Пайваста ба тақдири халқу ватани хеш умраш

  Бисту нуҳ сол муқаддам Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд, ки ҳадафи асосии он ба низом даровардани авзои мураккаби сиёсӣ, беҳтар намудани вазъи иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва барқарор кардани сохти конститутсионӣ буд. Ин иҷлосия дар сарнавишти миллати мо нақши муҳим ва муассир бозидааст, ки аҳаммияти он дар таҳкими сулҳу суботи кишвар дар айёми соҳибистиқлолӣ беназир дониста мешавад.

Аз ин хотир, метавон ин иҷлосияро ҳамчун зерпояи асосии бинои сулҳ дар Тоҷикистон ном ниҳод.

Дар иҷлосия роҳбарияти нави сиёсии кишвар таҳти сарварии Пешвои муаззами кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардид, ки минбаъд барномаи мукаммали аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ,  фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро таҳия намуданд ва ба миён гузоштанд. Ин иқдоми бузург заминаи эҳёи миллиро фароҳам овард, хатари парокандагии давлати тоҷикону миллати тоҷикро аз байн бурд.

Дар Қасри «Арбоб», қасре, ки бунёдгузораш шахси некхоҳу некбин, пири деҳқонони тоҷик Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев буд, ба вазифаи Раиси Шӯрои  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон дар тақдири халқамон фоли нек гардид.

Аз соли 2016 инҷониб тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” 16-уми ноябр ҳамчун “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Сабаби ба ин рӯз рост омадани чунин ҷашни муборак дар он аст, ки маҳз дар ҳамин рӯзи таърихӣ, яъне 16-уми ноябри соли 1994 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу ватан савганд ёд карданд. Дар ҳамин сол дар аввалин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мардум қабул гашта, шакли идораи кишварро ба шакли ҷумҳурии президентӣ табдил дод.

Ин аст, ки “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷашни ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва ҷашни ҳар як сокини озоду осудаи Тоҷикистони азиз аст.

Интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ниҳоди давлатӣ рӯҳ ва маънои бузург бахшида, мақоми президентиро ба як ниҳоди наҷотдиҳандаи давлат, институти илмӣ ва сарҷамъии миллат табдил дод.

Маҳз ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гашт, ки тамоми таҷрибаи таърихию байналмилалӣ ва зарфияти ҳуқуқию сиёсии ниҳоди президентиро истифода намуда, ин тарзи давлатдориро ба модели наҷоти миллии мо табдил диҳад.

Дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ, ки Ватани мо пеш аз ҳама, ба сулҳу субот ва ваҳдату сарҷамъӣ ниёз дошт, низоми идоракунии президентӣ маҳз бо мақсади пурзӯр намудани ҳокимияти иҷроия, баланд бардоштани самаранокии он, қабули фаврии қарорҳои идорӣ, такмили механизми иҷрои қонунҳо, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ҷорӣ карда шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар даврони Истиқлол на танҳо равобити судманде бо ҷаҳони хориҷ барқарор созад, балки бо пайдо намудани равиши хоси дипломатияи худ, ки бар ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ҳамчун як кишвари фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масоили глобалӣ шинохта шавад.

Бояд хотирнишон сохт, ки барқарории равобити хориҷӣ ва шиносонидани Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил яке аз муҳимтарин ва дар айни ҳол мушкилтарин бахшҳои давлатсозӣ дар солҳои аввали Истиқлолият буд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 29 сентябри соли  1993 нахустин бор аз минбари Созмони Милали Муттаҳид сухан ронда, ҷомеаи ҷаҳониро бо ҳадафҳои сиёсии сулҳҷӯёна ва таҳкиму тақвияти ҳамкориҳо бо ҳама кишварҳои дӯсту сулҳпарвари ҷаҳон ошно намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътироф кардани асноди робитаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Ҳелсинки, Баёнияи Париж ва дигар санадҳо зербинои сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро бунёд намуда, эълон кард, ки инсон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онро, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, мазҳабӣ, нажодӣ ва ҷинсӣ арзиши олӣ мешуморад.

Мусаллам аст, ки обрӯ ва нуфузи имрӯзаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ самараи талошҳои пайгирона ва хастагинопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Президенти мо ҳанӯз дар рӯзҳои душвор ва печидаи кишвар, дар ташаккули сиёсати хориҷии Тоҷикистон, роҳандозии тамосу равобити дӯстона бо кишварҳои гуногун, созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявии ҷаҳонӣ ва муаррифии кишвару миллат дар ақсои олам нақши созанда ва беназир доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон узви созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ буда, аз минбари онҳо ташаббусу ибтикорҳои созандаи Президенти кишвар ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷаҳону минтақа, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккилонаи фаромиллӣ, масъалаҳои экологӣ ва амсоли он ба самъи ҷаҳониён расонида мешавад.

