандони ҳақиқӣ назди ҷаҳониён азизу мукаррам будаанду хоҳанд монд ва дар ҳама давраҳои таърихӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеа мақому мартабаи ишон боло буду ҳаст.
Аз таҷриба ва мушоҳидаҳои бузургон медонем, ки инсонҳо илму дониш, касбу ҳунар, молу сарват, вазифаву мансаб, шуҳрату мартаба, ҷойгоҳу мақом ва амсоли инҳоро ба туфайли ҷаҳду талош, меҳнату кӯшишҳои зиёд ба даст меоранд. Хушбахтона, академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳкам Маҳмудзода аз зумраи шахсиятҳои баландиқболу саодатманд мебошанд, ки Офаридгор ҳама фазоили ёдшударо барояш арзонӣ доштааст.
Шогирдони муаллим ҳамеша дар симои ин марди нексиришт хоксорӣ, дилгармӣ қавииродагӣ нисбат ба иҷрои ниятҳои созанда ва масъулиятшиносиро мушоҳида намуда, дарси ибрат мегиранд.

Маҳкам Маҳмудзода аз зумраи шахсиятҳои бузурги илму фарҳанги диёри тоҷикон аст, ки беш аз 40 соли умри хешро сарфи таҳқиқу таълим карда, мутахассисони баландпояи соҳаи ҳуқуқ, алалхусус ҳуқуқшиносони касбӣ ва шогирдони бешумореро барои ҷомеа тарбият намудааст. Заҳматҳои муаллим дар ҷодаи эҷоди асарҳои илмию оммавӣ дар соҳаҳои мухталифи илми ҳуқуқ ва тарбияи шогирдон, аз ҷумла, барои ба камол расондани ҳуқуқшиносони варзида беназир аст. Дастпарварони устод дар тамоми соҳаҳои мақомоти давлатию ҷамъиятии кишвар ва берун аз он фаъолияти пурсамар дошта, ҳар яки онон номи мубораку шарифи устоди хешро боифтихор ба забон мегиранд.
Устод Маҳкам Маҳмудзода зиёда аз 470 асари илмӣ, илмӣ-оммавӣ, воситаҳои илмӣ-таълимӣ, дастурамалҳо, аз ҷумла, зиёда аз 60 китоб таълиф намудааст, ки он то имрӯз мавриди истифода мебошанд Ӯ муаллифи зиёда аз 6 китоби дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва олӣ мебошад.
Самти фаъолияти мавсуф бисёрҷабҳа буда, дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла, қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ хеле намоёну назаррас аст. Ҳамчун ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ дар таҳкими қонунияти конститутсионӣ ва ташаккули низоми қонунгузории кишвар саҳми арзанда гузоштаанд.
Осори ӯ бо дақиқии таҳлил, вусъати доираи пажӯҳиш, пайванди устувори назария ва амалия тафовут дорад. Маҳмудзода М. бори нахуст дар таҷрибаи макотиби олӣ китоби дарсии «Ҳуқуқи оилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба забони тоҷикӣ ба табъ расонд. Баъдан соли 1998 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардид. Инчунин устод ташаббускори таъсис ва аввалин сармуҳаррири маҷаллаҳои «Давлат ва ҳуқуқ» (ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ), «Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ) ва рўзномаи «Ҳуқуқшинос» мебошанд.
Бо ташаббуси муаллим бори нахуст дар байни дигар мақомоти судии мамлакат соли 2009 сомонаи идоравии Суди конститутсионӣ созмон ёфт ва дилхоҳ хоҳишманд аз он то ба имрӯз истифода мебаранд. Инчунин бо ибтикори ӯ дар Суди конститутсионӣ осорхонаи идоравӣ ба фаъолият шурӯъ намуда, дар он туҳфаҳои хотиравии мақомоти ҳамшабеҳи давлатҳои хориҷӣ гирд оварда шудаанд. Саҳми ӯ дар татбиқи сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистон арзанда аст.
Ҳуқуқшиноси варзида Маҳкам Маҳмудзода барои дастовардҳои илмӣ, дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва қобилияти баланди ташкилотчигӣ бо нишони Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, унвони Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ордени Исмоили Сомонӣ, дараҷаи II, ордени «Иттиҳод», медали ҷашнии 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гардидааст.
Шоёни зикр аст, ки аз моҳи декабри соли 2016-ум дар «Толори академикон ва докторони илм»-и Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» гӯшаи академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Маҳкам Маҳмудзода аз ҳисоби китобхонаи шахсии ӯ ташкил карда шудааст, ва он то ба имрӯз фаъолият дорад.
Сар аз соли 2016 ҷиҳати ғанӣ гардондани китобхонаи шахсии академик М. Маҳмудзода ба гӯшаи мазкур чанд маротиба (майи соли 2017, феврали соли 2019, январи соли 2021 ва июли соли 2026) китобҳои тозанашри устод ворид шуданд. Алҳол дар ин гӯша қариб 2000 адад адабиёт маҳфуз аст, ки аз он хонандагони Китобхонаи миллии Тоҷикистон, донишҷӯён, устодон ва алоқамандон, истифода мебаранд.
Манижа Шерхонова,
сардори шуъбаи рисолаҳои илмӣ