Махсусан, силсилаи ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат дар робита ба ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон, бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти мавзӯъ, боиси ба таври хос муаррифӣ шудани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардид. Бояд зикр намуд, ки ташаббусҳо дар соҳаи об, пеш аз ҳама ба таҳкими ҳамкориҳо ва танзими муносибатҳо дар ин соҳаи ҳаётан муҳим нигаронида шуда, мавзӯи обро аз чаҳорчӯбаи фаҳмиши классикӣ ва куҳнашудаи он раҳо мекунанд ва назари навро дар истифодаи захираҳои обии минтақа талқин менамоянд, ҳадафи истифодаи таҷрибаи пешрафтаи якдигар ва ҷаҳонро дар ҳалли масъалаҳои баҳсноку низоъангез, аз ҷумла, идоракунии захираҳои оби дарёҳои сарҳадгузар пайгирӣ мекунанд.

Гузашта аз ин, саъю талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат барои барқарории сулҳу субот ва сарҷамъии миллӣ басо нодир ва арзишманд арзёбӣ мегарданд. Имрӯзҳо таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар бобати ҳалли мусолиматомези низоъ ҳам аз лиҳози назариявӣ ва ҳам аз нигоҳи амалӣ ба сарвати илми сиёсатшиносии ҷаҳонӣ мубаддал шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ғайр аз ин ки роҳи моро барои пешрафти минбаъдаамон равшан кард, аҳамияти байналмилалӣ низ дорад ва метавонад ҷиҳати ҳалли мушкилоти кишварҳои гуногун мавриди истифода қарор гирад.

Пешниҳод ва татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар кишвар, ояндабинии боъэтимод баҳри инкишофи иқтисодиву иҷтимоӣ, пешбурди муносибатҳои дипломатии эътимоднок бо кишварҳои шарик, ташаббускорӣ дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, устувор гардонидани давлатдории дунявӣ дар асоси принсипҳои демократӣ ва дигар ташаббусҳои муҳими Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тоҷиконро ҳамчун миллати тамаддунофар дар ҷаҳон муаррифӣ карда, минбаъд низ ҷойгоҳи шоистаи Тоҷикистонро дар ҷаҳони муосир таъмин менамояд.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва муносибатҳои пуртазодди сиёсӣ ҳамон миллате манфиатҳои худро ҳимоя карда метавонад, ки ҳамдилу  ҳамақида  бошад ва баҳри амалигардонии идеяи ягонаи миллӣ қадам ниҳад. Зеро раванди ташаккули низоми ҷаҳони имрӯза ба марҳилаи наве расидааст, ки хусусияти барҷастаи он – рақобат ва танишҳои ду майлони асосӣ: ҷаҳони якқутбӣ ва ҷаҳони бисёрқутбӣ ҳарчи бештар ошкортар ва шадидтар мегарданд. Ҳоло Афғонистон, Ироқ, Сурия, Яман ва Африқои Шимолӣ барои бозигарони асосии саҳнаи сиёсии ҷаҳон на танҳо майдони мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир, балки майдони талошҳо барои роҳ ёфтан ба минтақа, зери назорат даровардани манбаъҳои энергетикӣ, касби нуфузи бештар ва мавқеъҳои муносибтари геополитикию геостратегӣ шудаанд.

Дар чунин дунёи пурталотум сиёсати хориҷии мустақил ва озод, ки тавассути Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ мешавад, ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар айни замон бо чанд маркази муҳимми қудрат ва бозигарони асосии ҷаҳон ва минтақа муносибати ботавозун ва баробар дошта бошад.

Соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе нишасти сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ва густариши муносибатҳои дуҷонибаи босубот ва дарозмуддат бо ин кишварҳо мавқеъ ва моҳияти хос дорад.

Бузургдошти “Рӯзи Президенти Тоҷикистон” ба маънои дарки аҳаммияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории миллии мо ва қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад.

Мо ин рӯзро ҳамчун арзиши ҳокимияти олӣ, дар баробари Рӯзи Парчами миллӣ, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Истиқлоли давлатӣ ва кулли санаҳои масъуд қайд мекунем.

Бе муболиға, ошкоро иброз медорем, ки дар таърихи давлати соҳибистиқлоламон мафҳуми “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо шахсият ва хизматҳои бузурги муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамсадо гашта, пайванди ногусастанӣ дорад.

Тақдири Президенти Тоҷикистон як умр ба тақдири халқу Ватани хеш пайваста буду ҳаст.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

Мадина Ҳамидова

Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